КУНАМ ЁДИ ПАДАР...
Падарам дар панди рӯзгор ҳамчу устодам будаанд,
Ҳар чимегуфтам ба тифлӣ, хуб дар ёдам буданд.
Лек тақдири Илоҳӣ бин, ки устодам гирифт,
Гарчи худ устод гаштам, пандашон дар ёдам буданд.
Он рӯзҳо ҳеҷ аз лавҳи хотирам дур намераванд. Чӣ хел фаромӯшам мекардам, чунки ман дар муддати чилу панҷ рӯз ҳам аз модари дилсӯз ва ҳам аз падари ғамхору меҳрубонам маҳрум гаштам. Дар ин лаҳзаҳо ҷашнгирии Рӯзи омӯзгори солҳои гузаштаро ба хотир меорам. Бори охир падари бузургворамро дар рӯйи кати беморӣ табрик карда будам.
Аввалин шуда баҳри табрики шумо, ки худ устоди устодон будед, мешитофтам. Падарҷон, чи табассуми ба худ зебанда ва нигоҳи меҳрубононае доштед? Маҳфилорои маъракаҳо будеду куҷое набошед «муаллим»-гӯён эҳтироматон мекарданд. Тӯли зиндагии нимасраатон бо модари ҳалиму меҳрубонам боре нашунидаам, ки садо баланд карда бошед. Ҳамеша бо маслиҳату дастгирии якдигар зиндагиро рангину гуворо мегардонидед. Кӯшиш мекардед фарзандон ва наберагонатон босавод бошанд. Чизеро, ки нафаҳмида будем,кӯшиш мекардед, бо нармӣ аз таҳти дил омӯзонед.
Ин хислатҳои неки шуморо, қавипайкариву сиришти поки шуморо пеши назар меораму ба бузургиатон тан медиҳам. Дар ин фасли хазонрез ба гӯши арвоҳатон дуо мехонам, ки маконатон дар биҳишти сабз бошаду рӯҳатон аз мо -фарзандон шод бимонад.
Мешавад чашмам пуроб, ҳар гаҳ кунам ёди падар,
Дил шавад дар сина об, ҳар гаҳ кунам ёди падар.
Гашта пазмон дам ба дам меҳру навозишҳои ӯ,
Месароям мисраҳо,андўҳу фарёдам падар.
Дар ҷаҳон то ҳаст падар,фарзанд бошад,
Сархаму сардардам имрӯз аз ғаму ёди падар.
Сабоҳат САИДОВА, омӯзгори МТМУ №61.
┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄
http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM