МУАЛЛИМ
Чу дарёи гуҳарборӣ, муаллим!
Сафобахшанда анҳорӣ, муаллим!
Шаби дилро ту равшан менамоӣ,
Чароғи бахти бедорӣ, муаллим!
Ҳаёти хешро зоеъ насозӣ,
Надонӣ расми бекорӣ, муаллим!
Зи шогирдон намеҷӯӣ ҷудоӣ,
Ки ҳамчун кӯҳ подорӣ, муаллим!
Ба рӯи синаҳо аз киштаи меҳр,
Гули уммед мекорӣ, муаллим!
Надорӣ дар бисотат пайсаю мол,
Накӯю неккирдорӣ, муаллим!
Ба базми зиндагонӣ рангубӯӣ,
Чу алфози гуҳарборӣ, муаллим!
Нуринисо ба васфат хома ронад,
Ки бар васфаш сазоворӣ, муаллим!
Нуринисо Акрамова
┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄
http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM
Чу дарёи гуҳарборӣ, муаллим!
Сафобахшанда анҳорӣ, муаллим!
Шаби дилро ту равшан менамоӣ,
Чароғи бахти бедорӣ, муаллим!
Ҳаёти хешро зоеъ насозӣ,
Надонӣ расми бекорӣ, муаллим!
Зи шогирдон намеҷӯӣ ҷудоӣ,
Ки ҳамчун кӯҳ подорӣ, муаллим!
Ба рӯи синаҳо аз киштаи меҳр,
Гули уммед мекорӣ, муаллим!
Надорӣ дар бисотат пайсаю мол,
Накӯю неккирдорӣ, муаллим!
Ба базми зиндагонӣ рангубӯӣ,
Чу алфози гуҳарборӣ, муаллим!
Нуринисо ба васфат хома ронад,
Ки бар васфаш сазоворӣ, муаллим!
Нуринисо Акрамова
┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄
http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM