Репост из: Husrav Mahmudov
Аз падар пурсид рӯзе як писар,
Беҳтарин динҳо кадом аст эй падар?
Гуфт ман бо "дин" надорам ҳеҷ кор,
Пеши ман динҳо надоранд эътибор.
Чунки овардем ҳар дини ҷадид,
Ихтилоф бештар омад падид.
Кинаҳову душманӣ бисёр шуд,
Ҷангҳои мазҳаби такрор шуд.
Хуни мардум рехт бар рӯи замин,
Борҳову борҳо бо номи дин.
На мусалмонам на тарсо на ҷӯҳуд,
Сар ба ҳукми ақл меорам фурӯд.
Ақл мегӯяд, ки айши бекарон,
Ҳаст дар ҳамзистӣ бо дигарон.
Дин вале гӯяд, ки хуни кофарон,
Гар бирезед аҷр дорӣ бекарон.
Дигар андешон ҳам охир одаманд,
Дин чаро гӯяд маҳдур-уд-даманд?
Ман бад ин иллат надорам дину кеш,
То нарезам хуни ҳамнавъони хеш.
Ту ҳам эй фарзанд танҳо аз хирад,
Пайравӣ кун то ба минуят барад.
Бо тамоми мардуми рӯи замин,
Дӯсти кун ин аст беҳтари дин.
Мавлоно Балхӣ (1207 - 1273)
Беҳтарин динҳо кадом аст эй падар?
Гуфт ман бо "дин" надорам ҳеҷ кор,
Пеши ман динҳо надоранд эътибор.
Чунки овардем ҳар дини ҷадид,
Ихтилоф бештар омад падид.
Кинаҳову душманӣ бисёр шуд,
Ҷангҳои мазҳаби такрор шуд.
Хуни мардум рехт бар рӯи замин,
Борҳову борҳо бо номи дин.
На мусалмонам на тарсо на ҷӯҳуд,
Сар ба ҳукми ақл меорам фурӯд.
Ақл мегӯяд, ки айши бекарон,
Ҳаст дар ҳамзистӣ бо дигарон.
Дин вале гӯяд, ки хуни кофарон,
Гар бирезед аҷр дорӣ бекарон.
Дигар андешон ҳам охир одаманд,
Дин чаро гӯяд маҳдур-уд-даманд?
Ман бад ин иллат надорам дину кеш,
То нарезам хуни ҳамнавъони хеш.
Ту ҳам эй фарзанд танҳо аз хирад,
Пайравӣ кун то ба минуят барад.
Бо тамоми мардуми рӯи замин,
Дӯсти кун ин аст беҳтари дин.
Мавлоно Балхӣ (1207 - 1273)