•┈┈┈••○●○●○●◆❁✿❁◆●○●○●○••┈┈┈•
#ПАДАР...
Туи нури ду чашмонам, падарҷон,
Азизу беҳтар аз ҷонам, падарҷон.
Дарахти умри ман сарсабз кардӣ,
Бақои бахти хандонам, падарҷон.
Зи дарди зиндагӣ боке надорам,
Давои дарду дармонам, падарҷон.
Чу аз тифлӣ намуди баркамолам,
Ба даргоҳат хиромонам, падарҷон.
Кашидӣ баҳри ман чун модарам ранҷ,
Ҳама он заҳматат донам, падарҷон.
Агар пеш оядам шабҳои зулмот,
Туи хуршеди тобонам, падарҷон.
┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄
http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM
#ПАДАР...
Туи нури ду чашмонам, падарҷон,
Азизу беҳтар аз ҷонам, падарҷон.
Дарахти умри ман сарсабз кардӣ,
Бақои бахти хандонам, падарҷон.
Зи дарди зиндагӣ боке надорам,
Давои дарду дармонам, падарҷон.
Чу аз тифлӣ намуди баркамолам,
Ба даргоҳат хиромонам, падарҷон.
Кашидӣ баҳри ман чун модарам ранҷ,
Ҳама он заҳматат донам, падарҷон.
Агар пеш оядам шабҳои зулмот,
Туи хуршеди тобонам, падарҷон.
┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄
http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM