ҲАФТАИ ЭҶОДИИ ҶАЪФАР МУҲАММАДИ ТИРМИЗӢ ДАР ДУШАНБЕ – ПОЙТАХТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо ибтикори Сафири Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва бо мувофиқати Вазорати Корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз санаи 23 сентябр то 28 сентябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Миллии Тоҷикистон, Институти Фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон ва Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон шабҳои эҷодӣ ва анҷуманҳои илмӣ-адабии шоири зуллисонайн, олими файласуф ва тасаввуфшинос, публитсист ва мутарҷим, узви Иттиҳодияи Нависандагони Ӯзбекистон, узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, узви пайвастаи Академияи илмии Нақди Адабии Эрон, доктори Илмҳои фалсафа, профессори Институти ISFT (Тошканд) Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ – Ҷаъфар Холмӯъминов баргузор гардид.
Ин ҳафтаи эҷодии шоир ва олими ӯзбекистонӣ, ки дар ростои рушду густариши пайванди дӯстӣ ва таҳкими равобити фарҳангӣ, илмӣ ва адабӣ байни ду кишвари дӯсту бародар ва ҳамсоя – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сурат гирифт, нахустин иқдоми ҷиддӣ дар баргузории маҳфилҳои тахассусӣ ва инфиродӣ дар марокизи илмӣ ва адабии Тоҷикистон буд.
Ҷаъфар Холмӯъминов – Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ ҳамчунин дар баробари ҳузур дар шабнишиниҳо ва нишастҳои тахассусии илмӣ-адабии худ, дар ду ҳамойиши илмӣ – Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Гиромидошти забону фарҳанг дар осори Мавлоно” (Ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ) дар Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар ҳамойиши илмӣ-адабии “Бузургдошти Мавлоно” дар Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон бо суханрониҳои худ иштирок намуд. Ҳамчунин, ба муносибати “Рӯзи Мавлоно” ва “Рӯзи Забони тоҷикӣ” аз тариқи канали телевизионии “Сафина” ва шабакаҳои дигар суҳбат кард.
@Jafar_Muhammad_Termizi