Овози Самарқанд/Samarqand ovozi


Гео и язык канала: Узбекистан, Узбекский
Категория: Новости и СМИ


🏢Муассисон:
Шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилояти Самарқанд
💠Facebook facebook.com/OvoziSamarqand
💠Telegram t.me/ovozisamarqand
💠YouTube youtube.com/channel/UCYdnzgQ0zay6n5g7VxigmQg

Связанные каналы  |  Похожие каналы

Гео и язык канала
Узбекистан, Узбекский
Категория
Новости и СМИ
Статистика
Фильтр публикаций


🌤 22-юми феврал. Ҳавои фардои Самарқанд то 20 дараҷа гарм шуда, шабона эҳтимоли боридани борони майда вуҷуд дорад.

Ҳарорати ҳаво:

☀️ Рӯз: +19° ...+20°

🌙 Шаб: +8° ... +11°

Telegram | YouTube | Facebook | Site


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
⚡️⚡️Дайжести хабарҳои муҳимми рӯз:

➖ Президент бо корҳое, ки дар маҷмӯаи саноати мудофиа амалӣ мегарданд,
шинос шуд

➖ Вохӯрии маданиву маърифатӣ
баргузор гардид

➖ Дар Миср пас аз як аср мақбараи нави фиръавн
дарёфт шуд

➖ Дар Боғи миллӣ бори аввал бабри барфӣ
ба навор афтод

➖ Ҷавобгарии ҷиноӣ барои дар ҳолати мастӣ
ронандагӣ кардан

➖ 21-уми феврал — Рӯзи байналмилалии
забони модарӣ

Telegram | YouTube | Facebook | Site


Дар Ӯзбекистон шӯъбаҳои нави зидди ҳамлаҳои киберӣ таъсис дода мешаванд

Дар Ӯзбекистон фаъолияти шӯъбаҳои нав барои мубориза бо дронҳо, сохторҳои киберӣ, ки бо зеҳни сунъӣ кор мекунад, истифодаи техникаи роботӣ ва мудофиаи ҳавоӣ оғоз карда мешаванд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site


⚽️ Маросими қуръакашии даври 1/8-ниҳоии Лигаи Чемпионҳои УЕФА гузаронида шуд

Бозиҳои аввали марҳилаи 1/8 финал рӯзҳои 4-5-уми март ва бозиҳои ҷавобӣ 11-12-уми март баргузор мешаванд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
Президент Шавкат Мирзиёев бо комёбиҳои пешқадами саноати мудофиа шинос шуда, ҷамъомади Шӯрои бехатариро гузаронид

Telegram | YouTube | Facebook | Site


“Рома” бори аввал дар Лигаи Аврупо “Порту”-ро шикаст дод

Бозии ҷавобии даври плей-оффи Лигаи Аврупо байни дастаҳои “Рома” ва “Порту” ба анҷом расид. Бозӣ дар варзишгоҳи “Олимпико”-и шаҳри Рим баргузор шуд.

👉 https://ovozi.uz/61655/

Telegram | YouTube | Facebook | Site


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
#Сайри_ҷаҳон

🇦🇿 Озарбойҷон, Боку

Telegram | YouTube | Facebook | Site


Дар Чин як вируси нави монанди COVID-19, ки метавонад ба одамон сироят кунад, пайдо шуд

Бино ба гузориши рӯзномаи South China Morning Post, вируси HKU5 бори нахуст дар Ҳонконг ошкор шудааст.

Telegram | YouTube | Facebook | Site


Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

Telegram | YouTube | Facebook | Site


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
Лоиҳаи дар ноҳияи Пастдарғам ташкил кардани маркази логистика баррасӣ гардид

Telegram | YouTube | Facebook | Site


Дар сессияи Шӯрои вилоят:

Сардори садорати Бюрои иҷрои ҳатмии (БИҲ) вилоят С.Ҷабборов дар ҳисоботи худ роҷеъ ба фаъолияти БИҲ дар соли 2024 гуфт, ки соли гузашта дар давоми чорабиниҳо, ки ба фоидаи бонкҳо ситонидани 2,9 трлн. сӯм маблағ аз рӯи 52 ҳазору 998-то ҳуҷҷати иҷро оиди 32 ҳазору 231-то ҳуҷҷати иҷрои 2,3 трлн. сӯмина қарорҳо қабул карда шуданд.
Дар натиҷа аз рӯи 17 ҳазору 312-то кор беш аз 923,2 млрд. сӯмина қарз рӯёнида шуд.

