ХОДИСА ТВ | ПАРВИЗ ТВ


Гео и язык канала: Узбекистан, Узбекский
Категория: Видео и фильмы


🎥 Видᴇᴏ-нᴏʙᴏᴄᴛи Тᴀджиᴋиᴄᴛᴀнᴀ 🇹🇯
🔰 Пᴏдᴨиɯиᴛᴇᴄь дᴏᴩᴏᴦиᴇ дᴩуɜья ✅

Связанные каналы  |  Похожие каналы

Гео и язык канала
Узбекистан, Узбекский
Категория
Видео и фильмы
Статистика
Фильтр публикаций


#Новости Дар роҳи Қазоқистон мошини махсусе,ки барои интиқоли мошинҳо истифода бурда мешавад оташ гирифтааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса якчанд мошин пурра сӯхта нобуд шудааст.

Аз ҳамаи ронандагон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад,ки дар роҳ эҳтиёт бошанд. Бо худ ҳатман " огнетушитель " дошта бошед ва ба ҳамдигар кӯмак намоед.


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
#Новости Наҷоти ронанда ва мусофирон аз зери тарма дар роҳи Душанбе Хуҷанд.

Дар роҳ эҳтиёт бошед ронандагони азиз. Дар чунин ҳолатҳо ба ҳамдигар ҳатман кӯмак намоед


Муроҷиат ба тоҷирону таъминкунандагони маҳсулоти хурокворӣ

Моҳи шарифи Рамазон моҳи баракат, хайру сахо ва фурсате барои иҷрои амалҳои савоб ба шумор меравад. Дар ин моҳ ҳамагон талош менамоянд, то ки ба мардум нафърасон бошанд.
Вале, як зумра шаҳрвандони фурсатталабе ҳастанд, ки бо мақсади ба даст овардани манфиати молӣ, аз ниёзмандии мардум истифода бурда, нархи маҳсулоти хуроквориро гарон мекунанд. Ин амали баъзе аз тоҷирон воқеан хилофи шариат ва берун аз ахлоқи инсонист.
Вобаста ба ин, кормандони милитсияи пойтахт дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои ваколатдор, бо мақсади назорат ва танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввал, санҷишҳои мақсаднок ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд. Вале ин омили номатлуб ҳанӯз ба мушоҳида мерасад, ки боиси нигаронист.
Бо назардошти ин, аз ҳамаи тоҷирону соҳибкорон даъват карда мешавад, ки мувозинати нархи молу маҳсулотро нигоҳ доранд. Дар акси ҳол, дар доираи талаботи қонунгузорӣ чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида хоҳад шуд.


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
#Менависанд Салом. Имрӯз дар роҳ як ҳодисаи нохуш рух дод. Баъди ин ҳодиса баҳси зиёд шуд,ки дар инҷо ки гунаҳкор аст?! Пиёдагард ё,ки ронанда?!. Бисёр нафарон ронандаро гунаҳкор карданд.

Менависанд ба мо як ронанда

Ба фикри шумо дар ин ҳодиса,ки гунаҳкор? Ронанда, ё ки пиёдагард

🔥 - Ронанда

❤️‍🔥 - Пиёдагард


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
#Новости Бархӯрди қатора бо мошини Опел. Хушбахтона ягон нафар ҳалок ва ё ҷароҳат набардоштааст.

Дар роҳ эҳтиёт бошед ронандагони азиз. Қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон накунед

Ба фикри шумо дар ин садама ки гунаҳкор?

🔥 - Қатора ( поезд )

❤️‍🔥 - Ронандаи Опел


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
#Новости Наҷоти ронанда, мусофирон ва мошин аз зери тарма дар роҳи Душанбе Хуҷанд.

Кормандони роҳ наҷот додаанд.

Дар роҳ эҳтиёт бошед ронандагони азиз!


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
#Новости Садамаи вазнин дар ноҳияи Ёвон. Дар натиҷаи ин садама ки имрӯз рух додааст якчанд нафар ҷароҳатҳои вазнин бардошта ба беморхона интиқол ёфтанд.

Бори дигар аз ҳамаи ронандагон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад,ки дар роҳ эҳтиёт бошанд. Мошинро бо суръати баланд наронед!


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
Саҳар соати 9:00 бо вақти Тҷк, 20-серия аввал дар ҳами Телеграм каналмон мебуроя!


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
Мегӯянд,ки дар маркази шаҳри Хуҷанд гов сайру гашт дорад. Касе гови худро гум карда бошад марҳамат гови шумо дар маркази шаҳри Хуҷанд аст.


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
#Новости НАҶОТ ДОДАНИ МУСОФИРОН БО АСП

Имрӯз дар ноҳияи Сангвор мошини сабукрави пур аз мусофир ҳангоми ҳаракат ба дарёча чаппа шудааст. Як ҷавон бо аспи худ ва дигарон ҳамаи онҳоро сари вақт наҷот додаанд

Мо минатдории худро ба ин ҷавон мерасонем,ки сари вақт кӯмак кардааст.

