Деҳаи САРЧАШМА


Kanal geosi va tili: O‘zbekiston, O‘zbekcha


Хуш омадед дӯстон.
🇺🇿Тоҷикони Ӯзбекистонем🇺🇿 шуморо ба канал таклиф менамоем.
📍 #Қашқадарё
📍 #Шаҳрисабз
📍 #Сарчашма
Барои ҳамкорӣ
💻 @Nasriyev_F
📝ЭЪЛОН РЕКЛАМА
@DehaiSarchashma_bot
UZ. Xush kelibsiz @DehaiSarchashma kanaliga.

Связанные каналы  |  Похожие каналы

Kanal geosi va tili
O‘zbekiston, O‘zbekcha
Statistika
Postlar filtri


Сарчашмаи илм سرچشمه علم Sarchashmai ilm dan repost
Ном ба ҳангоми таваллуд:
Низомуддин Мир Алишер

Тахаллусҳо:
Навоӣ, Фонӣ

Таърихи таваллуд:
9 феврал 1441

Зодгоҳ:
Ҳирот, Имперотурии Темурӣ

Таърихи даргузашт:
3 январ 1501 (59 сол)

Маҳалли даргузашт:
Ҳирот, Имперотурии Темурӣ

Шаҳрвандӣ (табаият):
Имперотурии Темурӣ
Хуросон

Навъи фаъолият:
шоир

Забони осор:
форсӣ ва чағатоӣ


Сарчашмаи илм سرچشمه علم Sarchashmai ilm dan repost
Зиндагинома

Падари Навоӣ Ғиёсуддин аз амалдорони дарбори Абулқосим Бобур (солҳои ҳукмрониаш 1449—1457) буд.

Ӯ ба адабиёт шавқи зиёд дошт ва бо аҳли завқ сӯҳбатҳо меорост.

Модараш аслан аз Кобул буда, дар хонадони Тимуриён дояи кӯдакони онҳо будааст.

Навоиро дар чорсолагӣ ба макта6 ниҳоданд.

Вай бо ҳокими ояндаи Хуросон Ҳусайни Бойқаро (солҳои ҳукмрониаш 1470—1506) дар як ҷо тарбия гирифтааст.

Дар мактаб ба Навоӣ мувофиқи анъанаи он замон, бар замми хату савод ва заруриёти динӣ, аз асарҳои Бӯстон ва Гулистони Саъдӣ, инчунин Мантиқ-ут-тайри Атторро низ таълим додаанд.

Аз гуфтаи худи Навоӣ бармеояд, ки таҳсили расмии ӯ бо забони туркӣ ва арабӣ гузаштааст.

Аммо таҳсили Навоӣ дар Ҳирот дер давом накард.

Баъди вафоти Шоҳрух (солҳои ҳукмрониаш 1409—1447) байни авлодони Тимур (солҳои ҳукмрониаш 1370—1405) барои тоҷу тахт муборизаи тезу тунде cap шуд ва падари Навоӣ аз ин низоъҳо ба танг омада, маҷбуран бо оилаи худ ба тарафи Ироқ, фирор кард ва муддате дар шаҳрҳои Тафт ва Шероз зиста соли 1452 боз ба Ҳирот баргашт ва бо фармони Бобур ҳокими Сабзавор таъйин шуд.

Дар тӯли ин муҳоҷират Навоӣ таҳсили илмро давом дода, дар баробари улуми расмӣ аз Хоҷа Юсуфи Бурбон илми мусиқиро омӯхт.

Дар синни 12-солагӣ аз падар маҳрум гашт. Ӯро Бобур ба тарбияи худ гирифта, с. 1457 ба Машҳад бурд. Навоӣ дар Машҳад низ ҳамроҳи Ҳусайни Бойқаро дониши худро дар соҳаи фалсафа, мантиқ, риёзиёт ва адабиёт такмил дода, бо шоирони номӣ Сайд Ҳасани Ардашер, Камоли Турбатӣ вохурд.

