Пиелонефрит — ин бемории илтиҳобии гурда мебошад, ки бештар бо сирояти бактериявӣ алоқаманд аст ва бо осебрасонӣ ба лоҳаси гурда (пельвис) ва бофтаҳои атрофии он тавсиф мешавад.
Сабабҳо:
Аксар вақт пиелонефритро бактерияҳо ба вуҷуд меоранд, хусусан Escherichia coli (E. coli), ки тавассути пешобгузар ба гурдаҳо мегузаранд.
Омилҳои дигари ангезанда метавонанд Staphylococcus, Klebsiella, ва Proteus бошанд.
Сироят аксаран бо роҳи болоравӣ (аз масона ва пешобгузар) ба гурдаҳо мерасад.
Шаклҳои пиелонефрит:
1. Шадид (акутӣ): Ногаҳон оғоз ёфта, бо табларза, дарди қафои миён ва нишонаҳои равшани сироят пайдо мешавад.
2. Музмин (хроникӣ): Тӯл кашида, тадриҷан бо марҳилаҳои оромӣ ва шиддатёбӣ зоҳир мешавад. Натиҷаи табобати нопурра ё такроршавии сироят аст.
Нишонаҳо:
Табларза ва ларзаҳои сахт
Дарди шадид ё миёна дар минтақаи миён (аз паҳлӯи зарардида)
Фишор ва дард ҳангоми пешоб кардан
Баландшавии ҳарорати бадан (38-40°C)
Паст шудани иштиҳо, дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ
Пешоби абрнок ё бӯи баддор
Омилҳои хавф:
Гирифтани сангҳои гурда.
Истенози пешоб гузар.
Бемории қанд (диабет)
Ҳомиладорӣ.
Системаи масуният (иммунӣ)-и заиф.
Катетери пешоб (дарозмуддат)
Ташхис:
Таҳлили умумии пешоб: Бактерияҳо, нитритҳо, лейкоцитҳо ва ҳуҷайраҳои пиёнамонандро муайян мекунад.
Бактериоз (посев) пешоб: Намуди бактерия ва ҳассосияти онҳо ба антибиотикҳоро муайян мекунад.
Таҳлили хун: Аломатҳои илтиҳоб (лейкоцитоз, баландшавии СРБ).
УЗИ (ултрасадо): Тағйиротҳои гурда, васеъшавии коса ва пиёлаҳои гурда.
КТ ё МРТ: Дар ҳолатҳои мураккаб.
Муолиҷа:
1. Антибиотикотерапия: Барои нобуд кардани бактерияҳо, антибиотикҳои паҳнтаъсир (монанди Амоксициллин, Цефалоспоринҳо, ё Фторхинолонҳо) таъин карда мешаванд.
2. Гидратасия: Истеъмоли зиёдтари об барои бартараф кардани бактерияҳо.
3. Табобати дард: Истифодаи доруҳои зиддидард ва зиддиилтиҳобӣ.
4. Истироҳат: Дар ҳолатҳои вазнин табобат дар беморхона лозим аст.
Оқибатҳои эҳтимолӣ (асоратҳо):
Гидронефроз (васеъшавии пиёлаҳои гурда)
Абсцесси гурда.
Бемории музмини гурда.
Сепсис (дар ҳолати авҷ гирифтани сироят)
Пешгирӣ:
Истеъмоли кофии об.
Тозагии шахсӣ.
Ба духтур муроҷиат кардан ҳангоми нишонаҳои аввалини сироят.
Пурра табобат кардани инфексияҳои пешоб гузар.
Бо эҳтиром: Доктор Мажнунов Шодмон.