ДАР СӮГИ ДОРОИ ДӮСТ
Дар ғарибӣ, дур аз хоки ватан, хабари талх ба гӯшам расид: Дорои Дӯст, он марди маърифат, бо зиндагӣ падруд гуфт. Пиёлаи чой аз дастам афтод, гӯё замин лағжид. Аммо замин сахт буду осмон баланд. Он чӣ шикаст, дили ман буд. Ӯ рафт ва бо ӯ дунёи маърифат рафт.
Дорои Дӯст танҳо як шахс набуд; ӯ як мактаб буд, як фарҳанг, як рӯшноӣ барои ҳар касе, ки ба маърифат ва фарҳанг пайвандие дошт. Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Акбари Турсон, Ҷумъа Одина, Сорбон, Урун Кӯҳзод, Меҳмон Бахтӣ, Саттор Турсун, Абдунабӣ Сатторзода ва садҳо бузургони дигари миллат ӯро “Суқроти тоҷикон” ном мебурданд. Ӯ аз ҷумлаи он тоҷикони фидоӣ буд, ки замини аҷдодии дар он хоки нофаш рехтаро тарк карда, Тоҷикистонро хонаи умед сохт.
Солҳои сахти 80-уми асри бист, замоне ки ҷашни Наврӯзро дар Тоҷикистон хомӯш карданӣ буданд, ӯ бо ҷасорати беандоза дар паҳлуи сармуҳаррири “Маориф ва маданият” Бӯринисо Бердиева қарор гирифт ва парчамбардори ин иди миллӣ буд.
Замоне хомӯшӣ як навъ хиёнат ба фарҳанг буд, Дорои Дӯст ба асли худ ва расму русуми тоҷикон содиқ монд.
Ман он вақт як донишҷӯи ҷавон будам ва бо гӯши худ шунидам, ки чӣ гуна ӯ моро ба дастгирии суннати миллӣ -ҷашни Наврӯз даъват мекард. Ҳамон рӯҳия буд, ки моро водор кард аз Маскав ба унвони роҳбарияти онвақтаи Тоҷикистон нома фиристем ва онҳоро водор кунем, ки Бӯринисо Бердиеваро аз тӯҳмат наҷот диҳанд.
Имрӯз бо дили пур аз дард мегӯям: "Чаро ҳар рӯз ба дидорбинии устоди устодони маърифат Дорои Дӯст рафтанро ба таъхир меандохтам?"
Охирин суҳбати мо зери пояи тобути дӯстамон Зиёбой Абдуев сурат гирифта буд. Ӯ гуфт, ки чанд хотироте аз академик Бобоҷон Ғафуров дорам, хона биё, нақл мекунам. Афсӯс, ки ин хотиротро низ Дорои Дӯст ба хок бурд.
Ман солҳои зиёд бо ин хазинаи маърифат дар рӯзномаи “Маориф ва маданият” кор кардам. Дӯст, ҳамкасб, ҳамнишин, ҳамназар будем. Дар рӯзномае, ки чун чатр нагузошт бузургони миллат аз боду барф газанд ёбанд, бо ҳам фаъолият доштем.
Ҳоло дар ғарибӣ, дур аз хоки ватан, дур аз пояи тобути ӯ, танҳо ашк мерезам ва афсӯс мехӯрам. Чӣ қадар мехостам охирин бор дасти ӯро фишорам, аз суҳбати гармаш баҳра бардорам, аммо вақт ҳаргиз интизор намешавад.
Бо рафтани Дорои Дӯст, мо як пояи устувори маърифатро аз даст додем. Ӯ барои ҳама як устод буд, як дӯсти беҳамто, як инсон, ки бо қалби бузург ва фазилаташ ба ҳар кас нерӯ мебахшид. Хонаи маърифат, ки ӯ сохт, ҳоло бе ӯ хомӯш аст, аммо хотираи ӯ мисли шамъ дар дилҳои мо месӯзад ва равшанӣ медиҳад.
Бо ин шахсият, ман на танҳо ҳамкор, балки дар ҳаёти хонаводагӣ низ наздик будам. Дар хонаи ӯ зиндагӣ кардам, фарзанди нахустинам дар он хона ба дунё омад. Дӯстӣ миёни мо на танҳо як дӯстии ҳамкасбӣ, балки дӯстие бар пояи эътимоду эҳтиром буд.
Имрӯз, вақте ки ӯ аз миёни мо рафт, танҳо хотираҳо боқӣ монданд. Хотираҳо аз он марди бузурге, ки дунёро бо донишу муҳаббат равшан мекард.
Эй дӯст,
Эй устод,
Эй раҳнамои маърифат,
Дар зери хоки ватанат ором бихоб. Мо бо ёди ту зиндаем ва ту дар дилҳои мо ҳамеша боқӣ хоҳӣ монд.
Макони охиратат обод бод!
Шариф Ҳамдампур