Фаъолияти эҷодии Навоӣ дар синни 10 то 12 – солагиаш оғоз ёфтааст.

Дар 15 – солагӣ ӯро чун шоири зуллисонайн шинохтанд (чунки ӯ дар осори ӯзбекии худ бо тахаллуси "Навоӣ" ва дар ашъори тоҷикиаш бо тахаллуси "Фонӣ" шеъру асарҳо эҷод кардааст).

Навоӣ соли 1464 ба Ҳирот баргашта аз Ҷомӣ илми қофияро таълим гирифт.

Аммо зиндагии Навоӣ дар Ҳирот дер напоид, Ҳокими нави Хуросон Абу Саид (1454 – 1469) ӯро аз мухолифони худ дониста, молу мулкашро мусодира карда соли 1466 ба Самарқанд бадарға намуд.

Навоӣ дар Самарқанд бо олимону адибон ва намояндагони аҳли санъати онҷо шиносоӣ пайдо кард.

Ҳокими Самарқанд, ки бо тахаллуси «Вафоӣ» шеър мегуфт, Hавоиро дастгирӣ намуд.

Навоӣ дар ин шаҳр омухтани назарияи адабиётро ҷиддан давом дода, илми фиқҳро аз Фазлуллоҳ Абулайс таълим гирифт.

Ӯ бо Амир Шайхами Суҳайлӣ вомехурад хар ду дӯстони ҷонӣ шуданд.

Дар Самарқанд Навоӣ аз ҷиҳати моддӣ тангӣ кашида бошад ҳам, аз ҷиҳати дониш ва касби шоирӣ хеле камол ёфт.

Соли 1479 дар Ҳирот Ҳусайни Бойқаро ба сари ҳокимият омад ва Навоиро ба дарбор даъват кард.

Навоӣ таҳсилашро дар Самарқанд катъ намуда, ба Ҳирот баргашт ва ба муносибати иди рамазон дар мадҳи Ҳусайни Бойқаро бо радифи «ҳилол» қасидае навишта, аз мукаррабони султон гардид.

Соли 1469 аввал муҳрдори давлат таъйин гардид ва баъдтар (1472) вазифаи вазир ва унвони амирро соҳиб шуд.

Вале кашмакашу низоъ ва хабаркашиву ҳасадбарии аҳли дарбор Навоиро ба танг оварданд.

Ӯ соли 1476 аз хидмати давлатӣ даст кашид ва соли 1477 Ҷомиро пир баргузида, вориди фирқаи Нақшбандия гардид.

Вале соли 1479 ӯро маҷбуран ҳокими Ҳирот таъйин карданд.

Навоӣ бо тарзи давлатдории Ҳусайни Бойқаро, ки аксар вақти худро ба айшу нуш сарф мекард, розӣ набуд ва пеши онро гирифтани мешуд.

Аз ин рӯ, султон бо мақсади аз пойтахт дур кардан ӯро зимистони соли 1487 ҳокими яке аз вилоятҳои дурдаст – Астаробод таъйин кард.

Навоӣ соли 1489 ба Ҳирот баргашта ва робитаашро аз дарбор канда, то охири умр ба таълифу тасниф машҳур шуд.

Навоӣ самараи фаъолияти сиёсӣ, илмӣ ва адабии худро сарфи ободонин мамлакат, сохтмони биноҳои хайрия ва осоишу пешрафти мардум карда буд.

Алишер Навоӣ 3-юми январи 1501 дар Ҳирот ба хок супорида шудааст.


Ҷавонмард аз карам муфлис нагардад,
Сахиро аз ато чин нест дар чеҳр.
Ба пошидан чӣ наҳс ояд ба дарё,
Ба афшондан чӣ кам гардад зари меҳр?

