- Балки бори ду хар [3, с.243].
Убайди Зоконӣ зулму бедодии амалдорони худсарро бо зарофате баѐн кардааст, ки тири ҳачви ӯ
якбора ду ҳадафро ба нишон мегирад: Ҳам сиѐсат ва ҳам динро. Зӯран кашида гирифгани чолу мулки
аҳолӣ мардумро ба дараҷае камбағалу бечора мекард, ки одамон аз деҳ, боғ ва хона маҳрум мегаштанд.
Хулоса Чи тавре ки аз забони худи адиб бармеояд, «Рисолаи дилкушо"-ро дар ду боб навиштааст:
боби аввал бо забони арабӣ, ки аз 93 ҳикоят иборат аст ва боби дуюм, ки бо забони форсӣ аст, шомили
267 ҳикоят мебошад. Ҳар ду боб дарбаргирандаи ҳикоѐтест, ки онҳоро шоир ба риштаи ҳаҷв дароварда,
фасодии замон ва аҳволи сангини даврони худро тасвир намудааст. Ҳаҷвиѐти ҳар ду боб тақрибан аз ҳам
тафовуте надорад ва мавзӯву мундариҷаашон низ якранг ва мушобеҳ мебошанд.
Асарҳои номбурда, аслан манобее мебошанд, ки дар паҳлӯи девонҳои дастнависи Убайди Зоконӣ
манбаи таҳқиқро барои донишмандони баъдии Шарқу Ғарб, ки таваҷҷуҳ ба адабиѐти классикии тоҷик
доранд, боз намуд. Ҳадафи муҳаккиқон якранг ва мушобеҳ набуда, иддае аз онҳо таваҷҷуҳи аслӣ бо
замон ва шарҳи ҳоли ин шоир ва носири бузург, дигарҳо ба осори ҷиддии он, гурӯҳе ба навиштаҳои
ҳаҷвиаш ва ѐ мавзӯъ, ѐ асари ҷудогонааш харҷ кардаанд.
АДАБИЁТ
1. Аббос Иқболи Оштиѐнӣ. Таърихи муғул ва авоили айѐми темурӣ. Ҷ. 2. / Иқболи Аббос–Теҳрон, 1376.
2. Зоконӣ, Убайд. Куллиѐти мунтахаб / Убайди Зоконӣ. –Душанбе, 1963. – 281 саҳ.
3. Зоконӣ, Убайд. Мунтахаби осор / Убайди Зоконӣ -Душанбе: Адиб, 2016. -480 с.
4. Мирзозода, X. Таърихи адабиѐти тоҷик. Китоби 1(II) / Х.Мирзозода. –Душанбе: Маориф, 1989. – 418 саҳ.
5. Мирзозода, X. Ҳаҷвнависи бузург Убайди Зоконӣ // Мулоҳизаҳо доир ба адабиѐт / Х.Мирзозода. -Душанбе, 1963.
6. Самаркандӣ, Давлатшоҳ. Тазкират-уш-шуаро. Гузиниши матн, нигориш, дебочаву тавзеҳот аз М. Ансор. А. Худодод /
Давлатшоҳи Самарқандӣ. –Душанбе: Маориф, 1999. – 448 саҳ.
7. Сафо, Забеҳуллоҳ. Таърихи адабиѐт дар Эрон. Ҷилди 3. / Забеҳуллоҳ Сафо. –Теҳрон, 1363. – 993 саҳ.
8. Усмонов, И. Назаре ба ҳаҷвиѐти Убайди Зоконӣ / И. Усмонов. –Душанбе, 1991. – 72 с.
9. Хонларӣ, Парвиз Нотил. Убайди Зоконӣ латифапардоз ва танзовари бузурги Эрон. –Теҳрон: Ашкон, 1375.
┄┅অঠই✯❀✯ইঠঅ┅┄
http://T.ME/BO_ZABONI_TOJIKI_MEOMUZEM