Ҷомест даруни мо ҷаҳонбин,
К-он ҷост ҳақиқати дилу дин.
Беруннигарӣ чи дод моро?
Ҷуз он ки диҳад ба бод моро!
Қарнест, ки дар буруни динем,
Бегонапарасту сахткинем.
Ислом саъодат аст, аммо,
Аз чист, шақоват аст дар мо?!
Пурсӣ, ки киям ва аз куҷоям?
Бегона ва ё ки ошноям?
Инҷо чу убур шуд зи ҳаддам,
Пурсӣ, ки кӣ будааст ҷаддам?
Ман фахр ба ҷадди худ накардам,
Дунболи нисоб ҳам нагардам.
Аммо ба суолҳоят алҳол,
Гӯям сухане, вале ба иҷмол.
Ман ҳам ба ривояте сайидам,
Аммо ба насаб шараф надидам.
Сад шукр, ки хоҷа нестам боз,
То дар бикунам ба кадхудо боз.
Дар назди Худо насаб на авлост,
Зеро назараш ба аҳли тақвост.
Тақво, ки ба сидқу ишқ бояд,
Гар ҳаст ба сурате, нашояд...
Тоҷикаму порсигӯ, дон,
Як форс, расида з-аҳли Салмон.
Як муслим аз уммати Муҳаммад (с),
Муҳтоҷи шафоъати Муҳаммад (с).
Дил бар раҳи Бӯҳанифа бастам,
Дар мазҳаби дигаре на ҳастам.
Бо маърифате, ки дода Мавло,
Шукрона кунам, ки бошад авло.
Аз шурби “Аласту Раббикум” маст,
Дил бар сафи ошиқон-ш пайваст.
Кӣ будаам андар ин дудар дайр,
Султони шарор ё шаҳи хайр?
Кӣ будаам, оҳ, ман ба Тӯрон,
Аз дудаи Тӯр рӯзгорон?
З-ақвоми наҷиби ориёӣ,
Як мард зи дудаи сакоӣ.
Кӣ будаму кӣ шудам дар ин сайр,
Гаҳ дар бари шарру гоҳ бо хайр?
Суғдӣ будаам, ба дини Зардушт,
Дину ҳикаму ҳунар даҳ ангушт.
Озин шуда парчами ниёям,
Бо шери жаёну шеди роям.
Кӣ будаам? Оби дар хурӯше,
Як чомасарои ҷомапӯше.
Як номанигори номдоре,
Як шаҳрнишини комгоре.
Кӣ будаам? Оббози ҳикмат,
Дилдодаи рамзу рози ҳикмат.
Деҳгони хирад, шубони дониш,
Мифтоҳи ҳунар, забони дониш...
Ҳоло, ки гузаштаҳо гузаштанд,
Таърих шуданду хок гаштанд.
Ҳар фахри зи ҳад бурун зиён аст,
Сарчашмаи инқирози ҷон аст.
Ман фахр ба фақри худ намоям,
Бо биниши худ раҳе кушоям.
То кай шавам аз гузаштаҳо маст?
Имрӯз кӣ ҳастам, ин муҳим аст!
Ин фикр ба сар ҳамеша бор аст:
Оянда маро чи интизор аст?
Тошканд, июн-сентябри соли 2024
-----------------------
@Jafar_Muhammad_Termizi
К-он ҷост ҳақиқати дилу дин.
Беруннигарӣ чи дод моро?
Ҷуз он ки диҳад ба бод моро!
Қарнест, ки дар буруни динем,
Бегонапарасту сахткинем.
Ислом саъодат аст, аммо,
Аз чист, шақоват аст дар мо?!
Пурсӣ, ки киям ва аз куҷоям?
Бегона ва ё ки ошноям?
Инҷо чу убур шуд зи ҳаддам,
Пурсӣ, ки кӣ будааст ҷаддам?
Ман фахр ба ҷадди худ накардам,
Дунболи нисоб ҳам нагардам.
Аммо ба суолҳоят алҳол,
Гӯям сухане, вале ба иҷмол.
Ман ҳам ба ривояте сайидам,
Аммо ба насаб шараф надидам.
Сад шукр, ки хоҷа нестам боз,
То дар бикунам ба кадхудо боз.
Дар назди Худо насаб на авлост,
Зеро назараш ба аҳли тақвост.
Тақво, ки ба сидқу ишқ бояд,
Гар ҳаст ба сурате, нашояд...
Тоҷикаму порсигӯ, дон,
Як форс, расида з-аҳли Салмон.
Як муслим аз уммати Муҳаммад (с),
Муҳтоҷи шафоъати Муҳаммад (с).
Дил бар раҳи Бӯҳанифа бастам,
Дар мазҳаби дигаре на ҳастам.
Бо маърифате, ки дода Мавло,
Шукрона кунам, ки бошад авло.
Аз шурби “Аласту Раббикум” маст,
Дил бар сафи ошиқон-ш пайваст.
Кӣ будаам андар ин дудар дайр,
Султони шарор ё шаҳи хайр?
Кӣ будаам, оҳ, ман ба Тӯрон,
Аз дудаи Тӯр рӯзгорон?
З-ақвоми наҷиби ориёӣ,
Як мард зи дудаи сакоӣ.
Кӣ будаму кӣ шудам дар ин сайр,
Гаҳ дар бари шарру гоҳ бо хайр?
Суғдӣ будаам, ба дини Зардушт,
Дину ҳикаму ҳунар даҳ ангушт.
Озин шуда парчами ниёям,
Бо шери жаёну шеди роям.
Кӣ будаам? Оби дар хурӯше,
Як чомасарои ҷомапӯше.
Як номанигори номдоре,
Як шаҳрнишини комгоре.
Кӣ будаам? Оббози ҳикмат,
Дилдодаи рамзу рози ҳикмат.
Деҳгони хирад, шубони дониш,
Мифтоҳи ҳунар, забони дониш...
Ҳоло, ки гузаштаҳо гузаштанд,
Таърих шуданду хок гаштанд.
Ҳар фахри зи ҳад бурун зиён аст,
Сарчашмаи инқирози ҷон аст.
Ман фахр ба фақри худ намоям,
Бо биниши худ раҳе кушоям.
То кай шавам аз гузаштаҳо маст?
Имрӯз кӣ ҳастам, ин муҳим аст!
Ин фикр ба сар ҳамеша бор аст:
Оянда маро чи интизор аст?
Тошканд, июн-сентябри соли 2024
-----------------------
@Jafar_Muhammad_Termizi