АЛИШЕР НАВОӢ

@DehaiSarchashma


Алишер Навоӣ (1441–1501) яке аз бузургтарин шоирон, мутафаккирон ва ходимони давлатӣ дар адабиёти ӯзбек ва ҷаҳони исломӣ мебошад. Дар бораи ӯ ривоятҳои зиёде мавҷуданд, ки ҳикмат ва фазилати ӯро бозгӯӣ мекунанд.

Ривояти "Саховатмандии Навоӣ"

Гуфта мешавад, ки Алишер Навоӣ саховатманд ва некбин буд. Як рӯз марде ба назди ӯ омада, шикоят кард, ки ба пул ниёз дорад. Навоӣ ба котибаш фармуд, ки ба ин шахс маблағи зиёд диҳад. Ҳамон рӯз шоҳ Ҳусайн Бойқаро, дӯсти наздикаш, бо Навоӣ вохӯрда, пурсид:

— Чаро шумо ба ин шахс маблағи зиёдеро додед?

Навоӣ бо табассум ҷавоб дод:
— Агар ман кам медодам, ӯ шояд боз ба дигарон муроҷиат мекард. Аммо бо ин маблағ ӯ метавонад, мушкилашро ҳал кунад ва бо эҳтиром зиндагӣ кунад.

@DehaiSarchashma


sebi surx va sebi kabud 1 karobka darkor kida boshad narxash qati tel raqamashonro navisand iltimos


Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish
#САФАР_БА_САРЧАШМА

СУБҲИ САФОБАХШИ ДЕҲАИ САРЧАШМА

Гузориши навбатии мухбири рӯзномаи "Овози тоҷик" дар вилояти Қашқадарё Шариф Халил аз деҳаи САРЧАШМАИ ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё.

Телеграм | Фейсбук | Шабака | Барои муроҷиат


Нигори турку тоҷикам кунад сад хона вайрона 
Бад-он мижгони тоҷиконаву чашмони туркона.

Муродам ин бувад то чашми худ бар зулфи ӯ молам,
Агар хоҳам, ки ӯро созам аз мижгони худ шона.

Бихоҳад мурғи дилро сӯхт охир болу пар, як шаб
Зи бас гирди сари он шамъ мегардад чу парвона.

Бинои ишқро дар дил шикофи сина дар бошад,
Алифҳо паҳлӯи ҳам бар дараш хатҳои дандона.

Кашам худро зи баҳри соя ҳар дам зери деворе, 
Чу афтод аз нами тафҳои оҳам сақфи кошона. 

Гарат тира-ст хилват, рав сӯи дайри муғон, эй шайх,
Ки бошад аз фурӯғи бода равшан кунҷи майхона.

Ба ҷурми дин буте барбаста гардонад ба зуннорам,
Чу бахшад нақди динро, гирадам аз баҳри ҷурмона.

Ба ман паймона деҳ, соқӣ, чу бо риндон диҳӣ соғар,
Хуми майро вале баҳри дили ман соз паймона.

Насиҳатгӯи Фонӣ ҳам зи оини хирад дур аст,
Касе, к-аш ақл бошад, кай даромезад ба девона.

ФОНӢ

© Xirad

@DehaiSarchashma


Оё имрӯз аз шабакаҳои иҷтимоӣ бештар маълумот мегирем ё аз китобҳо? Назари олимон

Имрӯзҳо одамон аз шабакаҳои иҷтимоӣ бештар истифода мебаранд, аммо ин маънои онро надорад, ки онҳо аз ин манбаъҳо маълумоти сифатан беҳтар мегиранд. Олимон ин мавзӯъро таҳқиқ намуда, чанд нуқтаи муҳимро қайд мекунанд:

1. Миқдор ва Сифати маълумот

👨‍💻Шабакаҳои иҷтимоӣ: Маълумотро зуд ва дар ҳаҷми калон паҳн мекунанд, аммо аксаран бе санҷиш, яктарафа ё ноқис мебошанд.

📚Китобҳо: Маълумоти тадқиқшуда ва пурра пешниҳод мекунанд, ки барои фаҳмиш ва таҳлили амиқ мусоидат менамояд.

