#ПАДАР...
Бе ҳузурат, эй падарҷон, зиндагӣ дилгир шуд,
Хок бар сар карда бе ту орзуям пир шуд.
Бо ҳама зебоии худ нест рўҳу накҳаташ,
Ростӣ, бе ту гули рўям гули тасвир шуд.
Домани худ чида мерафтам зи рўи барги гул,
Бе ту ҳар хоре маро чун дид, домангир шуд.
Чораву тадбири ман дар зиндагӣ будӣ, падар,
Бе ту аз чашмам ниҳон ҳар чораву тадбир шуд.
То ту будӣ, ҳаммату номуси ман мардона буд,
Духтари ту шер буду шер дар занҷир шуд.
Мениҳодам ҳар саҳар дар пеши ту як коса шир,
Бе ту ҳар як тори мў ҳамранг бо он шир шуд.
Зебуннисо Қосимова🖊
┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄
http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM