БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗЕМ!


Channel's geo and language: Uzbekistan, Uzbek
Category: Linguistics


КАНАЛИ ИЛМӢ, ФАРҲАНГӢ БАРОИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ УМУМ.
МАВОДҲО ТАНҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ГУЗОШТА МЕШАВАД.
БА КАНАЛ ДӮСТОН ВА ФАРЗАНДОНИ ХУДРО ҲАМРОҲ КУНЕД ВА БА ДИГАРОН ҲАМ ИН КАНАЛРО ТАВСИЯ НАМОЕД, ҚАДРДОНҲОЯМ!
БО МО БОШЕД ВА ИЛМ ОМӮЗЕД!
ИЛМ НАҶОТИ МОСТ!

Related channels  |  Similar channels

Channel's geo and language
Uzbekistan, Uzbek
Category
Linguistics
Statistics
Posts filter








ДАРСИ ГРАММАТИКА:

Грамматика -аз забони юнонӣ (grammatikē) гирифта шуда, маънои илм дар бораи сохтор, қоида ва қонунҳои забон-ро дорад.

Маънои калимаҳои саҳвӣ ва наҳвӣ:
1. Саҳвӣ – шакли нисбии калимаи саҳв, ки маънои хато, ғалат ё иштибоҳ-ро дорад. Калимаи саҳвӣ ба чизе ишора мекунад, ки бо хато ё иштибоҳ вобаста аст.
2. Наҳвӣ – шакли нисбии калимаи наҳв, ки ба сохтор ва қоидаҳои грамматикии ҷумла марбут аст.


Қоидаи грамматикӣ:

САҲВ ВА НАҲВ:

Ҳар ду калима сифати нисбӣ ҳастанд, зеро онҳо бо пасванди -ӣ сохта шудаанд ва ба чизе ишора мекунанд:
Саҳвӣ → чизе, ки бо хато алоқаманд аст (масалан, "саҳви забонӣ" – хато дар нутқ).
Наҳвӣ → чизе, ки бо грамматика ва сохтори ҷумла алоқаманд аст (масалан, "қоидаҳои наҳвӣ" – қоидаҳои сохтани ҷумла).

Алиёр Чориёров
Мактаби 10 ноҳияи Деҳқонобод


#ДАВОМ_ДОРАД!














Video is unavailable for watching
Show in Telegram
          ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM


маҳфил.docx
35.4Kb
          ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM




         ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM


          ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM








Акнун сухане чанд роҷеъ ба ташдид дар баъзе калимаҳо баён карда мешавад. Дар ин маврид низ ғалаткориҳо ба назар мерасанд. Дар баъзе калимаҳое, ки аслан ташдид надоранд, ташдид мегузоранд ва баръакс калимаҳоеро, ки бояд бо ташдид навишта шаванд, беташдид менависанд. Маълум аст, ки дар калимаҳое чун «миннат», «ҳиммат», «диққат» ташдид мавҷуд аст. Аммо қаламкашони мо калимаҳои «зинат» ва «қимат»-ро ҳам бо ташдид менависанд, ки ғалат аст. Ба ин монанд калимаҳои «сода», «тило» ва «фавқулъода»-ро ба гунаи «содда», «тилло» ва «фавқулъодда» менависанд, ки дуруст нест. Баръакс калимаи «бача»-ро бояд «бачча» навишт, то саҳеҳ бошад. Мо дар забон калимаҳои мураккабе чун «пирмард», «пирзан», «барзгов», «шаҳрёр», «бахтёр» ва «Исфандёр» дорем. Мутаассифона, то имрӯз ба таркиби онҳо ҳарфе афзудаву ба шакли «пирамард», «пиразан», «барзагов», «шаҳриёр», «бахтиёр» ва «Исфандиёр» менависанду талаффуз мекунанд, ки иштибоҳе беш нест. Ин ғалат вақте маълум мешавад, ки калимаҳои мавриди назарро ба ҷузъҳо ҷудо кунем: пира(?)+мард, пира(?)+зан, барза(?)+гов, шаҳри(?)+ёр, бахти(?)+ёр, Исфанди(?)+ёр. Чун калимаҳои «пирзол» ва «ҳушёр»-ро бо ин калимаҳо муқояса намоем, ғалатнависиямонро дармеёбем. Калимаи «парвардгор»-ро ҳам метавон зикр кард, ки иштибоҳан «парвардигор» навишта мешавад. Бояд гуфт, ки чунин иштибоҳҳо имрӯз дар забону баёни мо фаровонанд.

Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд бо камоли ғамхорӣ нисбат ба забони худ амал кардаву барои пок нигоҳ доштани он бикӯшем ва андешаи худро огоҳона баён намоем, то мӯҷиби эроду нуктагирӣ нагардад, ки бузургон гуфтаанд:

Сухан бояд ба дониш дарҷ кардан,

Чу зар санҷида в-он гаҳ харҷ кардан.

Мубашшир Акбарзод


         ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM

20 last posts shown.