2. Таъсири равонӣ ва маърифатӣ

👨‍💻Шабакаҳои иҷтимоӣ диққати одамонро парешон карда, хондани амиқро душвор мегардонанд.

📚Китобҳо тафаккури интиқодӣ ва хотираро рушд медиҳанд, ки барои дарки амиқи дониш муҳим аст.

3. Паҳншавии маълумоти бардурӯғ

👨‍💻Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксаран ахбори бардурӯғ ва ғаразнок зиёд вомехӯранд.

📚Китобҳо, хусусан илмӣ ва таълимӣ, таҳрир ва санҷида мешаванд, ки маънои дақиқтар ва боэътимод будани онҳоро дорад.

4. Назарияи олимон

👨‍💻Психологҳо мегӯянд, ки истифодаи аз ҳад зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ тафаккури одамро ба маълумоти кӯтоҳ ва зуд тағйир медиҳад, ки ба омӯзиши амиқ халал мерасонад.

📚Мутахассисони соҳаи маориф таъкид мекунанд, ки китобҳо ҳанӯз ҳам манбаи беҳтарини дониш мебошанд, гарчанде ки шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд барои хабарҳои зуд ва муҳокимаҳо муфид бошанд.

Хулоса гӯем шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоти бештар медиҳанд, аммо сифати дониш аз китобҳо баландтар аст. Олимон тавсия медиҳанд, ки ҳарду манбаъро мутаносибона истифода барем: шабакаҳои иҷтимоиро барои хабарҳои рӯзмарра ва китобҳоро барои таҳқиқи амиқ ва рушди тафаккури интиқодӣ.

@DehaiSarchashma


Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish
@DehaiSarchashma


БАЙТҲОИ ОМӮЗАНДА

Бузург ўст, ки чун сояи абр бар замин,
Чунон равад, ки дили мўрро наёзорад!
✍️Соиби Табрезӣ.

Касе, ки ошиқи худбину худнамо бошад,
Ҳамеша бар дари маъшуқ чун гадо бошад!
✍️Зебуннисо.

Аз мукофоти амал ғофил машав,
Гандум аз гандум бирўяд, ҷав зи ҷав!
✍️Саъдии Шерозӣ.

Дар ду олам нест моро бо касе гарду ғубор,
Ҳар ки моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод!
✍️Мирсаид Алии Ҳамадонӣ.

Ба лутфу марҳамат дилҳо нигаҳ дор,
Кас аз дасти забони худ маёзор!
✍️Носири Хусрав.

Ҳеҷ бадномӣ одамиро беш,
Нест аз ҷаҳлу аз зулми хеш.
Хашму шаҳват хисоли ҳайвонист,
Илму ҳикмат ҷамоли инсонист!
✍️Саноии Ғазнавӣ

Одамият чист? Худро дур аз шар доштан,
Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан!
✍️Тошхуҷа Асирӣ!

Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,
Хирадманд ҳаргиз накўшад ба ҷанг!
✍️Абўшакури Балхӣ.
 
Дидани дидори ҷонон давлате бошад азим,
Аз худо хоҳад Ҳилолӣ давлати дидорро!
✍️Бадриддин Ҳилолӣ.

Дусад бор агар мисс ба оташ дарун,
Гузорӣ, аз ў зар наёяд бурун.
Ба ноозмуда мадеҳ дил нахуст,
Ки ланги ситода намояд дуруст!
✍️Асадии Тўсӣ.

Ҳамсафар бо ахтарон будан хуш аст,
Дар сафар як дам наёсудан хуш аст! 
✍️Муҳаммад Иқбол.

Маёзор мўре, ки донакаш аст,
Ки ҷон дораду ҷони ширин хуш аст!
✍️Абулқосим Фирдавсӣ.

Бузургӣ саросар ба гуфтор нест,
Дусад гуфта чун ними кирдор нест!
✍️Абулқосим Фирдавсӣ.

