БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗЕМ! dan repost
ҷанбаҳои тахассусӣ, иҷтимоӣ, фардӣ, гурӯҳӣ ва табақавӣ дорад. Сухан дар бораи мавқеи фардии сиёсӣ, идеявӣ ва маънавии зиёӣ дар муносибат ба дарду ниёзҳои ҷомеа, масъалаҳои рӯзмарра, ояндаи наздик ва дури давлати миллӣ меравад. Зеро нақшҳои фардии асар гузоштан ба ҷаҳонбиниҳо, дар маҷмӯъ, афкори ҷамъиятиро ташкил мекунад.
Андешаи илмӣ, созанда, маорифпарварона, ватанхоҳона ва миллатдӯстонаи Садриддин Айнӣ, ки муҳимтарин омили истиқлоли давлатии тоҷикон гардид, падидаи тасодуфӣ ва ғайричашмдошт набуд. Он давоми силсилаи ҷаҳонбиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва ниҳоят пешқадам ва устуворе шинохта мешавад, ки аз замонҳои қадим, насл ба насл, то дар харитаи олам падид омадани давлате бо номи Тоҷикистон идома ёфт. Сайри ниҳоят кӯтоҳи таърихӣ далели ин гуфтаҳост.
Барои мисол, хулосаи сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба таври возеҳу равшан ақидаи диалектикии қонунмандиҳои табиат, ҷамъият ва тафаккурро, ки муҳимтарин усули донистани воқеият мебошад, таъкид месозад:
Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирдгардон аст,
Ҳамеша то бувад ойин-ш гирдгардон буд.
Умари Хайём ақидаи бузургтарин материалистони Юнони қадимро чунин қаламдод кардааст:
Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будаст,
Гарданда фалак низ ба коре будаст.
Абулқосими Фирдавсӣ ба хотири эҳтироми бузург ба манзалат, ҷаҳонбинӣ ва урфу одати миллат ҷавонмардонаву бовиқор дар замони яке аз мустабидони хурофотзадаи давраи асримиёнагӣ Султон Маҳмуд ба тамоми олам эълон медорад:
Ба мо бар зи дини куҳан нанг нест,
Ба гетӣ беҳ аз дини Ҳушанг нест.
Фирдавсӣ дар мавзӯи суиистифода аз дину имон ба хотири ғаразҳои шахсӣ дар «Шоҳнома» дар боби «Тохтани Саъди Ваққос ба Эрон ва нома навиштани Рустам ба бародараш» менависад:
Зиёни касон аз пайи суди хеш
Биҷӯянду дин андароранд пеш.
Ҳамин тариқ, таърихи ҳазорсолаи адабиёти тоҷик инъикоскунандаи тафаккури пешқадами миллати тоҷик аст. Чунин мисолҳоро мо дар эҷодиёти Носири Хусрав, Убайди Зоконӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Абдурраҳмони Мушфиқӣ то давраи маорифпарварони бузург Аҳмадмахдуми Дониш ва Садриддин Айнӣ мебинем. Эҷодиёти онон мавзӯи таҳқиқоти илмӣ ва ба хонандагон муаррифӣ кардани он муҳимтарин талаботи иҷтимоӣ ва сохти конститутсионии мо – хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.
Воқеан, илм дар назди муҳимтарин санади ҳуқуқии сарнавиштсози миллат қарздор аст. Зеро шаш рукни аслии сохти конститутсионии давлатдории миллӣ (Боби 1, Моддаи 1) решаҳои амиқи таърихӣ доранд ва инъикоси ормонҳои аз қаъри асрҳо то ба замони мо расида мебошанд. Бо иродаи мардум арзишҳои воло – ҳукми сохти давлатдории миллии моро гирифтаанд. Чунин орзуву омол дар санадҳои давлатдорӣ, сарчашмаҳои илмӣ, илмиву бадеӣ, адабиёт, фарҳанг, эҷодиёти халқ, урфу одат ва анъанаҳои халқи тоҷик дар шаклҳои гуногун ифода ёфтаанд. Маҳз барои ҳамин моддаи садуми Конститутсия муқаррароти моддаи якуми боби якуми ин ҳуҷҷати тақдирсозро тағйирнопазир меҳисобад. Чунин таҳқиқот посухи дандоншикан ба душманони сохти конститутсионӣ – интихоби миллати тоҷик хоҳад буд.
Дар таълимоти Роҳбари давлат забони тоҷикӣ ҳамчун далели зиндаи қадимӣ будани миллат ва шаҳсутуни давлатдории миллӣ тавсиф карда мешавад.
Ҳамин тариқ, Сарвари кишвар ба муҳимтарин принсипҳои муносибат ба ин ганҷинаи бебаҳо ишора намуда, таъкид менамояд: «Вазифаи муҳимми олимони кишвар таҳқиқ намудани таърихи пурифтихори миллат, проблемаҳои фалсафа ва адабиёту фарҳанги бою рангоранги тоҷикон, поку бегазанд нигоҳ доштан ва таҳким бахшидан ба мақоми забони давлатӣ, тоза нигоҳ доштани забони муошират, эҷоду эҳёи забони илмии тоҷикӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ ва ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намудани дастовардҳои ниёгон мебошанд» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. – С. 185).
Назар ба ҳидояти Роҳбари давлат зиёиён вазифадоранд, ки бо такя ба таърихи ташаккул ва рушди афкори пешқадами миллӣ, ки тӯли ҳазорсолаҳо, дар шароити тираву тори асримиёнагӣ, фишорҳо ва вобастагии сиёсӣ ба даст овардаанд, бо заҳмати ватандӯстонаи худ ин анъанаҳоро на танҳо омӯзанд, балки ташаббускори пешрафти ҷаҳонбинии миллӣ дар шароити