🛑🛑🛑
ЧИ ВАҚТ МАРД, АЗ ҲАМСАРАШ НАФРАТАШ МЕОЯД⁉️1-
Вақте, ки бо шавҳараш хушк в мутакаббирона суҳбат мекунад.
2- Вакте, ки мардии шавҳарашро паст мезанад.
3- Вақте, ки шавҳар эҳсос мекунад, ба сардии отифагии зан.
4- Вақте таманно кард, ки ба у фалон кор карда шавад.
5- Вақте, ки шавҳарро ба айбҳояш танқид мекунад.
6- Вақте , ки дар робита ба зинат ва ороста карданаш барои шавҳараш бе таваҷҷуҳи мекунад.
7- Вақте ки бо шавҳараш дод зада гап мезанад.
8- Вақте, ки шавҳарро бисёр танқид мекунад, ва айбҳояшро ошкор мекунад.
9- Вақте, ки зан, зан буданашро гум мекунад.
10- Вақте, ки шикоят, ва уфҳо зиёд мешаванд.____
◾️ Инҳо баъзе омилҳое, ҳастанд, ки сабаби мутанаффир шудани шавҳар, аз ҳамсараш мегардад, пас бояд занони мусалмон, аз ингуна сифатҳо дури намоянд
Агар шумо дуст доред, ки шавҳаронатон шуморо дуст доранд, ва шумо беҳтарини ҳамсар барои шавҳаратон бошед, пас аз ин сифатҳо дури намоед, ва худро бо сифоти аҳли имон, зиннат бидиҳед, ва ин барои дунё ва охирати шумо беҳтар мебошад.
📘
ВА ИН НАСИҲАТҲОРО БА ЗАНОНИ МУСАЛМОН ТАВСИЯ МЕДИҲАМ‼️
20 Насиҳат Барои Занони Мусалмон !!
🔷 1) Ислоҳ кун ончи, ки баӣни ту ва байни Аллоҳ аст, ислоҳ мешавад ончи, ки баӣни ту ва байни мардум аст.
🔷 2) Итоъат кардан дар кори хуб, аз кори хуб башумор меравад.
🔷 3) Зан буданат, аз қавитарин аслиҳа аст(яъне инро дар мавқеъи хуб бо равиши саҳиҳ истифода бар. Дар занҳо сифати латофатӣ нарми отифаги бештар аст, аз мардҳо дида, пас ин худ як қавитарин силоҳ барои як зан мебошад пас аз ин қувват истифодаи хуб бикун).
🔷 4) Назофат ва тартиб, далолат бар боло доштани ахлоқат мекунад.
🔷 5) Хатогиҳоро дар баҳри муҳаббат ғарқ кун.
🔷 6) Аз муҳаббати шавҳар ин дуст доштани онҳое, ки шавҳарат онҳоро дуст медорад.
🔷 7) Ҳаёти ҳамсарона дошта бош, на ҳаёти танҳо ниёзи нафсатро бароварда кардан.
🔷 8) Барҳазар бош аз куфрони зиндаги.
🔷 9) Ъафв ва бахшиш кардан аз болотарин ахлоқ аст.
Ва эътироф ба хатоги кардан ин фазилат ва бартари аст.
(Баъзе занҳо кушиш мекунанд, ки хатогиҳои худро тавҷиҳ кунанд, ва кушиш мекунан, ки дар ҳангоми даъво кардан бо шавҳари худ худро бе гуноҳ тарошанд, ва ин хатои бузург аст. Эътироф ба хато кардан, ин аз сифоти бандагони муъмин аст).
🔷 10) Оё медонед, ки чи ҳақҳо барои ту ҳаст ва чи ҳақҳо болои шавҳар!?
Оё медони, ки ҳаққи шавҳар аз зан дида, бештар ва зиёдтар, ва таккидтар аст!?
🔷 11) Як даъватгар бош на ҳукмкунанда.
🔷 12) Барои шавҳарат каниз бош, у бароят ғулом мешавад.
🔷 13) Баъзе вақтҳо рашк як одати бад мешавад пас барҳазар бош аз рашкҳои ноҷо!!
🔷 14) Сабр калиди фараҷ ва кушоишҳо аст.
🔷 15) Дуъо силоҳи муъмин аст
🔷 16) Ҳар рузи нав, ҳамсари ҷадид, ва нав бош.
🔷 17) Қарибтарин роҳ ба қалби шавҳар, гуш ва чашмҳояш ҳаст.
🔷 18) Чигуна феъл дори ҳангоми ғазаби шавҳар!?
🔷 19) Мушкилот доштан айб нест !! Айб вақте аст, ки ту чигуна бо мушкил муъомила мекуни!!
🔷 20) Аллоҳ туро сакан (яъне оромиш) ва либос номгузори кардааст, пас оромиш ва либос барои шавҳарат бош.
Толибул Илм Форсӣ ✍️
📲
СУХАНОНИ САЛАФИ СОЛИҲ