Дар ҳама ҳол одамӣ шахси малаксират аст,
Лек ба ҷоҳ андаке нози харӣ мекунад!
✍️Абдулқодири Бедил.

Аз ҳаё магзар, ки дар номусгоҳи эътибор,
Шарм мардонро виқор асту занонро зевар аст!
✍️Абдулқодири Бедил.
  
Зиндагӣ дар гардан афтодаст, Бедил, чора чист?
Шод бояд зистан, ношод бояд зистан!
✍️Абдулқодири Бедил.

Эҳтироми халқ, Бедил, дар либос афтодааст,
В-арна якранг аст хун дар пайкари товусу зоғ!
✍️Абдулқодири Бедил.

Ба эҳсону карам дилҳо ба даст ор,
К-аз ин беҳтар набошад дар ҷаҳон кор!
✍️Фаридуддин Аттор.

Бо мунофиқ ҳар кӣ ҳамраҳ мешавад,
Манзили ў дар таги чаҳ мешавад!
✍️Фаридуддин Аттор.


ИЛМИ ТАРБИЯ ЧИСТ?

Писарбачаҳо ҳамеша ба падари худ пайравӣ мекунанд.
Онҳоро ба худ намунаи ибрат (идеал) медонанд. «Падарам ин корро кард, пас ин дуруст аст» гуфта хулоса мебароранд. Аз ин рӯ, падар бояд дар бораи ҳар коре, ки дар пеши фарзандаш мекунад, андеша намояд.

Зеро илми тарбия - илми хеле нозук аст. Аз рӯи таҷрибаи зиндагӣ боварӣ ҳосил кардан мумкин аст, ки тарбияи фарзанди боақл ва баркамол аз ҳар як падар дониши амиқ, маҳорати хоса ва таҷрибаи зиёдро талаб мекунад.

©️ Ҷалолхон Умаров, аз «Китоби падарони асил».


@DehaiSarchashma


1⃣0⃣ – насиҳате, ки модар ба духтар пеш аз шавҳар додан гуфта буд:

Духтарам:

1⃣ Дар зиндагӣ қаноъатро пеша кун. Дар хонаи шавҳар ҳавасҳои беҷо макун, агар чанде дар бадани дугонаҳои худ, ҳамсояҳои худ аз зебогиҳо мебинӣ, дар хонаҳояшон аз зебогиҳо мебинӣ, вале ба он чизе, ки ту дар хона дорӣ, ба ӯ қаноъат кун. Шояд ҳавасҳои беҷои ту, талабҳои бе маҳали ту, мушкилоте барои шавҳари ту эҷод кунад ва он зиндагии ширини ту ба талхӣ кашида шавад.

2⃣ Бо шавҳар якдил ва якзабон бош. Гоҳо ҳолатҳое мешавад, ки ту дар ҳамон хона гуноҳе надорӣ, вале туро гунаҳгор мекунанд. Дар ҳолате, ки туро гунаҳгор карданд, кӯшиш накун, ки шавҳарро гунаҳгор кунӣ. Балки таҳаммул кун, хотимааш барои ту ба хайр меояд.

3⃣ Чашм барои дидан аст. Кӯшиш кун, ки бо ин чашм фақат шавҳари ту хубиҳо бинад, покизагиҳо бинад ва манзараҳои нек бинад. Зеро чашм аз дидани манзараҳои хуб роҳат мекунад ва аз дидани манзараҳои бад, чашм нороҳат мешавад.

4⃣ Бинӣ барои бӯидан аст. Вақте, ки дар бинӣ, буи атр ё ягон навъи хушбӯие, ки ба машом мерасад роҳат мекунад. Вақте бӯи бад ба машом мерасад, бини нафрат пайдо мекунад. Мурод аз ин сухан ин буд: Доим хонаро покиза нигаҳ дор, хонаро хушбӯй кун ва ҳамеша дар тозагии хона ва тозагии худат, бисёр бо аҳмият бош. Зеро шавҳар вақте, тозагии занро мебинад, бӯи хуши дохили хонаро мебинад, табиати ӯ дигаргун мешавад. Хоҳишоти мард, ба худи зан, дар хона ва дар зиндагӣ боз бештар мешавад.