Як қарсак барои асп ва соҳиби асп 👍


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
Агар ронандаи Опел ё,ки дигар ронандагон " огнетушитель" медоштанд ва сари вақт кӯмак мекарданд мошин пурра ба коми оташ намерафт.

Ронандагони азиз! Нархи " огнетушитель" тақрибан 200 сомони аст. Ҳатман дар мошинҳои худ" огнетушитель" дошта бошед. Дар чунин ҳолатҳо ба ҳамдигар ҳатман кӯмак намоед.

Ҳангоми сӯхтор ба 101 занг занед.

Шумо дар мошини худ "огнетушитель" доред?

👍 - Ҳа

👎 - Не


Ин чек чи маъно дорад? Соҳиби ин чек 10.000 сомони бохт ( проиграл ) ё ки 19440 сомони бурд кард?

👍 - 19440 сомони бурд кард

👎 - 10.000 сомони бохт


Бзанен ятаи лайку смайлика 👍 ❤️‍🔥

Муборак бошад ба хама мардуми точик Мухаммад Наимов Голиб шуд.🥊


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
#Новости Яке аз калонтарин парандаҳо дар Тоҷикистон. Дар минтақаи Айни ба навор гирифта шуд


💬 Дар Панҷакент се нафар барои шикастани аломати роҳ ҷазо гирифтанд!

Милитсия шахсияти онҳоро муайян ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашид.

Онҳо шаби 29 ба 30 январ дар ҳолати мастӣ аломати роҳро шикаста буданд.

Тибқи иттилоъи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ин нафарон ҷазои маъмурӣ гирифта, аломатро барқарор карданд.


Соли 2025 Ба фикри Шумо нархи мошин қиммат аст ё ин ки нархи рақами мошин?

Нархи мошин - 👍

Нархи рақами мошин - 😁


Бар замми таъкидҳои ҳамешагӣ боз нафароне ҳастанд, ки ба фолбинию ҷодугарӣ машғул шуда, ин амали нангинро василаи пешбурди зиндагонии худ қарор додаанд.
Аз ҷумла зимни санҷиш аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар н.Сино Аминовна Гулнора соли таваллудаш 1984 дастгир карда шуд. Номбурда дар кӯчаи Борбади ноҳияи Фирдавсӣ манзилеро ба иҷора гирифта, бо истифода аз карта фолбинӣ мекард.
Нисбаташ бо моддаи 482 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуд


#менависанд салом алейкум имрӯз дар ҷои ҷамъияти ҳамрои оила сайру гашт доштем. Ҳамчунин дар онҷо бисёр занҳо ва духтарони дигар буданд. Дидем, ки ин меҳмон пешоби худро рӯбарӯи мо карда истодааст. Ма имову ишора кардам, ки ин корро накун. Ӯ бошад дар даст санг ба мо ҳамла кард ва Ҳамчунин дашномҳои қабеҳ кард.

Якум бора даҳҳо нафар мардҳо чаъм шуданд. Мо метавонистем, ки барои ин рафтор ва аз оча ҳақорат карданаш латукӯб кунем. Ба хотири мехмон буданаш ин корро накардем.

Ба фикри мо инҳоро бояд кам-кам назорат кард. Шумораи меҳмонон то рафт зиёд шуда истодааст.

Менависанд ба мо як гуруҳ ҷавонон.


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
#Новости Диққат! Навор даҳшатнок аст❗❗❗

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қазоқистон ба садамаи вазнин дучор шудаанд.

Аз ҳамаи шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад,ки ин наворро паҳн кунед то,ки наздикони нафарони дар шиноснома буда пайдо шаванд.

Дар роҳ эҳтиёт бошед ронандагони азиз. Мошинро бо суръати баланд наронед. Дар хотир дошта бошед,ки шуморо дар хона падару модар ва дигарон интизор ҳастанд


Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
#Менависанд Салом Парвиз ТВ. Мо сокинони шаҳри Панҷакент субҳи 30.01.2025 мушоҳида кардем,ки "знакҳои" сарироҳ чаппа шудаанд. Баъди аз назар гузаронидани камераҳои назорати муайян шуд,ки ин корро, ки кардааст. Наход се нафар мардаки калон ин корро кунанд? Мо ҳайронем,ки ин знаки сарироҳ чи гуноҳ карда бошад,ки онҳо ӯро шикастанд. Мо мехоҳем,ки онҳо омада барқарор кунанд

Менависанд ба мо як қатор сокинони шаҳри Панҷакент

Мо низ аз ин нафарон эҳтиромона хоҳиш менамоям,ки омада барқарор кунанд ва дигар ба чунин корҳо даст назананд

Показано 20 последних публикаций.