Як қатор шаҳрвандон, тавассути рақами боварии "DushanbePolice" муроҷиат намуданд, ки нисбати як нафар ҷавонзани ҳамсояашон, ки либосҳои низомии милитсия пушида, мунтазам оромии шабонаи онҳоро халалдор месозад, чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
Дар натиҷаи санҷиш, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт шаҳрванд, Икромзода Камила сокини 30-солаи ш.Душанбе, дастгир карда шуд. Ҳамзамон муайян гардид, ки номбурда дар асл корманди милитсия набуда, ин амали зишти ӯ метавонад обрӯ ва нуфузи мақомоти милитсияро коста гардонад.
Айни замон нисбати Икромзода К. маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиш қарор дорад.
Аз шаҳрвандон бори дигар хоҳиш карда мешавад, ки бо мушоҳидаи ҳама гуна амалҳои номатлуб тавассути рақамҳои (+992) 018-02-02-02 бевосита ба Раёсати ВКД дар ш.Душанбе муроҷиат намоянд.