Давомаш:
Дар кишварамон ба тифлону кӯдакон пӯшонидани «памперс» таърихи тӯлонӣ надорад. Инчунин, муҳаққиқони мо зарари онро ба ҷисму ҷони кӯдак ба таври бояду шояд наомӯхтаанд. Аммо дар кишварҳои мутараққии ҷаҳон солҳост, ки падару модаронро аз зарари зиёди «памперс» огоҳ мекунанд.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ пас аз омӯхтану тадқиқотҳо муайян кардааст, ки солҳои охир наврасон аз бемории простатит ранҷу азоб мекашанд. Баъдтар дар онҳо ғадудомос (аденома) инкишоф меёбад.
Муҳаққиқон таъкид мекунанд, ки агар байзадон (тухмдон)-и бача дар як рӯз дар давоми 1 соат 1 дараҷа гарм шавад, дар оянда ӯ бенасл, безурриёт хоҳад шуд. Ин муболиға нест. Мушоҳидаи солҳои охир собит месозад, ки бисёр оилаҳои ҷавон наметавонанд соҳиби фарзанд шаванд. Агар кӯдак тамоми шабонарӯз памперс пӯшад, ин шабоҳат ба компресси гармидиҳандаро дорад. Гарм шудани байзадон садди роҳи ҳосилшавии гормони таносули мардӣ — тестостерон мегардад.
Дар чунин мардон нутфа (сперматозоид, ҳуҷайраи наслдиҳанда) камтар ҷамъ мегардад. Бар замми ин, онҳо ниҳоят камҳаракату суст мебошанд. Оқибати ногувори ин аломатҳо безурриётӣ аст.
Ҳеҷ кас дар хотир надорад ва гумон ҳам намекунад, ки вақте аввалин «памперс»-ҳо пайдо шуданд, дар болои бастаи онҳо чунин навишта шуда буд: «Танҳо дар мавриди сафар, ба меҳмонӣ рафтан ва сайругашт пӯшонед!!!» Оре, ҳамин тавр дар охири ҷумла се аломати хитоб гузошта шуда буд.
Аммо кайҳост, ки он фаромӯши хотирҳо шудааст. Илова бар ин, «модарони дилсӯз» аз болои «памперс» боз калкоткӣ ва шимҳои гарм мепӯшонанд, яъне бо дасти худ фарзандро «бепушт» мекунанд.
Ба кӯдаконе, ки аз аллергияи диатезӣ азоб мекашанд, умуман «памперс» пӯшонидан мумкин нест.
«Памперс»-ҳое, ки вақтҳои охир реклама мекунанд ва ба такрору таъкид мегӯянд, ки онҳо гӯё ҳаворо бамаротиб (супер-дишание) нағз мегузаронанд, баръакс, умуман намегузаронанд. Чаро? Онҳо аз се қабат иборатанд, қабати охир пардаи полимерист, ки ягон сӯрохие надорад. Аз ин рӯ, ҳар чӣ зудтар аз он даст бояд кашид.
Маълум аст, ки имрӯз аксари модарон ҳам ба писарони дилбанди худ «памперс» мепӯшонанд, шояд шоду масрур ҳам бошанд, ки чунин чиз пайдо шудааст. Шояд, вале ҳоло вақт аст, ки ояндаи фарзанди хешро андеша намоянд. Дар гузашта модару модаркалонҳои мо тавонистанд, ки бе «памперс» фарзанд ба камол расонанд, чаро мо наметавонем?! Албатта, каме ташвиш бештар, аммо хушбахтии фарзанд, саломатии ӯ аз ҳама чиз болотару волотар аст.
Ёдрас кардани чанд нуктаи дигарро муҳим медонем. Равоншиносон таъкид мекунанд: кӯдаконе, ки «памперс» мепӯшанд, то 5‑солагӣ ва ҳатто баъд аз он ҳам вақту лаҳзаи ба ҳоҷатхона рафтанро гум мекунанд. Гузашта аз ин, агар кӯдак тамоми шабонарӯз «памперс» пӯшида бошад, падару модарон дер ё зуд, чӣ қадар пешоб кардани ӯро намедонанд, ҳол он ки ин барои фаҳмидани кори гурдаҳо бисёр муҳим аст.
Ниҳоят, чунончи дар ибтидо ишора шуд, ташвиқ мекунанд, ки бо «памперс» кӯдак орому осуда, бароҳат, хушу тоза хоб меравад, аммо ин ба ҳақиқат мувофиқат намекунад. Бо «памперс» танаи кӯдак метафсад, арақ мекунад ва хушк ҳам нест, зери «памперс» замбӯруғ (грибок) озодона инкишоф меёбад, ки дар пайи худ боз оқибатҳои дигар дорад.
Таҳияи М.АБДУҚАҲҲОРОВ.
Манбаъ: 👉 https://ovozi.uz/61206/
http://t.me/KANZI_SHIFO