БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗЕМ!


Channel's geo and language: Uzbekistan, Uzbek
Category: Linguistics


КАНАЛИ ИЛМӢ, ФАРҲАНГӢ БАРОИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ УМУМ.
МАВОДҲО ТАНҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ГУЗОШТА МЕШАВАД.
БА КАНАЛ ДӮСТОН ВА ФАРЗАНДОНИ ХУДРО ҲАМРОҲ КУНЕД ВА БА ДИГАРОН ҲАМ ИН КАНАЛРО ТАВСИЯ НАМОЕД, ҚАДРДОНҲОЯМ!
БО МО БОШЕД ВА ИЛМ ОМӮЗЕД!
ИЛМ НАҶОТИ МОСТ!

Related channels  |  Similar channels

Channel's geo and language
Uzbekistan, Uzbek
Category
Linguistics
Statistics
Posts filter




         ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM


          ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM








Акнун сухане чанд роҷеъ ба ташдид дар баъзе калимаҳо баён карда мешавад. Дар ин маврид низ ғалаткориҳо ба назар мерасанд. Дар баъзе калимаҳое, ки аслан ташдид надоранд, ташдид мегузоранд ва баръакс калимаҳоеро, ки бояд бо ташдид навишта шаванд, беташдид менависанд. Маълум аст, ки дар калимаҳое чун «миннат», «ҳиммат», «диққат» ташдид мавҷуд аст. Аммо қаламкашони мо калимаҳои «зинат» ва «қимат»-ро ҳам бо ташдид менависанд, ки ғалат аст. Ба ин монанд калимаҳои «сода», «тило» ва «фавқулъода»-ро ба гунаи «содда», «тилло» ва «фавқулъодда» менависанд, ки дуруст нест. Баръакс калимаи «бача»-ро бояд «бачча» навишт, то саҳеҳ бошад. Мо дар забон калимаҳои мураккабе чун «пирмард», «пирзан», «барзгов», «шаҳрёр», «бахтёр» ва «Исфандёр» дорем. Мутаассифона, то имрӯз ба таркиби онҳо ҳарфе афзудаву ба шакли «пирамард», «пиразан», «барзагов», «шаҳриёр», «бахтиёр» ва «Исфандиёр» менависанду талаффуз мекунанд, ки иштибоҳе беш нест. Ин ғалат вақте маълум мешавад, ки калимаҳои мавриди назарро ба ҷузъҳо ҷудо кунем: пира(?)+мард, пира(?)+зан, барза(?)+гов, шаҳри(?)+ёр, бахти(?)+ёр, Исфанди(?)+ёр. Чун калимаҳои «пирзол» ва «ҳушёр»-ро бо ин калимаҳо муқояса намоем, ғалатнависиямонро дармеёбем. Калимаи «парвардгор»-ро ҳам метавон зикр кард, ки иштибоҳан «парвардигор» навишта мешавад. Бояд гуфт, ки чунин иштибоҳҳо имрӯз дар забону баёни мо фаровонанд.

Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд бо камоли ғамхорӣ нисбат ба забони худ амал кардаву барои пок нигоҳ доштани он бикӯшем ва андешаи худро огоҳона баён намоем, то мӯҷиби эроду нуктагирӣ нагардад, ки бузургон гуфтаанд:

Сухан бояд ба дониш дарҷ кардан,

Чу зар санҷида в-он гаҳ харҷ кардан.

Мубашшир Акбарзод


         ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM


Чизи дигар баъди калимаҳое ки бо –ӣ анҷом меёбанд, омадани бандакҳои -ам, -ат, -аш… мебошад: ҳастӣ+ам, гуфтанӣ+ат, пешравӣ+аш. Дар бисёр навиштаҳо ин калимаҳо дар шакли «ҳастиам», «гуфтаниат», пешравиаш» ба чашм мерасанд. Аммо, азбаски ин калимаҳо бо ҳарфи –ӣ анҷом меёбанд, ҳарфи баъди онҳо бояд ба шакли йа (я) навиштаву талаффуз шавад, яъне «ҳастиям», «гуфтаният», «пешравияш», то дуруст гардад. Муттаасифона, ин қоида низ на ҳамеша дар навишти имрӯзии мо риоя мешавад.

Нуктаи дигар марбут ба калимаҳое чун «эҳтиёҷ», «эҳтиром», «эълон», «эҳсон» ва «мӯътабар»-у «мӯҳтарам»-у, «тӯъма»-ву «шӯъла» ва калимаҳои қолаби фоъили арабӣ чун «ҷомеъ», «сомеъ», «носеҳ», «возеҳ» мебошад. Бояд гуфт, ки дар хатти форсӣ ин калимаҳо ба гунаи «иҳтиёҷ», «иҳтиром», «иълон», «иҳсон», «муътабар», «муҳтарам», «туъма», «шуъла», «ҷомиъ», «толиъ», «сомиъ», «носиҳ» ва «возиҳ» навишта мешаванд, ки дуруст аст. Мутаассифона, дар хатти имрӯзии мо калимаҳои мавриди назар ба шакли ғалат, ки дар ибтидо ёд кардем, навишта мешаванд. Ба ин гурӯҳ калимаҳои тоҷикии «Суҳроб», «Луҳросб», «нуҳ», «муҳр», «муҳра»-ро низ метавон афзуд, ки ба гунаи ғалати «Сӯҳроб», «Лӯҳросб», «нӯҳ», «мӯҳр» ва «мӯҳра» навишта мешаванд. Мутаассифона, то ҳол донишмандон дар ислоҳи ин ғалат кори арзишманде накардаанд. Боре наандешидаем, ки ин ғалатнависиҳо хонандаро ба ғалатхонӣ мебарад ва ӯ «нӯҳ»ро ҳамвазни «кӯҳ», «Сӯҳроб»-ро ҳамвазни «кӯҳзод», «ҷомеъа»-ро ҳамвазни «овеза» талаффуз мекунад, ки ғалат аст. Аз ин ҷост, ки баъзан шоъирони мо ба сабаби пайравӣ аз ин тарзи навишти калимаҳо ба ғалаткорӣ роҳ медиҳанд ва вазни шеърашон хароб мегардад. Бино бар ин вақт аст, ки калимаҳои мазбур бо «у» ва «и» навишта шаванд, то аз ғалатнависиҳо дур бошем, яъне «иҳтиёҷ», «иҳтиром», «иълон», «иҳсон», «туъма», «шуъла», «толиъ», «ҷомиъ», «сомиъ», «носиҳ», «возиҳ»…

