ҶАЪФАР МУҲАММАД ТИРМИЗӢ
Дар ин як кам панҷоҳ соли гузашта, ки бо дунёи шеър унс доштаам, даҳҳо дафтари машқи шеърамро ба коми оташ дода ё пора кардаам, тақрибан ҳазор шеъргунаамро қабул накардаам. Ҳоло шояд чандтои онҳо аз хашми ман эмин монда бошанд...
Шеъри зер аз ҷумлаи онҳо нест, балки аз он ҷумла аст, ки чанд соли пеш гуфта ва ба ин хотир, ки розӣ набудаам, то ҳол ҷое барои чоп насупурдаам. Ба ҳар сурат тасмим гирифтам, ки тақдими назари шумо шавад.
РОҲҲО ВА ОҲҲО
Фикрҳоям з-они ман не, фикрҳоям з-они мост,
Ман фақат таҳқиқ кардам ҳар чи дар зеҳни шумост.
Осмон омад баланду ин замин сахту сафол,
Не замин парвозхоҳу не само бахшандабол.
Роҳҳо пурпечу тобу роҳҳо дуру дароз,
Не фалак бо ишқ ёру не замин ошиқнавоз.
Мо ҳама печидаем андар хами абрӯи роҳ,
Қиссаҳое бас дароз оварда аз гесӯи роҳ.
Оҳҳои мо ба гӯши роҳҳо бегонаанд,
Дар гулӯи мо дигар ин оҳҳо бегонаанд.
Рӯдҳо олуда бо гил, чашмаҳо нопоку ғажд,
Не фараҳнок аст хотир, не диле маъвои ваҷд.
Рӯдҳо дигар намехоҳанд бидҳанд оби мо,
Обҳо нашнида мегиранд нақли хоби мо.
Кӯҳҳо пасту нажанду кӯҳҳо зору забун,
Қуллаҳо афтодарӯҳу сар ба зеру вожгун.
Гар хазад ногоҳ мӯре бар сари кӯҳи калон,
Кӯҳ меларзад ба хеш, аз чашм мегардад ниҳон.
Базр мехоҳем корид, аз чи аммо хок нест?
Мо садо дармедиҳем, аз қуллаҳо пажвок нест!
Шаҳрзоде будаему рустоӣ гаштаем,
Бо умеди васл дар шаҳри ҷудоӣ гаштаем...
Шаҳрвандам, лек шаҳри ман Сиёвашгирд нест,
Зистгоҳам ҷуз даруни қуттии гӯгирд нест...
Шеърҳоям з-они ман не, шеърҳоям з-они мост.
Ман фақат манзум кардам ҳар чи дар қалби шумост...
Тошкан, 24 декабри соли 2009
------------------------
@Jafar_Muhammad_Termizi