5⃣ Вақти ғизои шавҳар. Вақти ғизои шавҳарро хатман риоя кун. Кӯшиш кун, ки вақти ғизои ӯро таъхир макунӣ. Зеро агар дар вақташ таъомро омода накунӣ, шавҳар аз ту ғазабнок мешавад, ҳамон сулҳу сафое, ки қаблан доштед, аз хонаи шумо хориҷ мешавад.

6⃣ Вақти хоби шавҳар. Вақти хоби шавҳарро низ риоя кун. Вақте, ки соати хоби шавҳар омад, барои ӯ ҷойгаҳи хобашро омода кун. Инҳо бисёр масъалаҳои нозукест дар ҳаёти ту.

7⃣ Кадбону бош. Кадбонугӣ ҳам дар зиндагӣ хеле нақш мебозад. Дар ҳар як маҳсулоте, ки шавҳар мехарад, ба харҷи беҳуда роҳ мадеҳ. Зеро пайдо кардани маҳсулот, ин ба осонӣ ба даст намеояд.

8⃣ Ҳаққи дигар нонхурҳои шавҳарро фаромӯш макун. (Падар, модар, бародар, хоҳар, хешу табори ӯ) . Онҳо ҳам нонхурҳои хонаи шавҳари ту ҳастанд.

9⃣ Ҳар чӣ сире, ки дар хонаи шавҳар бошад, фош макун.

1⃣0⃣ Агар шавҳарро дар ҳолати ғамнок дидӣ, хурсанд машав. Агар дар ҳолати шодӣ дидӣ, шод бош!

Вақте ки духтар ин насиҳатро аз модар гӯш кард, сарашро бардошту ба сӯи модараш нигоҳ кард, ки чашмони духтараш пур аз ашк буду гуфт:
- Модарҷон, ҳарчӣ гуфтед, қабул мекунам! Ман ин насиҳатҳои қиммат ва зебои шуморо дар ҳаёти худ амалӣ мегардонам.
Баъдан, ин духтар соҳиби ҳафт писар шуд, ва ҳафт писари ӯ, дар ҳар як ноҳияҳои шаҳр, салтанат ва ҳукумат доштанд.
Аз Худои меҳрубон, ки авфкунанда аст, хоҳони он ҳастем, ки Худованд болои ин хоҳарҳои мо, модарони мо шароитеро барпо кунад, ки ҳамагӣ, барои муросои оила ва барпо кардану хушбахтии онҳо ҳамрозу ҳамнафас бошанд!


© Пандҳои бузургон


Мо дар YouTube👇
https://www.youtube.com/@DehaiSarchashma
@DehaiSarchashma_bot
https://t.me/DehaiSarchashma




Kadom tashabusro beshrahi mekuned intixob kuned
So‘rovnoma
  •   Ta'miri chuybori sepoya
  •   Ta'miri obi no'shoki
  •   Ta'miri rohi changchi
  •   Ta'miri bogchayi ko'hna
56 ta ovoz

5.1k 0 18 21 38

Video oldindan ko‘rish uchun mavjud emas
Telegram'da ko‘rish
🇺🇿🇺🇿Филм дар бораи бачагӣ ва ҷавонии Ислом Абдуғаниевич Каримов

.


📢 "Tashabbusli budjet" – Имконияти шумо барои рушди диёратон!

Ҳамдиёрони азиз!