Солҳои ахир дар корбурди ҳарфи «ъ» ҳам бесарусомонӣ ба назар мерасад. Ҳар шахс дар куҷое ки раво донист, онро ҷой дод. Ин гуногунрангӣ дар «Имлои забони тоҷикӣ» низ ба чашм мехурад, яъне қоидаи ягонае дар мавриди истифодаи ин ҳарф надорем. Аз ин ҷост, ки навиштаҳо «рангоранг»-анд. Андешаи ин ҷониб ин аст, ки барои ислоҳи ғалатҳо бояд ҳарфи «ъ»-ро дар ҳама мавридҳо зикр кард, то шакли оғозини калима нигоҳ дошта шавад. Аммо ин ҳарфҳо аз калимаҳое, ки дар навишти форсӣ бо аломати ҳамза ва алифи мамдуда меоянд («ҷуръат», «ҳайъат», «Қуръон», «таъсир», «таърих», «алъон», «миръот»…)

бояд бардошт ва ба ҷояш аломате гузошт, ки аз «ъ» фарқ дошта бошад. Вале талаффузи «ъ» дар калимаҳо иҷборӣ нест, чун ин овоз дар забони мо вуҷуд надорад, яъне дар хатти имрӯзии мо хусусиятеро хоҳад дошт, ки вови маъдула дар хатти форсӣ, ки мактуб асту малфуз нест. Дар он ҳолат метавонем ғалатнависиҳоро ҳам дар назм ва ҳам дар наср ислоҳ намоем.

Нуктаи дигар марбут ба и-и дароз аст, ки дар байни баъзе калимаҳо меояд. Азбаски он дар навишти имрӯзии мо ҳамшакли изофат ба қалам дода мешавад, дар дуруст хондани калимаҳои мавриди назар мушкил эҷод мекунад ва хонандаро ба ғалат мебарад. Бигирем калимаҳои «бӣно» ва «бино» «Мино» ва «мӣно»-ро, ки дар яке овози «и» кӯтоҳ асту дар дигаре дароз. Пас, барои дуруст навиштану хондани ин калимаҳо бояд дар байни калима ҳам и-и дарозро ба шакли «ӣ» ва ҳам «и»-и кӯтоҳро ба шакли «и» бинависем, яъне: «бино»-ву «бӣно» ва «Мино»-ву «мӣно». Танҳо бо ин роҳ метавонем тарзи дурусти навишту талаффузи ин калимаҳоро барқарор созем.


Равиши номатлубе, ки дар матбуоти мо имрӯз ривоҷ дорад, истифодаи огоҳонаву ноогоҳона аз калимаҳо ва ҷамъбандиҳои арабист. Ҳар рӯз аз радио калимаҳои «самъ», «сомеъ» ва «истимоъ» батакрор ба гӯш мерасанд, ки ба истифодаи онҳо зарурат нест. Намедонам, калимаҳои тоҷикии «гӯш», «шунаванда» ва «шунидан» чӣ гуноҳ доштанд, ки кормандони радиё ҷои онҳоро ба осонӣ ба калимаҳои бегона додаанд. Ба ҷуз ин, калимаҳои зиёди арабӣ имрӯз дар забони мо на ба маънию вазифаи худашон истифода мешаванд, ба монанди «муштарӣ» (дар шабакаҳои телефонӣ), «шомил», «ташриф»… Масалан, мегӯянд: «Муштарии даъватшаванда машғул аст», «Ман ба ДДМТ шомил шудам», «Президент ба пойтахти Русия ташриф овард». Маълум аст, ки аз надонистани маънии калимаҳо дар ин се мисол ба ғалат роҳ додаанд, чаро ки «муштарӣ» – харидор асту «шомил» – фарогир ва «ташриф» – мушарраф сохтан. Кор ба ҷое расидааст, ки баъзе соҳибзабонон аз ноогоҳӣ калимаи «ташриф»-ро ҳатто нисбат ба худ истифода бурдаву мегӯянд: «Ман ба маҳфил ташриф овардам». Ҳамчунин калимаҳое бо ҷамъбандии шикаста, аз қабили «шуъаро», «удабо», «аснод», «аҳдоф» имрӯз корбурд доранд, дар ҳоле ки метавонем тамоми онҳоро бо анҷомаҳои тоҷикӣ ҷамъбандӣ намоем, яъне «шоъирон», «адибон», «ҳадафҳо», «санадҳо»… Ба фикри ин ҷониб аз имконоти забони бегона танҳо вақте бояд мадад ҷуст, ки забони худӣ он имконотро надошта бошад, вагарна ба сохтори забон садамаҳое ворид мегарданд, ки ислоҳашон бо душвориҳои зиёде муяссар мегардад.

Инак, сухане чанд роҷеъ ба имлои баъзе ҳарфҳо низ баён медорем.

