Ҷавоне назди Модар омаду гуфт:
__ Модарҷон солҳост, ки намоз мехонию рӯза мегирӣ. Аммо Худованд чизе бароят намедиҳад. Маро бин на намоз мехонам ва на рӯза дорам. Аммо бин сарватам ҳангуфт аст.
___ Модар чизе нагуфт.
Рӯзҳо гузаштанд.
___ Як рӯз ҷавон хост, бифаҳмад, ки Модараш чи гуна намоз мехонаду дар намоз чи мегӯяд.
Оромона пушти дари ҳуҷрае рафт, ки дохилаш Модараш намоз мегузорид.
Садои Модар ту пушти дар мерафту ҷавон гӯш мекард ва беихтиёр гиря менамуд.
Дуои Модар чунин буд:
___ Худовандо!!! Ба иззату ҷалолат қасам чизе барои Худам намехоҳам. Аммо ҳарчи, ки фарзандам мехоҳад орзуяшро бароварда кун.
Ин аст, аз миллион як фоизи бузургии Модар.
🟢Таҳияи Саид Назаров
➩ Ба канал ҳамроҳ шавед:
👉https://t.me/tarbiyai_farzand