ПАДАР
○○○○○○○○○○○○○○
Эй падар номи туро ман муҳтарам дорам кунун,
Ҳарфи ширинат ниҳоди қалб медорам кунун.
Ман будам охир умеду орзу андар дилат,
Эй падар, бар давлати дидори ту зорам кунун.
Дарду ғам чун баҳр буд андар дили ту беканор,
Аз пушаймонӣ зи шаб то субҳ бедорам кунун.
Ҳеч кас асло нагирад ҷойи ту андар дилам,
Қатъ шуд бе ту ҳама дунёи бозорам кунун.
Дар ғамат аз дидаҳоям мисли борони баҳор
Ҳар саҳар аз дидагонам ашк меборам кунун.
Давлати дидор, Аёнӣ, дар суроғи мо нашуд,
Эй падарҷон, ту куҷоӣ, дар дами дорам кунун.
Ҳарфи ман ҳаргиз намеарзад ба оби дидаат,
Гӯиё ман зиндае андар шаби торам кунун.
Абдуқайюм ҲАСАНЗОД.
┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄
http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM