Ҷаннат зери қудуми МОДАРОН аст.
МОДАР!
Дар ин сармо туро оғӯши гарм аст,
Дар ин дунё туро оғӯши нарм аст.
Аё модар шавам ман навкари ту,
Дар ин дунё шавам ман чокари ту.
Зи ҳастият ҷаҳон равшан намояд,
Ҳама хору хасаш гулшан намояд.
Нахустустози ман модар туӣ ту,
Шифои рози ман модар туӣ ту...
Чу ҷон фарзанди хешро парваридӣ,
Гаҳе ҷон додию гаҳ ҷон харидӣ.
Бубахшам кулли дунё аз бароят,
Диҳад Аллоҳ дар охир нек ҷазоят.
Зи нурат ин ҷаҳон равшан бикардӣ,
Биҳиштро зери поят ҷо ту кардӣ.
✍️ Самар Орифқулов.
┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄
http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM
МОДАР!
Дар ин сармо туро оғӯши гарм аст,
Дар ин дунё туро оғӯши нарм аст.
Аё модар шавам ман навкари ту,
Дар ин дунё шавам ман чокари ту.
Зи ҳастият ҷаҳон равшан намояд,
Ҳама хору хасаш гулшан намояд.
Нахустустози ман модар туӣ ту,
Шифои рози ман модар туӣ ту...
Чу ҷон фарзанди хешро парваридӣ,
Гаҳе ҷон додию гаҳ ҷон харидӣ.
Бубахшам кулли дунё аз бароят,
Диҳад Аллоҳ дар охир нек ҷазоят.
Зи нурат ин ҷаҳон равшан бикардӣ,
Биҳиштро зери поят ҷо ту кардӣ.
✍️ Самар Орифқулов.
┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄
http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM