Дар Краснодар ҷасади як навраси тоҷикро дар рӯи харак пайдо карданд
Дар шаҳри Краснодар ҷасади як навраси 18-солаи шаҳрванди Тоҷикистон дар болои хараки назди хона пайдо шудааст.
Тавре ки расонаҳои русии маҳаллӣ хабар медиҳад, наврас Аюбҷон ном дошта, дар ягон сабти ҳуқуқвайронкунӣ бақайд гирифта нашудааст.
Тасвирҳои дурбинҳои назоратӣ нишон медиҳанд, ки шахси номаълум ҷасади ӯро ба кӯча бароварда гузоштааст ва худ аз ҷои ҳодиса дур шудааст.
Табибон пас аз расидан кӯшиши эҳёи наврасро карданд, аммо натавонистанд ӯро наҷот диҳанд. Тибқи маълумоти пешакӣ, эҳтимол меравад, ки ӯ аз заҳролудшавӣ бо моддаи номаълум фавтидааст.
Кумитаи тафтишотии Русия тафтишотро оғоз кардааст.