РОМАНИ «ДУВОЗДАҲ ДАРВОЗАИ БУХОРО»-И ҶАЛОЛ ИКРОМӢ.
Нақша:
Муқаддима
1. Мазмуни асосии роман
2. Образи занҳо дар роман
Хулоса
Ҷалол Икромӣ аз зумраи он нависандагоне будааст, ки ҳангоми таҳсил дар Дорулмуаллимин ба таҳлилу омӯзиши асарҳои тарҷумашудаи суханварони барҷастаи адабиёти рус ва Аврупо пардохтааст. Аз ин рӯ, ҷаҳонбинии ӯ аз шогирдони дигар дида васеътар будааст. Аз рӯӣи нақли худи ӯ, нависанда аз овони хурдсолӣ ба хонишу дониш меҳру муҳаббати беандозае зоҳир намудааст. У пас аз таҳсил дар мактабҳои кӯҳна, ба мактаби усули нави ибтидоӣ медарояд. Нависандаи бузург аз овони кӯдакӣ бо маслиҳату машварати устод С. Аӣнӣ пешаи насрнависиро касб менамояд. У, баъдан, дар достоннависӣ қувваозмоӣ намудааст.
Яке аз асарҳои бузурги ӯ «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» ба шумор меравад. Мазмун ва мундариҷаи асар давоми воқеаҳои романи «Духтари оташ» буда, ҳодисаву воқеаҳои солҳои 1920- 1922-ро фаро гирифтааст. Ин давра солҳои аввали баъди инқилоби халқии Бухоро буда, замони ниҳоят вазнини таърихӣ будааст. Ҳама табақаҳои ҷамъият инқилобро ба таври ба худ хос дарк мекарданд. Муносибати шахсони пешқадами ҷамъият аз қабили Асою Фирӯза, Аббосу Каримҷон ба тағӣиротҳои гуногуни замона мусбат буданд.
Қувваҳое низ буданд, ки дастовардхои инқилобро намеписандиданд. Дар асар қаҳрамонони зиёде кору фаъолият намуда, ба иҷрои вазифаҳои инқилоби халқии Бухоро саъю талош варзидаанд. Симоҳои беҳтарин фарзандони содиқи халқу Ватан ба мисли Ҳаӣдарқул, Фаӣзулло Хоҷаев, Ҳакимов, Абӯсаидов, Орифов, Азимҷон, махсус, дар баробари роҳбарони ҳизб В. В. Куӣбишев ҳамчун муборизони содиқи роҳи инқилоб ба қалам дода шудаанд.
Образи занон дар ҳамаи асарҳои шоир зикр ёфтааст. Дар романи мазкур низ симои занон мавқеи муҳим дорад. Нависанда дар симои Фирӯза далерӣ, кордонӣ ва фидокории занони тоҷикро барои хушбахтии занони берӯзии замони худ тасвир намудааст. Симои Анбари Ашк бошад, дар роман ҳамчун давомдиҳандаи кору фаъолияти образи Дилором — каниз ифода ёфтааст. Анбари Ашк ҳамчун симои занони маърифатдӯст бо далерию сухандониаш ва бо санъату ҳунарнамоиҳояш дар тую тамошоҳо эътибор паӣдо кардааст. У барои хушбахтиву озодии дигар занҳо ҷидду ҷахд менамояд. Хулоса, Анбари Ашк аз зумраи он занҳое будааст, ки инқилобро бо камоли хурсандӣ пазироӣ намуд ва ин чунин маъно дорад, ки агар худи Дилором — каниз ба ин рӯзи пирӯзии инқилоб нарасида бошад ҳам, наслҳои оянда ба ин мурод расидаанд, ки ин як муваффақияти занони озодфикри табақаҳои поёнии ҷамъияти замони амирӣ маҳсуб дониста мешавад. Нависанда дар симои занон на танҳо далерию ҷасурӣ, балки фазилатмандиву маърифатнокии онҳоро низ таҷассум намудааст.
┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄
http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM