Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
📽 Комиссияи литсензиякунонии Федератсияи футболи Тоҷикистон аз бошгоҳи клуби футболи «Сарҳадчӣ»-и ноҳияи Ҳамадонӣ дидан намуда, бо раиси ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Нурулло Абдулҳай вохўрӣ анҷом дод.
Вобаста ба таҳияи буҷети клуби футболи «Сарҳадчӣ»-и Ҳамадонӣ раиси ноҳия иброз доштанд, ки буҷети клуб барои соли равон таҳия шуда, клуб дар мавсими дахлдор мушкилоти молиявӣ нахоҳад дошт.
Инчунин, дар радифи дигар масъалаҳои асосии клуби футболи «Сарҳадчӣ»-и Ҳамадонӣ ин масъалаи омода намудани варзишгоҳи хонагии даста ба ҳисоб меравад. Раиси ноҳия иттилоъ доданд, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди варзишгоҳи наву замонавӣ дар ноҳия бо ғунҷоиши даҳ ҳазор ҷои нишаст тасдиқ шуда, корҳои лоиҳакашии он дар ҳоли анҷомёбист, ки пас аз бунёду ба истифода супоридани варзишгоҳи мазкур клуби футболи «Сарҳдачӣ» аз мушкилоти инфрасохторӣ ба кулли раҳо меёбад.
@varzishtv