Нахуст дар бораи изофат, ки баъд аз садонокҳо меояд. Маълум аст, ки то тасдиқ шудани имлои нави забони тоҷикӣ изофат дар ҳама ҳолатҳо танҳо бо ҳарфи «и» ифода мегардид. Баъд аз он ки барои ифодаи изофат «й» дар бари «и» қарор гирифт, ҳарҷу марҷе дар навишти ибораҳои изофӣ, ки муаяншавандаҳояшон бо садонок анҷом меёбанд, ба вуҷуд омад. Қаблан «чои кабуд», «бинои баланд», «хонаи нав», «доруи талх» менавиштанду имрӯз аксари ин ибораҳоро гӯё мутобиқи имлои нав дуруст кардаву ба шакли «чойи кабуд», «бинойи баланд», «хонайи нав», «доруйи талх» менависанд. Аммо бояд биандешем, ки оё дар ҳамаи ин ибораҳо истифодаи «й» дуруст аст ё не. Барои он ки иштибоҳ накунем, мо бояд ҳарфи охирини калимаи муаяншавандаро ба назар бигирем: «чой», «бино». «хона», «дору». Аз ин равшан мешавад, ки танҳо калимаи «чой»-ро, ки бо «й» тамом мешавад, метавонем дар ибораи изофӣ ба гунаи фавқуззикр ба қалам диҳем. Вале имрӯз баъзе қаламбадастон «хонайи мо», «дуъойи бад», «маъвойи дил», «лолайи кӯҳӣ»…. менависанд, ки ҳама ғалатанд, чун муайяншавандаҳо «хона», «дуъо», «маъво» ва «лола»-анд, на «хонай», «дуъой», «маъвой» ва «лолай». Яъне истифода аз «й» дар таркиби ибораи изофӣ танҳо дар калимаҳое, ки бо ин ҳарф анҷом меёбанд, ба мисли «ҷой», «пой», «рӯй»… дуруст аст.

Чизи дигаре ки дар талаффуз ва навишташон нобасомонӣ ба назар мерасад, пайвандакҳои «-ву» ва «-ю» мебошанд. Дар навишти форсӣ миёни «-ву» ва «-ю» тафовуте нест. Аммо дар расмулхатти имрӯзии мо онҳо мутафовитанд. Имрӯз ҳам дар навишт ва ҳам дар гуфтор ҳангоми паиҳам овардани калимаҳо ҳар кас мувофиқи завқи худ ё аз «-ву», ё аз «-ю» ва ё аз ҳар ду истифода мекунад, бе он ки мавқеъи корбурди онҳоро риоя намояд. Ба андешаи ин ҷониб пайвандакҳои «-ву» ва «-ю» ҷои корбурди муайяни худро доранд ва бояд он ҳам дар навишт ва ҳам дар гуфтор риоя шавад. Масалан, дар байни «хона+дар», «доно+нодон», «дору+дармон» бояд «-ву» ва дар «Лайлӣ+Маҷнун», «дӯстӣ+бародарӣ», «некӣ+бадӣ», «саре+савдое» ва монанди инҳо аз «-ю» истифода кард, яъне «хонаву дар», «донову нодон», «доруву дармон», ва «Лайлию Маҷнун», «дӯстию бародарӣ», «некию бадӣ», «сарею савдое»… Бадин манзур калимаҳоеро, ки бо ҳарфҳои «-ӣ» ва «е» тамом мешаванд, танҳо бо «-ю» ва мобақиро бо «-ву» метавон ба калимаи баъдӣ пайваст. Аз ин дидгоҳ хилофи ин қоида навиштану талаффуз кардани калимаҳои мавриди назар ба шакли «хонаю дар», «доною нодон», «дорую дармон» ва «Лайливу Маҷнун», «дӯстиву бародарӣ», «некиву бадӣ», «сареву савдое» ғалат менамояд.


Дар бораи паҳлӯҳои гуногуни забон, имло ва нигориш дар матбуъот пайваста андешаҳои арзишманди донандагони хуби забон ба табъ мерасанд, ки ҳама сазовори дастгирию арҷгузориянд. Дар ин раванд мақолаҳои донишмандони зиёдеро метавон ёдовар шуд, ки ҳама олимонаву огоҳона нигошта шудаанд. Муаллифон ба эҳсоси масъулият камбуду норасоиҳои забониро бо далелҳои мушаххас ошкор кардаву ҷиҳати пешгирию ислоҳи онҳо пешниҳодҳои илмие арза доштаанд, ки корест судманд. Агарчи дар навиштаҳои ин донишмандон нуктаҳои қобили баҳс низ ҷой доранд, дар маҷмӯъ метавон онҳоро хидмати бузурге дар роҳи поксозии забон донист. Умед буд, ки ин навиштаҳо ба ҳама қаламбадастон муассир хоҳад омад. Аммо сад афсӯс!

Мутаассифона, имрӯз забони адабии мо дар вазъияти ногуворе қарор дорад. Ҳар кас, ки қалам ба даст гирифт, мувофиқи дараҷаи дониши худ каламотеро чанд бо номи ҷумла ба қалам медиҳад ва аз он дараҷаи донишу саводи ӯро метавон дарёфт. Дар ин фишурда мо низ андешаҳои худро перомуни чанд нукта баён менамоем, ки шояд қобили баҳс ҳам бошад.

Нахуст дар бораи ибораҳои «забони адабии тоҷик» ва «адабиёти тоҷик». Камина бар ин ақидаам, ки чунин тарзи баён дуруст нест ва шояд ин аз тарҷумаи нодурусти ибораҳои мавриди назар аз забони русӣ сарчашма гирифта бошад. Далел ин аст, ки чунин тарзи баён матлабро чандон саҳеҳ ба хонандаву шунаванда намерасонад, чаро ки дар ибораҳои мазкур маълум нест, ки манзур аз калимаи «тоҷик» миллати тоҷик аст ё шахси мансуб ба миллати тоҷик. Ибораи «забони тоҷикӣ» худ далели нодурустии «забони адабии тоҷик» аст. Пас, шакли дурусти навишти ибораҳои мазкур бояд «забони адабии тоҷикӣ» ва «адабиёти тоҷикӣ» бошад.