❗️Диққат❗️
📝 Агар шумо идея ё лоиҳае доред, ки метавонад мушкилоти маҳалли шуморо ҳал кунад, онро ба гурӯҳи расмии @DehaiSarchashma1 фиристед!
Мо ҳамчун маъмурони канал беҳтарин лоиҳаҳоро ба сайти "Open Budget" ҷойгир мекунем ва ба пирӯзӣ расонидан кӯмак мекунем!
Масалан таъмири роҳ, оби нӯшокӣ, таъмири ҷӯйбор (мисол Сепоя) ва дигарон

⚡ Якҷоя мушкилоти деҳаи худро ҳал мекунем!
⚡ Лоиҳаи интихобшударо дастгирӣ мекунем ва ба он овоз медиҳем



👉 Дар фикри рушди деҳа бошед, ташаббускор шавед ва овоз диҳед!

@DehaiSarchashma


📢 "Tashabbusli budjet" – Имконияти шумо барои рушди диёратон!

Ҳамдиёрони азиз!

Аз 1 феврал марҳилаи аввалини "Tashabbusli budjet" барои соли 2025 оғоз мегардад! Ин як имконияти беҳамто барои сокинони деҳа ва шаҳру навоҳӣ мебошад, ки мушкилоти муҳими маҳалли худро ҳал кунанд ва барои беҳбудии диёри худ саҳм гузоранд!

📌 Марҳилаҳои "Tashabbusli budjet":
✅ 1–20 феврал – пешниҳоди лоиҳаҳо
✅ 21 феврал – 7 март – баррасии лоиҳаҳо
✅ 8–10 март – таблиғи лоиҳаҳо
✅ 11–20 март – овоздиҳӣ барои лоиҳаҳои беҳтарин


🏆 Ғолибон 21 март, дар арафаи Иди Наврӯз эълон карда мешаванд!

@DehaiSarchashma


Бо ифтихор ва сипоси беандоза, мактаби таълими умумии рақами 57 бо ҷамъ овардани 5056 овоз дар озмуни муайян кардани мактаби фаъолу пешқадами ноҳияи Шаҳрисабз ҷойи дувумро ишғол кард!

🔥 Ин танҳо як рақам нест – ин рамзи садоқат, ваҳдат ва муҳаббати бепоёни хатмкунандагон ва ҳаводорони мактаби мост!

🟢 Овозҳои зиёде барои мактаби мо дода шуданд, ва ин далели он аст, ки 57-мактаб танҳо як муассисаи таълимӣ нест, балки як оилаи бузург, як рамзи таърих ва пешравист!

💚 Мо бо натиҷаи бадастовардаамон фахр мекунем ва боварӣ дорем, ки талошҳои шумо, муҳаббати шумо ва дастгирии шумо 57-мактабро ҳамеша дар сафи пеш нигаҳ медорад!

✨ Ба ҳамаи онҳое, ки дар ин раванди овоздиҳӣ иштирок карданд, аз таҳти дил ТАШАККУР!
✨ Дар оянда низ бо ҳамдигар муттаҳид монем ва ба рушди мактаби худ саҳм гузорем!


📌 Ғолиб танҳо ҷойи аввалро гирифтан нест, балки садоқат ва муҳаббати халқро соҳиб будан аст!

@DehaiSarchashma


ОВОЗИ ТОҶИК dan repost
ПУРСИШНОМА ДАР БАЙНИ МАКТАБҲОИ ШАҲРИСАБЗ АНҶОМ ЁФТ!

Дар пурсишнома, ки аз 25 январ (соати 11:00) то 31 январ (соати 10:00) идома ёфт, 12818 нафар шаҳрвандон овоз доданд.

Муфассал 👉 https://ovozitojik.uz/news/view?slug=pursishnoma-dar-bajni-maktabxoi-shaxrisabz-anjom-yoft

Телеграм | Фейсбук | Шабака | Барои муроҷиат


Assalomy alaykum hurmatli qadirdonlar azizlar Sarchashma qishlogi uchun 57-maktabni qo'lab quvatlaylik   sizning qo'llab quvatlashingiz biz uchun juda muhim o'tkazib yubormang gruppalargayam tarqating iltimos qulab quvatlang  oldindan raxmat https://t.me/ovozi_tojik_1924/1147

20 ta oxirgi post ko‘rsatilgan.