┅─═ঊঈ ♥️ ঊঈ═─┅
Иди Қурбон омаду дил сӯи Раҳмон меравад!
Корвони некиҳо бар кӯи хубон меравад!
Бехабар магзар, зи ҳар нодору барҷомондае,
Оби чашми камбағал, рӯ сӯи ризвон меравад!
Ёри мо аз моли меҳри худ, намуд қурбони ёр,
Аз сироталмустақим, паррону осон меравад!
Дар тавофи хонаи дилҳо бирав баҳри савоб,
Дил ба даст овардае, бо нури имон меравад!
Синаро пок аз кудуратҳо намо, бахшанда бош,
Хубиҳо болои мижгонат, хиромон меравад!
Тавбаро ҷонони ман, ту мӯниси роҳат намо,
Покдомон аз ҷаҳон, чун ҳуру ғилмон меравад!
#Хоҷа_Пайдовар, биё сарро фидои дӯст кун!
Чашм бар ҳам мезанӣ, то
иди Қурбон меравад!
◍⃟❣ #Шараф_Пайдовар_Умарзода
••┈┈┈❥ 🪐 ❥┈┈┈
http://t.me/pandhoi_buzurgon