Дар осори адибон ва матбуот ҷумлаҳое ба назар мерасанд, ки ҷузъиёти ғайритоҷикӣ доранд. Масалан: «Ман як умр ӯро мададгорӣ кардам, ӯ бошад, ба қадри некиям нарасид». Матлаб сари ин аст, ки «ман бошам…»-у «ту бошӣ»ю «ӯ бошад»-ҳо дар забони мо собиқаи дерина надоранд ва ғайритоҷикӣ буданашон бармалост. Ба ҷои ин «будан»-ҳо метавон ҳамеша аз пайвандакҳои хилофӣ истифода бурд, то баён равшану тоҷикӣ гардад: «…аммо ӯ ба қадри некиям нарасид». Хандаовар аст, вақте ки наттоқи телевизион ё радиё мегӯяд: «Вақти мо поён меёбад, ман бошам, бо шумо худоҳофизӣ мекунам». Агар ба мантиқи баён таваҷҷуҳ намоем, ба хулоса мерасем, ки агар ӯ нест, пас касе нест, ки бо мо худоҳофизӣ кунад. Эҳтимолан ин тарзи ифода аз забони узбакӣ ба забони мо ворид шуда бошад ва вақт аст, ки аз баҳри он бигзарем, то фасоҳати баён барқарор гардад.

Ҳамчунин қолабҳои бегонае чун «дида баромадан», «санҷида дидан», «фаҳмонда додан», «тарсида мондан», «хандида фиристодан» дар осори баъзе нависандагон ва гуфтору навишти соҳибони забон ба назар мерасанд, ки ба қоидаҳои забони мо созгор нестанд. Агар мо ба маънии луғавӣ ва вазифаи ҷузъҳои ин таркибҳо амиқан таваҷҷуҳ намоем, нодуруст ва бегона будани онҳоро дармеёбем ва ба ин ақида эътироф мекунем, ки ҷузъи дувуми ин таркибҳо зиёд асту ба забонамон бегона.

Дар навиштаҳои мансури аҳли қалам калимаҳое чун «дидагӣ (медидагӣ)», «гуфтагӣ (мегуфтагӣ», «рафтагӣ (мерафтагӣ»), «донистагӣ (медонистагӣ), ки дар забоншиносӣ бо номи «сифати феълӣ» ёд мешаванд, фаровон ба чашм мехӯранд. Аммо бояд иқрор кард, ки чунин тарзи ифода хосси забони адабӣ нест. Аз ин рӯ, дар осори

адабӣ истифода бурдани онҳо нодуруст аст, чаро ки боиси костани ҳусни баён мегардад.

Иштибоҳи дигар дар ҷамъбандии исмҳо ба назар мерасад. Ба таври мисол «садҳо хонандагон», «чандин китобҳо», «бист нафар донишҷӯён» менависанду талаффуз мекунанд, ҳол он ки «сад»-у «чандин»-у «бист» худ ифодагари ҷамъанд ва ба дубора ҷамъ бастани онҳо ниёзе нест, балки фасоҳати суханро халалдор месозанд. Дар ин маврид донишмандони зиёде таъкид кардаанд, вале кор ҳамон аст, ки буд. Чунин ҷамъбандӣ хосси забони мо нест, агарчи дар баъзе забонҳои дунё ба мушоҳида мерасад. Бино бар ин, бояд аз он парҳез намоем.


СУХАН БОЯД БА ДОНИШ ДАРҶ КАРДАН...


Шоми торики мо саҳар шуд.Слайдҳо.pptx
4.9Mb
Коркарди дарс ва мавод оиди мавзӯи "Шоми торики мо саҳар шуд" адабиёт синфи 9

Манбаъ: Саҳифаи
©TJMETODIST

        ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM


Forward from: БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗЕМ!
Абӯалӣ-Сино.@pandhoi_buzurgon.doc
75.0Kb
📝 Абӯалӣ ибни Сино.

      ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

https://t.me/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM


Forward from: БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗЕМ!
Ибн Сино.pdf
2.9Mb
📗 Ибн Сино.

      ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

https://t.me/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM


Forward from: БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗЕМ!
А.Сино.ppt
3.4Mb
📝 Абӯалӣ Ибни Сино.

      ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

https://t.me/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM


Forward from: БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗЕМ!
аррасии мураккабтарин зуҳуроти таърихӣ ва олами муосир, ҳаёти рӯзмарраи ҷомеа, хулосаҳои ниҳоят муҳим, бомулоҳиза ва усули суханварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кулли соҳаҳои давлатдорӣ нишонгари дарки воқеият ва тавони барҷастаи истифодаи имконоти забони модарӣ аст.

Чунин сатҳи донистани забони модарӣ бо тамоми ҷузъиёт ва назокати семантикӣ, семасиологӣ, орфоэпӣ, фонетикӣ, морфологӣ, синтаксисӣ на танҳо барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, устодони донишгоҳҳо, муаллимони мактабҳои миёна, кормандони васоити ахбори умум, балки барои тамоми нафароне, ки умуман бо мардум, махсусан бо ҷавонон сару кор доранд, шахсоне, ки забони адабии ҳозираи тоҷикро аз худ карданианд, намунаи омӯзиш, мактаби суханварӣ – дарси мантиқии давлатдорӣ аст.

Ворид кардани таълимоти Пешвои миллат дар соҳаи забоншиносии тоҷик, таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои таърих ва фалсафа, ғояҳои марказии адабиёти бадеӣ, мантиқи китобҳои дарсӣ – маънои ворид кардани низоми арзишҳои миллӣ, маънавиёти хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ ба хотири тарбияи одам дар рӯҳияи тоҷикият, ватанпарастӣ, ҳимояи сохти давлатдорӣ ва амнияти миллӣ мебошад.

Ба назари мо, чунин азм дар асоси принсипҳои фарҳангиву таърихӣ ва фалсафӣ, инчунин, муносибати муназзаму мураттаб метавонад амалӣ гардад.

«Хосияти гениалии инсон аст, ки меҳнати пурмашаққат ва тафаккури нерумандро ба самти муайян сафарбар намояд» (И. Нютон). Чунин тафсирро метавон ҳамчун намунаи ҳидояткунандаи сифатҳои олии ватанпарастонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуд, ба ин равшангари орзуву ормонҳои ҳазорсолаи халқи тоҷик дар кору пайкор содиқона пайравӣ кард ва аз насл ба насл чун рӯҳи шикастнопазири миллӣ пайғом расонид.

