Forward from: БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗЕМ!
худ ва барои Ватан судманд шудан дар ҷойи аввал меистад. Ӯ таъкид мекунад: «Фаромӯш набояд кард, ки Ватанро танҳо кадрҳои баландихтисосу соҳибмаърифат ва забондону дорои касбу ихтисоси ба талаботи замона ҷавобгӯй обод карда метавонанд» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. – С. 189).
Пешвои миллат ба дараҷаи баланд донистани забони давлатиро аз беҳтарин сифатҳои ҳар як шаҳрванд мешуморад. Онро бо масъулияти ватандӯстӣ, маҳорати корбарӣ, сифатномаи воқеии хизматчӣ ва соҳибкори муваффақ тавъам медонад. Роҳбари давлат бо такя ба далелҳои илмӣ таъкид месозад: «Ҳар касе, ки забони модарии худро хуб медонад, барои ӯ омӯхтани забонҳои хориҷӣ осон мегардад. Дигар ин ки ҷорӣ кардани дастовардҳои илму техника ва технологияи муосир, яъне пешрафти минбаъдаи мамлакат, ба роҳ мондани робитаҳои гуногунсоҳа бо давлатҳои тараққикарда, яъне пайвастан ба ҷаҳони мутамаддин бе донистани забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, русӣ ва англисӣ ғайриимкон аст» (Ҳамон ҷо. – С. 194-195).
Таҷрибаи таърихии миллатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки онҳо бо тамоми имконоти расмӣ ва ғайрирасмӣ, қонунӣ ва ғайриқонунӣ ба дастовардҳои судманди дигар халқҳо дар кулли самтҳо – иқтисодӣ, сиёсӣ, гуманитарӣ ва ғайра ворид мешаванд. Онҳоро меомӯзанд. Чизи фоиданокро зери ҳар ном худӣ эълон карда, истифода мебаранд. Дар ин бора Волтер (Франсуа Мари Аруэ, 1694-1778, файласуф ва нависандаи франсавӣ) менависад: «Муҳаббати ман ба Ватан ба ман монеа намешавад, ки аз дастовардҳо, муваффақиятҳои хориҷиҳо чашм пӯшам. Баръакс, чи қадаре ки ман Ватанамро дӯст дорам, ҳамон қадар кӯшиш мекунам, ки мамлакати худро аз ҷавоҳироте пур кунам, ки аз қаъри заминҳои кишварҳои дигар метавонам ба даст орам» (Энциклопедия мысли. – Киев: Советская энциклопедия, 1980. − С. 180). Дар ҷойи дигар ӯ таъкид мекунад, ки донистани забонҳои хориҷӣ маънои доштани калидҳои бисёр барои як қулф аст. Албатта, нависандаи машҳур калидҳои пайдо кардани манфиатро дар назар дорад.
Таҳлили маҳдуди муқоисавии дар боло овардашуда, тафсири намунаи мухтасари усули дар муддати кӯтоҳ аз худ кардани забонҳои хориҷӣ – махсусан англисӣ ва бо ҳамин метод олмонӣ ва франсавӣ аст. Тавре ки Пешвои миллат таъкид месозад, роҳи аслии донистани забонҳои хориҷӣ дар хуб донистани забони модарӣ мебошад.
ХУЛОСА
Масъалаҳои забоншиносии тоҷик дар таълимоти Пешвои миллат мавқеи калидӣ доранд. Ӯ таърихи забонро бо таърихи миллат тавъам медонад. Бо далелҳо исбот менамояд, ки чӣ тавр ҳаёти мардум дар ҳаёти забон таҷассум меёбад. Таъкид месозад, ки забони модарии мо аз ду ҷиҳат омӯхта шавад: аз лиҳози таърихиву муқоисавӣ ва фалсафӣ – дар муносибат бо тафаккур.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи забонро ҳамчун воситаи муошират вазифаи функсионалӣ ва ҳамчун ифодакунандаи тафаккури миллӣ − моҳияти он мешуморад.
Забон ҳам аз лиҳози вазифавӣ ва ҳам аз лиҳози моҳиятӣ – ҳамчун далели рушди тафаккур аз ниёз ва мақсадҳои умумии инсонҳо сарчашма мегирад. Яъне диалектикаи субъективии забон дар вобастагӣ аз диалектикаи объективии забон қарор дорад. Маҳз қонунмандиҳои инкишофи табиат, ҷамъият ва тафаккур боиси рушди забон гардидаанд.
Такони асосии ҷараёни устувор гаштани фонди асосии луғавии забон ва таркиби луғавии он зиддиятҳои беохири дохилии се унсури зикргардида мебошанд. Ва қонунҳои ба ҳам муқобили фарогир, ки дар моҳият ва зуҳуроти воқеияти объективии олам вуҷуд доранд, омили муассир нисбат ба ҳодиса ва категорияҳои забонӣ ба шумор мераванд. Забони тоҷикӣ аз замони пайдоиш то ба имрӯз дар маркази ҳамин гуна зиддиятҳо буда, ҳамчун субъект ва объекти муборизаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва идеологӣ дар он ширкати фаъол доштааст. Маҳз чунин сифат имкон додааст, ки забони модарии мо аз дараҷаи одӣ то ба сатҳи олӣ инкишоф ёбад. Дар қаламрави васеи олам паҳн гардад. Дар давраҳои муайяни таърихӣ нақши забони муоширати байни миллатҳоро иҷро намояд. Ва имрӯз маҳз тавассути заҳматҳои бемисли Пешвои миллат аз минбари Созмони Милали Муттаҳид садо диҳад. На танҳо ниёзҳои миллиро қонеъ гардонад, балки дар муносиботи байналхалқӣ васеъ истифода шавад.
Пешвои м