Баробари ҳамин бо мақсади рӯёнидани қарздориҳои кредит аз рӯи 1024-то ҳуҷҷат 751,1 млрд. сӯмина молу мулкро ба рӯйхат гирифта, ба савдои музояда бароварданд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site


#Шифохонаи_табиат

Исмалоқ ё испаноғ


Барои тафси меъда, ташнагӣ, табҳои гарм, бемориҳои узвҳои даруни сина, дарди шуш, сил ва дарди миён, ки аз бисёрии хун бошад, даво мешавад.

👉 https://ovozi.uz/61652/

Telegram | YouTube | Facebook | Site


🇺🇿 Ҷамъомади Шӯрои бехатарӣ оғоз ёфт

Telegram | YouTube | Facebook | Site


Дар Ӯзбекистон нафароне, ки дар ҳолати мастӣ ронандагӣ мекунанд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд

Ба Кодекси ҷиноятӣ иловаҳои дахлдор ворид карда шуд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site


Дар Миср пас аз як аср мақбараи нави фиръавн дарёфт шуд

Қабр ба яке аз ҳукмронҳои сулолаи XVIII Мисри бостонӣ — Тутмоси II мансуб мебошад.

Қабри фиръавн Тутмоси II, ки ҳудуди 3500 сол пеш дар Миср ҳукмронӣ мекард, аз сӯи як гурӯҳи пажӯҳишгарони мисрӣ ва бритониёӣ кашф шудааст.

Дар аввал бостоншиносон бовар доштанд, ки гӯри яке аз занҳои фиръавнро пайдо мекунанд, вале маълум шуд, ки дар рӯ ба рӯи онҳо қабри худи фиръавн будааст. Ин аввалин чунин бозёфт пас аз кашфи қабри Тутанхамон дар соли 1922 аст.

Telegram | YouTube | Facebook | Site


Имрӯз Президент Шавкат Мирзиёев бо корҳое, ки дар маҷмӯаи саноати мудофиа амалӣ мегарданд, шинос мешавад ва бахшида ба масъалаҳои мустаҳкам намудани бехатарии ҳарбӣ ва мудофиаи кишварамон ҷамъомад мегузаронад.

Telegram | YouTube | Facebook | Site


Ҳоло сессияи навбатии Шӯрои намояндагони халқи вилоят гузаронида мешавад

Дар сессия аввал ҳисоботи ҷонишини ҳокими вилоят — роҳбари Садорати сармоягузорӣ, саноат ва савдо О. Ҳамроев шунида шуд.

Дар ҳисобот қайд гардид, ки бар асоси қарори роҳбари давлатамон аз 29-уми ноябри соли 2024, соли равон дар вилоят ба воситаи ба вилоят дохил намудани сармоягузории хориҷӣ ва кредит ба миқдори 1,8 миллиард доллари ИМА амалӣ намудани 129-то лоиҳаи инвеститсионӣ муайян шудааст.

Telegram | YouTube | Facebook | Site


21-уми феврал — Рӯзи байналмилалии забони модарӣ

Дар асоси омори Созмони Милали Муттаҳид, имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 8324 забон мавҷуд аст, аммо бисёре аз забонҳо бо сабаби ҷаҳонишавӣ ва тағйироти иҷтимоӣ зери хатари нобудшавӣ қарор доранд.

Бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон 21-уми феврал дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии забони модарӣ маҳсуб мешавад.

Ин рӯз дар иҷлосияи 30-юми конфронси генералии ЮНЕСКО, ки 17-уми ноябри соли 1999 баргузор шуда буд, эълон гардидааст.

Telegram | YouTube | Facebook | Site


Факти илмӣ: Хислате маълум шуд, ки ба дараҷаи бахт таъсир мекунад

Олимон дар доираи омӯхтани сабабҳои рӯҳафтодагии равонӣ ва хушбахтӣ хулосаи ногаҳонӣ бароварданд.

👉 https://ovozi.uz/61649/

Telegram | YouTube | Facebook | Site



Показано 20 последних публикаций.