С. ЯТИМОВ,
доктори илмҳои сиёсӣ,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бознашр аз Рӯзномаи “Ҷумҳурият” №194-195 (24 050) аз 05.10.2020с.

          ┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄

https://t.me/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM


Forward from: БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗЕМ!
и сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла иборат аз он аст, ки дар баробари таъсис додани давлати миллӣ, барқарор кардан ва таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёти мамлакат, ба инкишофи илм, маориф ва фарҳанг низ асос гузошт.

Яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсат, ки Сарвари мамлакат дар ҷараёни сохтмони давлати миллӣ ба он таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуд, суръат бахшидани илми тоҷикшиносӣ тавассути забоншиносии тоҷик мебошад.

Барои Тоҷикистон ва мардуми тоҷик чунин муносибат тақозои замон аст. Воқеияти ҷамъиятӣ – фоҷиаҳои миллӣ: ҳазор соли бедавлатӣ, рух додани ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта таҳти раҳнамоии аҷнабиён, бо истифодаи хоинони миллат хавфи ҳақиқии бебозгашт аз даст рафтани давлат ва парокандагии миллат, зарурати муроҷиат ба таърихи халқ ба хотири бедор кардани ҳисси хештаншиносӣ, худшиносӣ ва нангу номуси миллиро дар замони муосир ба миён овард.

Ҳадафи бузурги эъмори давлати миллӣ тарҳрезӣ кардани роҳу усулҳои ба вуҷуд овардани шуур ва ҷаҳонбинии мувофиқ ба чунин сохтро тақозо дорад. Зеро ташаккули маънавиёти мардумӣ дар шароити соҳибдавлатӣ кори шахсӣ ё гурӯҳӣ нест. Аз муҳимтарин ва масъулиятноктарин вазифаи давлат ба ҳисоб меравад (Аристотел).

Таърихи навтарини Тоҷикистон мантиқи бузургеро исбот кард, ки «Шуури инсон на танҳо ҷаҳони воқеиро таҷассум мекунад, балки онро бунёд месозад». Ва «ҷаҳон талаботи Инсонро қонеъ карда наметавонад, Инсон тасмим мегирад, ки бо амали худ онро дигар кунад». Ин суханон оинаи равшани инъикоскунандаи фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Мантиқи волои сухан, тавоноии оростани муошират бо тамоми гурӯҳҳои мардум – заҳматкашон, олимон, зиёиён, солмандон, ҷавонон, мактабиён, яъне табақаҳои гуногуни ҷомеа намунаи олии дарки масъулияти давлатдори навини тоҷикон гардид.

Муколамаи Пешвои миллат дар самти муносиботи байналмилалӣ, расидан ба моҳияти масъалаҳои мавриди муҳокимаи тарафайн, бо навъи аҳсант ҳимоя намудан ва пеш бурдани манфиатҳои миллӣ − мактаби бузурги дипломатияи тоҷик мебошад. Ин ҳама афзалиятҳо ба қавли Абулқосими Фирдавсӣ аз сифатҳои бузурги «доно ва ба гуфтан далеру тавоно будан»-и Сарвари давлат шаҳодат медиҳанд.

Баҳраварии дараҷаи аъло аз захираҳои бойи луғавии забони модарӣ, сабки ороиши сухан бо дарназардошти фазо ва муҳити сухангӯӣ аз муҳимтарин омилҳои нишонрас будани мусоҳибаҳои Пешвои миллат аст. Ҳамчунон, бо мантиқи муъҷаз, муассир ва фасеҳ, бо ҷобаҷогузории намунавии задаҳои ҳиҷоӣ ва мантиқӣ, ки аз донистани нозукии тобишҳои семантикӣ ва семасиологии лексикаи забони модарӣ шаҳодат медиҳад, таваҷҷуҳи мардум ба суханрониҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беихтиёр ҷалб мегардад.

Пешвои миллат аз камтарин роҳбарони озмудашудаи сиёсии олам аст, ки дар доираи матни гузориш ва гуфтугӯи озод, бо такя ба далелу рақам ва мисолҳои баҳснопазир, бо қудрати маънавӣ ва фарҳанги волои суханварӣ сомеонро тасхир мекунад. Ва моҳияти давлатдории хешро ба дилу дидаи омма мерасонад. Иқрор бояд гашт, ки ин кори чандон саҳл нест. Аристотел дар тасдиқи чунин дидгоҳ таъкид месозад: «Ба хотири он ки санъати сухан гуфтан дар алоқамандӣ бо муътақид кунонидан аст, худи муътақид кунонидан далелнокии нутқ мебошад. Мо вақте муътақид мешавем, ки бо далелҳои овардашуда розӣ бошем. Ҳақиқат ва адолат аз ҳама гуна муқобилистиҳо пурқуваттар аст» (Аристотель. Риторика. Поэтика. − М.: Лабиринт, 2000. – С. 7).

Забон ва тарзи баёни муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ҳайси мактаби бузурги фарҳанги муколамаи сиёсӣ, бояд дар доираи мавзӯи махсуси таҳқиқоти илмӣ ҳамчун ҷузъи санъат ва оини давлатдории миллии тоҷикон омӯхта ва ба наслҳо пешкаш гардад. Чунки чунин таҷрибаи муваффақи истифодаи забони модарӣ дар сатҳи олии давлатдорӣ, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро ифода карда бошад, ба ғайр аз сухани волои Исмоили Сомонӣ: «То вақте ки зиндаам, қалъаи Бухоро ман ҳастам» (Б. Ғафуров. Тоҷикон: Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. – Душанбе: Дониш, 2008. − С. 340) дигар намунаеро надорем.

Услуби таҳқиқоти илмӣ, таҳлилу б


Forward from: БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗЕМ!
иллат забони модариро бо беҳтарин сифатҳо тавсиф мекунад. Барҳақ, онро баробар бо номҳои муқаддаси Модар, Ватан, Миллат медонад. Бо далелҳои таърихӣ исбот месозад, забони тоҷикӣ буд, ки аз забони гурӯҳӣ қавмӣ, аз қавмӣ нажодӣ, аз нажодӣ забони халқ ва аз забони халқ забони миллатро ба вуҷуд овард ва билохира омили аслии истиқлоли миллӣ гардид.

Роҳбари давлат таъкид мекунад, забони модарӣ ягона нишонаест, ки маҳз тавассути он мансубияти инсон ба миллат муайян карда мешавад. Ва то ба имрӯз илм бештар аз ин, далели муътамади мансубияти шахсро ба фардияти инсонӣ, падару модар, сарзамини аҷдодӣ, таърихи пайдоиш, ташаккул ва рушди миллӣ, урфу одати шоистаи дар тӯли ҳазорсолаҳо шинохташуда надорад.

Ба тарзи илмӣ муносибат кардан ба забон эътироф намудани он ҳамчун воқеияти ҳастӣ мебошад. Яъне, бори дигар сухан дар бораи моҳияти аслии забон, ҳамчунон вазифаи функсионалии он − воситаи муносибат, муоширати байни одамон барои қонеъ кардани ниёзҳои одии рӯзмарра меравад.

Мантиқи таълимоти Пешвои миллат иборат аз он аст, ки тоҷикшиносӣ – забоншиносии тоҷик аст. Зеро дар доираи забони модарӣ умумияти дар таҷрибаи таърихӣ исботшудаи ҳақиқати воқеӣ – ҳамхунӣ, ҳамқавмӣ, ҳамватанӣ, якмаромӣ – ҳамчун нишонаи масъулияти бузурги маънавӣ аз қаъри асрҳо то ба имрӯз таҷассум меёбад. Ба тарзи дигар, забони модарӣ ҳам далели биологӣ ва ҳам нишонаи ҷамъиятии миллат, аз нуқтаи назари антропологӣ ҳамчун шахсияти алоҳида аст. Моҳияти чунин назария масъалаи ахлоқ ва маънавиёти миллӣ – расидан ба хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, забони модарӣ дар маҷмӯи дастовардҳои таърихиву ҷамъиятӣ арзишмандтарин шакли шуур – идеологияи муттаҳидкунандаи миллат аст. Он таҷассумгари манфиатҳои миллӣ ва омили асосии истиқлолияти давлатӣ мебошад. Дарк намудан, эътироф кардани забони модарӣ аз лиҳози моҳият ва асолат мансуб донистани решаҳои гносеологии он ҳадди ақал ба таърихи панҷҳазорсолаи миллат – тасдиқи он ҳамчун зуҳуроти материалӣ ва зуҳуроти дунявият аст. Чунки ба ҳазорҳо саволи воқеӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ бо далелҳо ҷавоб мегӯяд. Ин хосиятро фақат падидаҳои илмӣ дошта метавонанд, на тасаввуроти метафизикӣ. Аз ҳамин ҷиҳат, забони модарӣ ба ҳар як соҳибзабон бояд ба сифати иммунитети маънавӣ дар муқобили ҳама гуна тамоюлоти бегонапарастӣ хизмат кунад.

Бузургтарин абармардоне, ки дар тӯли таърих ба миллати хеш содиқ будаанд, бо вуҷуди мушкилиҳо ва таҳдидҳои ҷонӣ, эҳсоси ватанпарастӣ, маорифпарварӣ, равшанфикрӣ, хурофотситезии худро тавассути забони модарӣ ифода намудаанд. Пешвои миллат бо овардани мисолҳо ҳар кадоми ононро арҷгузорӣ мекунад. Мантиқан эҷодиёт ва рафтори мутафаккирон, адибон, зиёиёни даврони гузаштаро бо давраҳои мушкили ҳаёти миллати тоҷик дар солҳои навадуми асри гузашта дар муқоиса мегузорад. Орзуманди он аст, ки рӯҳи шикастнопазири на кам аз панҷҳазорсолаи илм, фарҳанг ва маърифати тоҷик дар замони муосир ҷавобгӯи якрӯи манфиатҳои миллӣ − барои сохтани давлати миллӣ гардад. Вазифаи муҳимми зиёиёни миллӣ аст, ки номутаносибии дар байни забони неруманди миллӣ ва шуури миллӣ вуҷуддоштаро барҳам зананд.

Муҳтарам Эмомали Раҳмон дар назди забоншиносон ва таърихшиносон вобаста ба забони модарӣ вазифаҳои мушаххас мегузорад. Аз лиҳози илмӣ посух доданро ба саволҳое, ки дар қисмати таркибии илми забоншиносӣ – фонетика, морфология, синтаксис, услубшиносӣ, лексикология, семасиология бармеоянд, вазифаҳои рӯзмарраи онҳо мешуморад.

Барои мисол, фақат лексикаи забон нишон медиҳад, ки забони тоҷикӣ аз гурӯҳи забонҳои эронӣ ва оилаи васеи ҳиндуаврупоӣ кай, дар кадом шароити таърихӣ ва чӣ тавр тавонистааст ба забонҳои англосаксонӣ ва германӣ таъсири фарогир дошта бошад ва баръакс.

Дар таълимоти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назарияи илман асоснок дар бораи қонунҳои пайдоиш, рушд ва инкишофи забони тоҷикӣ, моҳияти забон ҳамчун воситаи муносиботи ҷамъиятӣ, ифодакунандаи фарҳанг, маданият, маънавиёт ва таърихи миллат, нақши забон дар истиқлоли давлатӣ, роҳу усулҳо ва воситаҳои ҳифз кардан, инкишоф додан, ба забони воқеан умумиллӣ ва посухгӯ ба кулли ниёзҳои умумихалқӣ мубаддал кардани он нишон дода шудаанд.

ОХИРСУХАН

Хизмати таърихии Асосгузор


Forward from: БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗЕМ!
худ ва барои Ватан судманд шудан дар ҷойи аввал меистад. Ӯ таъкид мекунад: «Фаромӯш набояд кард, ки Ватанро танҳо кадрҳои баландихтисосу соҳибмаърифат ва забондону дорои касбу ихтисоси ба талаботи замона ҷавобгӯй обод карда метавонанд» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. – С. 189).

