Репост из: Овози Самарқанд/Samarqand ovozi
#Назм #Навоӣ_584
Кунад з-иқболи ишқу дарди айшу комрониҳо,
Дилам дар номуродиҳо, танам дар нотавониҳо.
Намонад халқро дил гулбунеро, балки як ғунча,
Чу дар гулшан хиромад сарви ман бо дилситониҳо.
Ба меҳри чарх натвонам, ки бинам баски бар мардум,
Намудам меҳрубонӣ, ёфтам номеҳрибониҳо.
Калону хурд агар ханданд бар ҳолам, аҷаб набвад,
Ки зори хурдсоле кард ишқам дар калониҳо.
Фиғони булбулу қумрӣ чӣ санҷад неши ман дар ишқ,
Ки бо Фарҳоду Маҷнун кардаам ҳамдостониҳо.
Ба ёди ман, ки душманкоми ишқам, як қадаҳ даркаш,
Ба коми дӯстон ҳар гаҳ, ки нӯшӣ дӯстгониҳо.
Расонда дар дарунам новакат озорҳо ҳар гаҳ,
Ба теғам сина созӣ чоку бинмоям нишониҳо.
Ба пирӣ, эй ҷавон, гар давлати айнул-яқин хоҳӣ,
Ғубори роҳи пирон тӯтиё кун дар ҷавониҳо.
Равоносо аз он шуд назми Фонӣ, эй сиҳиқомат,
Ки дар васфи хиромат кард кӯшиш дар равониҳо!
✍️ Алишер Навоӣ (Фонӣ)
Telegram | YouTube | Facebook | Site