JAFAR KHOLMUMINOV


Kanal geosi va tili: O‘zbekiston, O‘zbekcha
Toifa: Kitoblar


Jafar Muhammad Termizi
Kholmuminov Jafar Muhammadiyevich
جعفر خالمؤمن اف ( جعفر محمد ترمذى)
Ҷаъфар Муҳаммад Тирмизӣ
Холмӯъминов Ҷаъфар Муҳаммадиевич
Жаъфар Муҳаммад Термизий
Холмӯминов Жаъфар Муҳаммадиевич

Связанные каналы  |  Похожие каналы

Kanal geosi va tili
O‘zbekiston, O‘zbekcha
Statistika
Postlar filtri


در شماراه هفتم "ليراو" فصلنامه ويژه ادبى ادبيات فارسى زبانان، يك غزل دوره جوانى اينجانب منتشر شده است. از برادر عزيزم عبادالله صالح شاعر بااسعداد ما، براى اينكه لطف كردند و شعر بنده را پيشنهاد نموده اند، اظهار قدردانى مى نمايم.






جعفر محمد ترمذى

شترمرغ ها

توده توده چه مست مى رقصند
اين شترمرغ هاى صحرايى
در پى دانه اند و آب و غذا،
بند در فتنه هاى دنيايى

در چرا گاه چون شتر در دشت،
گاه چون مرغ چوجه در جيغ و جاغ.
خوش خرامند، ليك بدمستند،
نى به سر فكر، نى به دل ها داغ

مى برد گاه حمله اى گرگى
بر شتر يا به مرغ همسايه.
بى شعورانه در پى قوتند
اين شترمرغ هاى بى مايه.

مى درد گرگ سينه ى مرغى،
از شترمرغ ها نه فرياد و ريو.
مى كند گردن شتر ببرى،
از شترمرغ ها نه بانگ و غريو.

ننگ و ناموس را كجا دانند،
جانورانى كه از پى نفع اند؟
مى كشد، مى درد به كنجى گرگ...
جانوران كى به فكر هم نوع اند؟!

دوست دارند رقص و رامش را
رقص مرگى ولى نمى بينند
بر سر شاخه اى حزين، لرزان
رقص برگى ولى نمى بينند.

اين شترمرغ هاى صحرايى
غير عيش و صفا چه مى دانند؟
در حريم خداى، رقاص اند
از حريم غزا چه مى دانند؟!

@Jafar_Muhammad_Termizi


Аз додари азиз ва шогирди бисёр хубам, журналист ва шоири санҷидагуфтор, сардабири нашрияи "Ховар" Олим Панҷизода, ки хеле заҳмат кашиданду ин китоб - гузинаи барои ман арзишмандро падид оварданд, изҳори қадрдонӣ менамоям. Ва ҳамчунин, ба ҳамаи азизон - дӯстону шогирдонам, ки дар ин амали нек бо гирдоваранда ҳамовозӣ карданду ҳиммат гумоштанд, то тазкираи "Чашмаи хуршед" ба ин зебоӣ мунташир шавад, самимона  ташаккур мегӯям.

10.11.2024.
@Jafar_Muhammad_Termizi


Устод Ҷаъфар Муҳаммад Тирмизӣ соли аввали донишҷӯӣ бо дӯстони  ҳамсабақашон

Дар назди бинои донишкадаи Филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон. Сентябри соли 1986.
------------------------
@Jafar_Muhammad_Termizi


ХУШХАБАР

Дирӯз бароям хушхабаре расид, ки дар интишороти Илм-Зиё-Нур" дар шаҳри Тошканд тазкираи рӯзгор ва намунаи осори дӯстон ва шогирдони устод Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ бо номи "ЧАШМАИ ХУРШЕД:
Мактаби адабии Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ" интишор гардид.
Тазкира дар шакли як китоби зебову рангину мунаққаш, ҳовии 270 саҳифа ва ба шумори 300 нусха чоп шудааст.

Гирдоварандаи мавод ва муаллифи муқаддима шоир ва рӯзноманигори шинохтаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Олим Панҷизода ҳастанд.