Пешвои миллат ба дараҷаи баланд донистани забони давлатиро аз беҳтарин сифатҳои ҳар як шаҳрванд мешуморад. Онро бо масъулияти ватандӯстӣ, маҳорати корбарӣ, сифатномаи воқеии хизматчӣ ва соҳибкори муваффақ тавъам медонад. Роҳбари давлат бо такя ба далелҳои илмӣ таъкид месозад: «Ҳар касе, ки забони модарии худро хуб медонад, барои ӯ омӯхтани забонҳои хориҷӣ осон мегардад. Дигар ин ки ҷорӣ кардани дастовардҳои илму техника ва технологияи муосир, яъне пешрафти минбаъдаи мамлакат, ба роҳ мондани робитаҳои гуногунсоҳа бо давлатҳои тараққикарда, яъне пайвастан ба ҷаҳони мутамаддин бе донистани забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, русӣ ва англисӣ ғайриимкон аст» (Ҳамон ҷо. – С. 194-195).

Таҷрибаи таърихии миллатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки онҳо бо тамоми имконоти расмӣ ва ғайрирасмӣ, қонунӣ ва ғайриқонунӣ ба дастовардҳои судманди дигар халқҳо дар кулли самтҳо – иқтисодӣ, сиёсӣ, гуманитарӣ ва ғайра ворид мешаванд. Онҳоро меомӯзанд. Чизи фоиданокро зери ҳар ном худӣ эълон карда, истифода мебаранд. Дар ин бора Волтер (Франсуа Мари Аруэ, 1694-1778, файласуф ва нависандаи франсавӣ) менависад: «Муҳаббати ман ба Ватан ба ман монеа намешавад, ки аз дастовардҳо, муваффақиятҳои хориҷиҳо чашм пӯшам. Баръакс, чи қадаре ки ман Ватанамро дӯст дорам, ҳамон қадар кӯшиш мекунам, ки мамлакати худро аз ҷавоҳироте пур кунам, ки аз қаъри заминҳои кишварҳои дигар метавонам ба даст орам» (Энциклопедия мысли. – Киев: Советская энциклопедия, 1980. − С. 180). Дар ҷойи дигар ӯ таъкид мекунад, ки донистани забонҳои хориҷӣ маънои доштани калидҳои бисёр барои як қулф аст. Албатта, нависандаи машҳур калидҳои пайдо кардани манфиатро дар назар дорад.

Таҳлили маҳдуди муқоисавии дар боло овардашуда, тафсири намунаи мухтасари усули дар муддати кӯтоҳ аз худ кардани забонҳои хориҷӣ – махсусан англисӣ ва бо ҳамин метод олмонӣ ва франсавӣ аст. Тавре ки Пешвои миллат таъкид месозад, роҳи аслии донистани забонҳои хориҷӣ дар хуб донистани забони модарӣ мебошад.

ХУЛОСА

Масъалаҳои забоншиносии тоҷик дар таълимоти Пешвои миллат мавқеи калидӣ доранд. Ӯ таърихи забонро бо таърихи миллат тавъам медонад. Бо далелҳо исбот менамояд, ки чӣ тавр ҳаёти мардум дар ҳаёти забон таҷассум меёбад. Таъкид месозад, ки забони модарии мо аз ду ҷиҳат омӯхта шавад: аз лиҳози таърихиву муқоисавӣ ва фалсафӣ – дар муносибат бо тафаккур.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи забонро ҳамчун воситаи муошират вазифаи функсионалӣ ва ҳамчун ифодакунандаи тафаккури миллӣ − моҳияти он мешуморад.

Забон ҳам аз лиҳози вазифавӣ ва ҳам аз лиҳози моҳиятӣ – ҳамчун далели рушди тафаккур аз ниёз ва мақсадҳои умумии инсонҳо сарчашма мегирад. Яъне диалектикаи субъективии забон дар вобастагӣ аз диалектикаи объективии забон қарор дорад. Маҳз қонунмандиҳои инкишофи табиат, ҷамъият ва тафаккур боиси рушди забон гардидаанд.

Такони асосии ҷараёни устувор гаштани фонди асосии луғавии забон ва таркиби луғавии он зиддиятҳои беохири дохилии се унсури зикргардида мебошанд. Ва қонунҳои ба ҳам муқобили фарогир, ки дар моҳият ва зуҳуроти воқеияти объективии олам вуҷуд доранд, омили муассир нисбат ба ҳодиса ва категорияҳои забонӣ ба шумор мераванд. Забони тоҷикӣ аз замони пайдоиш то ба имрӯз дар маркази ҳамин гуна зиддиятҳо буда, ҳамчун субъект ва объекти муборизаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва идеологӣ дар он ширкати фаъол доштааст. Маҳз чунин сифат имкон додааст, ки забони модарии мо аз дараҷаи одӣ то ба сатҳи олӣ инкишоф ёбад. Дар қаламрави васеи олам паҳн гардад. Дар давраҳои муайяни таърихӣ нақши забони муоширати байни миллатҳоро иҷро намояд. Ва имрӯз маҳз тавассути заҳматҳои бемисли Пешвои миллат аз минбари Созмони Милали Муттаҳид садо диҳад. На танҳо ниёзҳои миллиро қонеъ гардонад, балки дар муносиботи байналхалқӣ васеъ истифода шавад.

