СЕҲРИ СУХАН
✏📚
Дар даврони кӯдакиамон, ки он замон дар кӯҳистон ТВ набуду танҳо мавҷи радио танинандоз буд, мо асосан ҳар шаб пеш аз хоб аз радио афсона гӯш мекардем ва ин одати муқаррарии мо буд. Барномаи дилангезе буд бо номи “Хоби ширин”, ки қиссапардозонаш бо афсонаҳояшон дунёи кӯдакии моро чу афсона зебову рангин мекарданд ва аксаран мо ба қиссаҳои сещрофарини онҳо бовар мекардем. Масалан, мо дар кӯдакӣ тахайюл доштем, ки ҳама олам чу афсона асту дохили радио одамчаҳое ҳастанду бо гуфтору консертҳо моро хурсанд мекунанд.
Ба ҷуз ин аз бобову бибиҳо низ қиссаву афсонаҳои ҷолиб мешунидем. Онҳо асосан ба мо қиссаҳои сеҳрноку ваҳмангез нақл менамуданд, ки қаҳрамонҳояшон деву албастӣ, париву ҷин буданд. Ин гуна қиссаҳоро чунон бо ҳангомаи махсус нақл менамуданд, ки баъзан ба дили кӯчаки мо ваҳму тарс пайдо мешуд. Ва баъзан дар фароварди афсонаҳояшон таъкид мекарданд, ки ба фалонӣ дев ё парӣ ҳамроҳ шудааст, аз ин сабаб ӯ девонаву хаёлӣ аст. Ё моро ҳушдор медоданд, ки аз ба фалон мазор ё фалон манзил наравед, ки он ҷо лашкаргузар аст, яъне аз он ҷойҳо лашкари деву ҷинҳо мегузаранд. Аз ин ҷост, ки мо аз чанд маҳалли диёрамон бим доштем ва кӯшиш менамудем, ки он ҷо камтар гардиш намоем.
Ҳамин тавр дар олами қиссаву афсонаҳо ба камол расидему баъдар фаҳмидем, ки ин ҳама беш аз афсона нест. Ва аммо мутаассифона на ҳама инро дарк кардем. Як қисмати мардум ба “ҳақиқат”-и ин қиссаҳо то ҳол бовар доранд ва ин боварашонро ба фарзандонашон ба мерос мегузоранд.
Қисса кӯтоҳ, ба наздикӣ бо Доктор Муллозуҳур Тоҳирӣ дар як маъракае менишастем, марде бо исми Идибой, ки тақрибан ҳамсинни Доктор буд, ба он хона ворид гашту бо Тоҳирӣ хеле самимӣ вохӯрӣ намуда, нишаст ва пораеро аз саргузашташ аз беморие, ки сабабгораш ҳамин қиссаву афсонаҳои ваҳмангези аз бобову бибиҳо шунидааш шуда буданд, чунин ёдовар шуд:
- Боре ба Тагоб (номи мавзее дар кӯҳ) рафтам. Он ҷо мазоре ҳаст, ки ба нақли кӯҳансолон “беназар нест”. Мардум дар бораи ин мазор ҳар гуна ривоятҳо доранд ва бар он муттақиданд, ки ин ҷо макони ҷину париҳост. Вақти баргаштан аллакай шом шуда буду маро лозим меомад, ки роҳро аз назди ҳамин мазор убур намоям. Ба мазор наздик нашуда, афсонаҳои шунидаам дар боби макони деву ҷинҳо будани ин манзил ба хотирам омад ва вуҷудамро тарсу ҳарос пахш намуд. Шом торафт ториктар мешуд ва маро ҷуз аз ин манзил гузаштан дигар чора набуд. То деҳа тақрибан нимсоата роҳ монда буд. Тасмим гирифтам, ки боқимонда роҳи деҳаро бояд давида тай намоям. Давида аз назди мазор гузаштам, вале гӯё касе мегуфт, ки ба ақибам нигоҳ кунам. Тарсону ларзон, “Таваккал ба Худо”, - гӯён ба ақибам назар кардам. Худоё, ин чӣ бало!? Кош, ҳеҷ гоҳ ба пасам нигоҳ намекардам... ба пасам нигоҳ кардаму дидам, ки ду марди азимҷӯссаи ришдароз дар ду дастонашон ду корд аз паси ман таҳдидкунон медавиданд. Ман бошам, бо тамоми қувватам медавидам то аз онҳо халос шавам, вале роҳи боқимонда хеле тӯлониву дур менамуд ва ҳеҷ не, ки ба манзил расам. Ниҳоят ба хона расидаму бехуд шудам. Вақте маро ба худ оварданд, боз он ду ришдарозро беруни тирезаи хона дидам, ки бо кордҳои дастонашон ба ман таҳдид доштаанд ва ман боз аз тарс бехуду бехаёл шудам. Баъдҳо аз аҳли оилаамон шунидам, ки ман 17 шабонарӯз бехуду “бе кому забон” будаам. Он замон ман аллакай баркамол будам. Падару модарам барои табобати ман аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода кардаанд, ҳатто муллоҳои деҳаро ҷамъ намуда борҳо дуохонӣ намудаанд, вале ҳама талошҳояшон баҳри беҳбуди ман бенатиҷа будааст.
Аз қазо буд ё ба бахти ман дӯстам Муллозуҳур Тоҳирӣ, ки он вақт духтури ҷавон ва аллакай чун табиби ҳозиқ машҳур гардида буд, ба деҳа ба дидорбинии волидайнаш меояд ва аз ҳодиса хабардор гашта ба кӯмаки ман мешитобад. Чун мебинад, ки ман аз гуфтор мондааму ҳолати ҳаросу ваҳм дорам, маро чанд маротиба зери гипноз гирифта, ба гап задан водор менамояд. Ниҳоят баъди 17 шабонарӯз бо исрори Муллозуҳур зери таъсири табобат бо усули гипноз ман аввалин бор чанд калима сухан гуфтам ва минбаъд оҳиста – оҳиста тарсу ҳаросам пош хӯрду сиҳатиам рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Он ду марди ришдароз дигар намудор нашуданд.