Ҷавоне аз пири худ маънои ҳамдро пурсид.
Гуфт: Гумон кун, ки подшоҳ туро дар шаҳр мебинаду ба вазири худ дастур медиҳад, ки як халта зар ба ту диҳад. Баъд аз дарёфти зар, бештар аз вазир минатдорӣ мекунӣ ё подшоҳ?
Ҷавон гуфт: Аз подшоҳ.
Баъдан пири ҳаким гуфт: Маънои ҳамд ва шукр низ ҳамин аст, ки бидонӣ ҳар неъмате, ки ба ҳар воситае ба ту мерасад, аз ҷониби Подшоҳи мутлақ яъне Худованд аст.
Агар касе ба ту некӣ мекунанд, ҳамонанди он вазир аст, ки бо ҳидоят ва амри Худо анҷом медиҳад. Пас Ӯ лоиқи ҳама ҳамду ситоишҳост.
https://t.me/tarbiyai_farzand