Пешвои м


Forward from: БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗЕМ!
м дар забони тоҷикӣ ва ҳам дар забони англисӣ ба осонӣ шинохта мешаванд. Барои мисол: star [stɑː] – ситора; lip [lip] – лаб; bor, borrowing, burden [bɔː, ˈbɒrəʊɪŋ, burden] – бор, бурдан, чизеро дар худ доштан, баранда будан; typhoon [taɪˈfuːn] – тӯфон; top [tɒp] – асосӣ, чизе, ки дар мадди аввал, дар боло меистад, теппа; daughter [ˈdɔːtə] – духтар; door [dɔː] – дар; сow [kaʊ] – гов; сlé [kle] (франсузӣ) − key [kiː] (англисӣ) – калид; murder [ˈmɜːdə] – мурдан, куштор; rob [rɒb] – рабудан; eyebrow [ˈaɪbraʊ] − абрӯ; gulob [gulob] – гулоб; gulqand [gulqand] – гулқанд; candle [kændl] – қандил; two [tuː] – ду; rafting [ˈrɑːftɪŋ] – навъи варзиш, бо қаиқҳои махсус поин рафтан дар дарёҳои ниҳоят тезоби кӯҳӣ. Дар ин маврид решаи калимаи raft [rɑːft] дар забони тоҷикӣ ҳолатро ифода мекунад. Дар ин навъи варзиш, бо ихтиёри варзишгар ҳам истодан ҷойи имкон намемонад. Истифодаи суффикси – ing [ɪŋ], тавре пештар ҳам хотирнишон гардид, категорияи грамматикии созандаи феъли замони ҳозираи давомдори забони англисӣ мебошад: bad [bæd] – бад (A bad workman always blames his tools [ɑ bæd ˈwɜːkmən ˈɔːlw(e)ɪz bleɪmz hɪz tuːlz] – Коргари бад доим асбобашро гунаҳгор меҳисобад; name – ном; shift [ʃɪft] – шифт – сақф, болои хона: A good shift may serve long but no forever [ɑ gʊd ʃɪft meɪ sɜːv lɒŋ bʌt nəʊ fəˈrevə] – Шифти нағз метавонад дароз хизмат кунад, аммо на то абад; youth [jʊθ] – ёш, ҷавон; gap [gæp] – ҷойи холӣ, тиҳӣ, зуҳуроти камарзиш; гап – муродифи калимаи сухан аст. Ҳамзамон, бо тобиши маъноӣ зуҳуроте, фикреро, ки асоси воқеӣ надорад, бепоя аст, «гап» аст, мефаҳмонад; harm [hɑːm] – шарм (Out of home near harm [aʊt ɒv həʊm nɪə hɑːm] – Берун аз хона, наздик ба шармандагӣ (ба маънои дур аз хона боэҳтиёт будан); warm [wɔːm] – гарм (Cold hands – warm heart [kəʊld hændz — wɔːm hɑːt] – Дастони хунук – дили гарм); sail [seɪl] – сайл, тамошо: Being on sea, sail [ˈbiːɪŋ ɒn siː seɪl] – Дар баҳр бошӣ, сайл кун; thunder [Qʌndə] – тандӯр: Far from Jupiter, far from his thunder [fɑː frɒm ˈʤuːpɪtə, fɑː frɒm hɪz Qʌndə] – Касе, ки аз Зуҳал дур аст, аз тандӯр (тундар) дур аст; hang [hæŋ] – ҳангос зада гиристан, амали мансуб ба гулӯ: let every shееp hang by his own shank [let ˈevrɪ ʃɪp hæŋ baɪ hɪz əʊn ʃænk] – бигузор ҳар як гӯсфанд бо овози худаш садо барорад; new [njʊu]–нав, candy [kændi] – қанд; sugar [ʃuga] – шакар; bazaar [bəza:r] – бозор; pajamas [pi’ʤa:məz] – поҷома; jungle [ʤʌŋgl] – ҷангал; devil [devl] – дев; caravan [kærevæn] – корвонсарой; saffron [sæfrən] – заъфарон; kiosk [ki:ɑsk] – кӯшк; rug [rʌg] – раг; guard [gɑːd] – гвардия. Решаи аслии истилоҳ калимаи решагии қадимии тоҷикии гурд – паҳлавон, рӯинтан, нотарс, далер, шуҷоъ мебошад. Этимологияи калима – узви бадани инсон гурда аст. Яъне шахси гурдадор. Ин калима таърихи чандҳазорсола дорад. Тибқи қонунияти забонӣ давраҳои инкишоф, рушд ва табодули маъноиро аз сар гузаронида, тавассути арзишҳо ва маънавиёт, ҷаҳонбинӣ ва бархӯрди мардумӣ нисбат ба сифати ҷисмонии паҳлавонон ҳамчун истилоҳ қабул гашта, ба сермасрафтарин воҳиди маъноии ифодакунандаи сохторҳои низомӣ дар миқёси байналхалқӣ мубаддал гаштааст.

Бояд хотирнишон кард, ки «Топонимика сарчашмаи арзишманди ёрирасони таърихӣ мебошад» (В. И. Абаев. История языка и история народа – в сборнике. – М.: 1952. – С. 51). Дар алоқамандӣ бо калимаи guard [gɑːd] – гвардия номи деҳаи Кангурти (кони гурд, кони паҳлавонон) ноҳияи Темурмалик боиси таваҷҷуҳи этнографӣ, таърихӣ ва албатта, этимологӣ аст. Он далели боэътимоди мансубияти калимаи гвардия ба забони тоҷикӣ мебошад.

Мо лозим донистем, ки барои исботи ҳамреша ва ҳаммаъно будан ва хосияти пурраи этимологӣ доштани калимаҳои забони тоҷикӣ, ки ба андешаи мо ба забонҳои англисӣ ва русӣ гузаштаанд, фақат бо овардани баъзе мисолҳо қаноат кунем. Бо таъкиди асосгузорони материализми илмӣ «дарк кардан, донистан ҳаракати абадии наздикшавии тафаккур ба ҳадафи омӯзиш аст». Итминони комил дорем, ки вобаста ба мавзӯи баҳс омӯзиш, таҳқиқ ва баррасиҳои мақсаднок ҳамчун мавзӯъ ва ҳадафи илмӣ идома хоҳанд ёфт.

Дар таълимоти Пешвои миллат аз бар намудани илм, дониш, касбияти баланд ва бо ҳамин тариқ шахсияти барои

20 last posts shown.