БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗЕМ! dan repost
и сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла иборат аз он аст, ки дар баробари таъсис додани давлати миллӣ, барқарор кардан ва таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёти мамлакат, ба инкишофи илм, маориф ва фарҳанг низ асос гузошт.
Яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсат, ки Сарвари мамлакат дар ҷараёни сохтмони давлати миллӣ ба он таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуд, суръат бахшидани илми тоҷикшиносӣ тавассути забоншиносии тоҷик мебошад.
Барои Тоҷикистон ва мардуми тоҷик чунин муносибат тақозои замон аст. Воқеияти ҷамъиятӣ – фоҷиаҳои миллӣ: ҳазор соли бедавлатӣ, рух додани ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта таҳти раҳнамоии аҷнабиён, бо истифодаи хоинони миллат хавфи ҳақиқии бебозгашт аз даст рафтани давлат ва парокандагии миллат, зарурати муроҷиат ба таърихи халқ ба хотири бедор кардани ҳисси хештаншиносӣ, худшиносӣ ва нангу номуси миллиро дар замони муосир ба миён овард.
Ҳадафи бузурги эъмори давлати миллӣ тарҳрезӣ кардани роҳу усулҳои ба вуҷуд овардани шуур ва ҷаҳонбинии мувофиқ ба чунин сохтро тақозо дорад. Зеро ташаккули маънавиёти мардумӣ дар шароити соҳибдавлатӣ кори шахсӣ ё гурӯҳӣ нест. Аз муҳимтарин ва масъулиятноктарин вазифаи давлат ба ҳисоб меравад (Аристотел).
Таърихи навтарини Тоҷикистон мантиқи бузургеро исбот кард, ки «Шуури инсон на танҳо ҷаҳони воқеиро таҷассум мекунад, балки онро бунёд месозад». Ва «ҷаҳон талаботи Инсонро қонеъ карда наметавонад, Инсон тасмим мегирад, ки бо амали худ онро дигар кунад». Ин суханон оинаи равшани инъикоскунандаи фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Мантиқи волои сухан, тавоноии оростани муошират бо тамоми гурӯҳҳои мардум – заҳматкашон, олимон, зиёиён, солмандон, ҷавонон, мактабиён, яъне табақаҳои гуногуни ҷомеа намунаи олии дарки масъулияти давлатдори навини тоҷикон гардид.
Муколамаи Пешвои миллат дар самти муносиботи байналмилалӣ, расидан ба моҳияти масъалаҳои мавриди муҳокимаи тарафайн, бо навъи аҳсант ҳимоя намудан ва пеш бурдани манфиатҳои миллӣ − мактаби бузурги дипломатияи тоҷик мебошад. Ин ҳама афзалиятҳо ба қавли Абулқосими Фирдавсӣ аз сифатҳои бузурги «доно ва ба гуфтан далеру тавоно будан»-и Сарвари давлат шаҳодат медиҳанд.
Баҳраварии дараҷаи аъло аз захираҳои бойи луғавии забони модарӣ, сабки ороиши сухан бо дарназардошти фазо ва муҳити сухангӯӣ аз муҳимтарин омилҳои нишонрас будани мусоҳибаҳои Пешвои миллат аст. Ҳамчунон, бо мантиқи муъҷаз, муассир ва фасеҳ, бо ҷобаҷогузории намунавии задаҳои ҳиҷоӣ ва мантиқӣ, ки аз донистани нозукии тобишҳои семантикӣ ва семасиологии лексикаи забони модарӣ шаҳодат медиҳад, таваҷҷуҳи мардум ба суханрониҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беихтиёр ҷалб мегардад.
Пешвои миллат аз камтарин роҳбарони озмудашудаи сиёсии олам аст, ки дар доираи матни гузориш ва гуфтугӯи озод, бо такя ба далелу рақам ва мисолҳои баҳснопазир, бо қудрати маънавӣ ва фарҳанги волои суханварӣ сомеонро тасхир мекунад. Ва моҳияти давлатдории хешро ба дилу дидаи омма мерасонад. Иқрор бояд гашт, ки ин кори чандон саҳл нест. Аристотел дар тасдиқи чунин дидгоҳ таъкид месозад: «Ба хотири он ки санъати сухан гуфтан дар алоқамандӣ бо муътақид кунонидан аст, худи муътақид кунонидан далелнокии нутқ мебошад. Мо вақте муътақид мешавем, ки бо далелҳои овардашуда розӣ бошем. Ҳақиқат ва адолат аз ҳама гуна муқобилистиҳо пурқуваттар аст» (Аристотель. Риторика. Поэтика. − М.: Лабиринт, 2000. – С. 7).
Забон ва тарзи баёни муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ҳайси мактаби бузурги фарҳанги муколамаи сиёсӣ, бояд дар доираи мавзӯи махсуси таҳқиқоти илмӣ ҳамчун ҷузъи санъат ва оини давлатдории миллии тоҷикон омӯхта ва ба наслҳо пешкаш гардад. Чунки чунин таҷрибаи муваффақи истифодаи забони модарӣ дар сатҳи олии давлатдорӣ, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро ифода карда бошад, ба ғайр аз сухани волои Исмоили Сомонӣ: «То вақте ки зиндаам, қалъаи Бухоро ман ҳастам» (Б. Ғафуров. Тоҷикон: Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. – Душанбе: Дониш, 2008. − С. 340) дигар намунаеро надорем.
Услуби таҳқиқоти илмӣ, таҳлилу б