Аз дардҳои оламӣ озод мебояд шудан,
Бо сад ғами ғамхонааш, дилшод мебояд шудан.
Андар азал ин хокдон бар кас вафое чун накард,
Доде ситонида зи вай обод мебояд шудан.
Гар кулфате ояд ба сар уммеди худро гум макун,
Бо ҳиммате аз зарраҳо бунёд мебояд шудан.
Дар осмони зиндагӣ сад абрҳои рӯсиё,
Бар рондани ин абрҳо чун бод мебояд шудан.
Дар ҳар машаққат бо ирода сӯйи мақсад пеш рав,
Андар талоши зиндагӣ Фарҳод мебояд шудан.
Аз дил ба дилҳо кун сафар, то ки дилат равшан шавад.
Мисли Саодат ҳар нафас дар ёд мебояд шудан.