Муҳаррири масъул: Рамазон Абдуллоев, номзади илмҳои филология, дотсенти Донишгоҳи давлатии Тирмиз

Тақриздиҳанда: Комилҷон Раҳимов, доктори илмҳои таърих, корманди аршади Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии ба номи Абӯрайҳони Берунии Академияи илмҳои Ӯзбекистон

"Дар ин китоб шарҳи ҳоли мухтасар ва намунаи осори он адибони тоҷики Ӯзбекистон гирдоварӣ шудааст, ки бархе аз аз онҳо аз ҷумлаи шогирдон ва дастпарвардагони шоири зуллисонайн, олими файласуф ва тасаввуфшинос Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ (Ҷаъфар Холмӯъминов) ҳастанд ва бархе дигар аз ҷумлаи дӯстон, пайравон ё таъсирпазируфтагони мактаби адабии ӯ мебошанд.

Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ дар тӯли чиҳил соли гузашта, ки мамлӯ аз фаъолиятҳои пурсамари адабӣ ва илмии ӯ будааст, ба навқаламони зиёде дар арсаи адабиёт, хусусан, дар ҷодаи шоирӣ раҳнамоӣ намуда ва ба манзили мақсуд расонидааст. Метавон гуфт, ки талошҳо ва заҳматҳои мудовоми ӯ дар заминаи эҳё ва рушду равнақи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ дар Ӯзбекистон самар дода ва “Мактаби адабии Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ” ном гирифтааст".

Ба назари банда нашри чунин тазкира, ки мамлуъ аз осори чандин тан аз шогирдону пайравон, таъсирпазируфтагон ва дӯстони шоири соҳибҷашн ба муносибати 55-умин солгарди таваллуд ва чиҳил сол аз фаъолиятҳои адабию илмии устод Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ дар адабиёти имрӯзи порсигӯёни кишвари дӯст ва бародари Ӯзбекистон ва ҳатто шояд дар худи Тоҷикистон низ як падидаи наву хурсандибахш ва шоёни таҳсину ташвиқ аст.

Аз ин рӯ аз фурсати (ба назарам муносиб) истифода бурда шахси худи устоди азизам Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ ва шогирдону дӯстон ва мухлисони ашъори шоири фарҳехта, донишвар ва нодирагуфтори шеъри муосири порсиро бо санаи муҳимми умри пурбаракат ва пурсамарашон ва минҷумла нашри китоби "Чашмаи хуршед: Мактаби адабии Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ" табрику шодбош мегӯям.

Бароям низ ҷои хушнудию ифтихор буд, ки дар ин тазкира шарҳи кӯтоҳи ҳол ва як мухаммасу 11 намунае аз ғазалҳо ва чаҳорпораҳои шогирдонаи банда низ аз ҷумлаи 24 тан аз шогирдон ва дӯстони устод Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ ҷой гирифтаанд:

Исмат Ҳалим, Ҳоҷӣ Сироҷиддин (Сироҷиддин Янгибоев), Зебо Бобозода, Наҷмиддин Рашидов, Озода Мусаллам, Зайнаб Бахшиқулова, Раҳматуллоҳ Раҳимзода Ҳусайнӣ, Розия Бадалова, Эшонқули Эшниёзи Ҳамрозод, Искандар Мирзо, Муҳаммадрӯзии Ғанизод, Саидаи Синавӣ, Рӯзиқул Тошев, Саодат Сатторӣ, Олим Панҷизода, Дилафрӯз Муқумова, Расулбеки Аҳмадзод, Ҷамшед Орифиён, Ҷамшед Чағонӣ, Баҳодур Бароти Бойсунӣ, Заррина Раҳматова, Шукруллоҳ Сироҷ, Гулираъно (Раъно Рамазонова), Зулбибӣ Искандарова.

Ҷамшед Орифиён (Тоҷикистон)
------------------------
@Jafar_Muhammad_Termizi




5.34.pdf
163.8Kb
ilmiyanjumanlar_uz_admin_conf_articles_pdf_Conference_51_certificate.pdf
926.8Kb
ilmiyanjumanlar_uz_admin_conf_articles_pdf_reference_php_id=8007.pdf
173.0Kb
Hurmatli,
Жаъфар Холмўминов! Sizni “Yangi O‘zbekistonda o‘zbek adabiy tilining rivojlanish tendensiyalari: muammolar, yechimlar, tavsiyalar” mavzusidagi Respublika miqyosidagi ilmiy-amaliy anjumanidagi ishtirok bilan qutlaymiz!

@Jafar_Mufammad_Termizi


O'zbekistonning_taniqli_olimlari_ensiklopediyasi_2024 v2.pdf
46.5Mb
ӮЗБЕКИСТОННИНГ ТАНИҚЛИ ОЛИМЛАРИ ЭНЦИКЛОПЕДИЯСИ, 2024 йил тӯплами электрон варианти
------------------------
@Jafar_Muhammad_Termizi


Фалсафа фанлари доктори, ISFT институти профессори, Ўзбекистон ва Тожикистон Ёзувчилар уюшмалари аъзоси, Эрон Адабий танқид илмий Академияси академиги, зуллисонайн шоир, файласуф, тасаввуфшунос ва адабиётшунос олим, таржимон ва публицист устоз Жаъфар Холмўминов - Жаъфар Муҳаммад Термизийнинг  илмий-ижодий биографияси 2024 йилда нашр этилаётган “Ўзбекистоннинг таниқли олимлари энциклопедияси”дан жой олди.                                                                                                                                        Бу ҳақда қаранг: ХОЛМЎМИНОВ ЖАЪФАР МУҲАММАДИЕВИЧ. / ЎЗБЕКИСТОННИНГ ТАНИҚЛИ ОЛИМЛАРИ ЭНЦИКЛОПЕДИЯСИ. 2024 йил тўплами. - Тошкент: "Science and Innovation". - Б.402-407.

К А Н А Л:
@Jafar_Muhammad_Termizi








Адабиёт 39 24.pdf
4.5Mb
Имрӯз паёми фараҳоваре аз додари азизам, шоири хушистеъдод Насимбеки Қурбонзод расид: дар ҳафтавори "Адабиёт ва санъат" матолибе дар мавриди маҳфили адабии банда дар Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон мунташир шудааст. Ба азизоне, ки дар ин амри хайр заҳмат кашидаанд, ташаккур изҳор мекунам.

Ҷаъфар Муҳаммад Тирмизӣ
------------------------
@Jafar_Muhammad_Termizi




ҲАФТАИ ЭҶОДИИ ҶАЪФАР МУҲАММАДИ ТИРМИЗӢ ДАР ДУШАНБЕ – ПОЙТАХТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН



      Бо ибтикори Сафири Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва бо мувофиқати Вазорати Корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз санаи 23 сентябр то 28 сентябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Миллии Тоҷикистон, Институти Фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон ва Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон шабҳои эҷодӣ ва анҷуманҳои илмӣ-адабии шоири зуллисонайн, олими файласуф ва тасаввуфшинос, публитсист ва мутарҷим, узви Иттиҳодияи Нависандагони Ӯзбекистон, узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, узви пайвастаи Академияи илмии Нақди Адабии Эрон, доктори Илмҳои фалсафа, профессори Институти ISFT (Тошканд) Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ – Ҷаъфар Холмӯъминов баргузор гардид.
   Ин ҳафтаи эҷодии шоир ва олими ӯзбекистонӣ, ки дар ростои рушду густариши пайванди дӯстӣ ва таҳкими равобити фарҳангӣ, илмӣ ва адабӣ байни ду кишвари дӯсту бародар ва ҳамсоя – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сурат гирифт, нахустин иқдоми ҷиддӣ дар баргузории маҳфилҳои тахассусӣ ва инфиродӣ дар марокизи илмӣ ва адабии Тоҷикистон буд.
    Ҷаъфар Холмӯъминов – Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ ҳамчунин дар баробари ҳузур дар шабнишиниҳо ва нишастҳои тахассусии илмӣ-адабии худ, дар ду ҳамойиши илмӣ – Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Гиромидошти забону фарҳанг дар осори Мавлоно” (Ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ) дар Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар ҳамойиши илмӣ-адабии “Бузургдошти Мавлоно” дар Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон бо суханрониҳои худ иштирок намуд. Ҳамчунин, ба муносибати “Рӯзи Мавлоно” ва “Рӯзи Забони тоҷикӣ” аз тариқи канали телевизионии “Сафина” ва шабакаҳои дигар суҳбат кард.

@Jafar_Muhammad_Termizi




Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish
Жаъфар Холмӯминов: "Саъидиддин Фарғоний ҳаёти ва илмий мероси". / Ӯзбекистон МТРК "Ӯзбекистон тарихи" телеканали,

27.10.2024.
@Jafar_Muhammad_Termizi


Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish
Дӯсти ҳамсабақи устод Ҷаъфар Муҳаммад Тирмизӣ, доктори илмҳои филология, профессори Донишгоҳи давлатии Омӯзгории Тоҷикистон  Саидмурод Хоҷазод дар бораи ҳамсабақи худ.

@Jafar_Muhammad_Termizi

20 ta oxirgi post ko‘rsatilgan.