#Қиссаи_рӯз...
Мегӯянд деҳқоне ба назди як файласуф рафт. Вақте ба хонаи файласуф расид ба вақти хӯроки нисфирӯзӣ рост омад. Файласуф исрор кард, ки меҳмон бо ӯ сари дастурхон нишинад.
Деҳқон даъвати соҳиби хонаро пазируфт. Дар дасташ як коса шӯрбо мехӯрд, дар он мори хурдакакро дид, вале ба ин нигоҳ накарда он чи дар коса буд, хӯрд, зеро файласуфро шарманда кардан нахост.
Деҳқон ба хонааш баргашт он шаб аз дарди шикам хобаш намебурд ва ба худ гуфт: "Ин амали заҳр аст".
Субҳи барвақт ба хонаи файласуф рафт ва ба умеди дармон.
Он чи ба сараш омада буд ба файласуф қисса кард.
Вақте файласуф ӯро то охир шунид гуфт:
- Дар косаи дирӯза мор набуд, балки инъикоси он буд.
Деҳқонро ба ошхона бурд ва ба коса каме шӯрбо рехт ва гуфт:
- Бодиққат нигоҳ кунед, мор ҳаст?
Деҳқон гуфт:
- Не, нест!
Пас файласуф косаро рост ба зери расми болои шифт овард.
Дар рӯи оби шӯрбо тасвири мор акс ёфт, сипас гуфт:
- Мор танҳо дар зеҳни туст!
Аҷиб ин аст, ки дарди шиками деҳқон баробари фаҳмидани ҳақиқат рафъ шуд!
— Ибни Сино мефармояд:
"Хаёл ними беморист, итминон нисфи дармон ва сабр қадами аввалини шифо"...
https://t.me/tarbiyai_farzand