JAFAR KHOLMUMINOV


Гео и язык канала: Узбекистан, Узбекский
Категория: Книги


Jafar Muhammad Termizi
Kholmuminov Jafar Muhammadiyevich
جعفر خالمؤمن اف ( جعفر محمد ترمذى)
Ҷаъфар Муҳаммад Тирмизӣ
Холмӯъминов Ҷаъфар Муҳаммадиевич
Жаъфар Муҳаммад Термизий
Холмӯминов Жаъфар Муҳаммадиевич

Связанные каналы  |  Похожие каналы

Гео и язык канала
Узбекистан, Узбекский
Категория
Книги
Статистика
Фильтр публикаций








Видео недоступно для предпросмотра
Смотреть в Telegram
"ЖОНИМДА ВАТАН"

Жаъфар Муҳаммад Термизий шеъри Шукруллоҳ Сирож ижросида
------------------------
@Jafar_Muhammad_Termizi


Ассалому алайкум, азиз дӯстларим, қадри баланд юртдошларим!
Она ватанимиз мустақиллигининг ўттиз уч йиллик байрами Сиз ва сизнинг азиз оила аъзоларингизга муборак бўлсин!
Яратган Эгам юртимизни тинч ва барқарор, халқимизни эса фаровон қилиб, тинчлигимиз ва тараққиётимиз учун жон куйдираётган раҳбарларимизни ўз паноҳида асрасин.
Улуғ байрамимиз арафасида Сиз ва сизнинг азиз оила аъзоларингизга узоқ умр, мустаҳкам соғлик ва оилавий бахт, масъулиятли ва шарафли фаолиятингизга эса улкан муваффақиятлар тилаб қоламан.

Жаъфар Муҳаммад Термизий
------------------------
@Jafar_Muhammad_Termizi




Устод Ҷаъфар Муҳаммад Тирмизӣ бо раиси шӯъбаи самарқандии Академияи илмҳои Тӯрон Фарҳод Аҳмадҷонов дар Самарқанд.

29.08.2024.
@Jafar_Muhammad_Termizi


СОЯДАСТИ ДӮСТ

23 августи соли равон, замони баргузории ҳамойиши байналмилалии илмии "Сӯх дар остонаи Ренессанси севвум" дар Тошканд бо адабиётшиносони шинохтаи тоҷик, профессорони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Матлубаи Мирзоюнус ва Умеда Ғаффорова, ки солҳо боз ҳамкорӣ ва дӯстии ғоибона доштем, саъодати ошноии ҳузуриро пайдо кардем. Аз ин хоҳарони меҳрубон ва ин донишмандони мумтоз чанд китоби арзишманд ба ман туҳфа шуд, ки мояи ифтихор ва саъодат буд. Яке аз он китобҳо китоби ҳаҷиме буд бо номи "Ситораи олами ховаршиносӣ", ки ба муносибати 60 мин баҳори хоҳари азизам, доктори илмҳои филология, профессор Умеда Ғаффорова ҳамин сол дар Хуҷанд мунташир шудааст. Зимнан, ба эшон умри дарозу тани сиҳат ва дидани бахту саъодати фарзандону наберагони ширинро таманно мекунам.
Арзиши дигари ин китобҳои эҳдоӣ, соядасти мубораки онҳост.
...Оре, соядасти дӯст ҳамеша муборак аст...

Ҷаъфар Муҳаммад Тирмизӣ
Telegram.me/Jafar_Muhammad_Termizi






Танҳо пас аз ҷунбишҳои миллӣ-озодихоҳии мамолики Шарқ дар нимаи дуввуми асри гузашта шарқиён (бо баракати Маҳатма Ганди ва Аллома Иқболи Лоҳурӣ) ба бозшинохти таърих ва тамаддуни худ шурӯъ карданд ва ниҳоят аз охири қарни гузашта ба тадриҷ андешаи Шарқмеҳварӣ (Шарқсентризм) шакл гирифт. Ин равиши андеша ҳанӯз ҷавон ва заъиф аст ва ҳанӯз қодир нест дар муддати кӯтоҳ завлонаҳои иттиҳоми ғарбиёнро аз пойҳои шарқиёни ба бардагӣ хӯкарда бардорад, то ҷаҳониён бишносанд ва қабул кунанд, ки гаҳвораи тамаддун, фарҳанг ва илми башар ҳамеша Шарқ будааст, на Ғарб.
Бо ишора ба ин чанд нукта дар мавриди усулҳои илмии Ғарбмеҳварият дар шароити ҷаҳонӣ шудан (Globalization), ки хатарҳои бузургеро чун шустани марзҳои сиёсӣ аз роҳи шустушӯи марзҳои иқтисодӣ ва ба дунболи он шустушӯи мағзҳо (ҳуввият) ва дар ниҳояти кор, аз байн бурдани арзишҳо ва фарҳангҳо ва забонҳои миллиро дар пай дорад, муҳаққиқони шарқӣ, ба вижа олимони улуми иҷтимоии Осиёи Марказиро лозим аст, ки бо фаро гирифтани вижагиҳо ва донишҳои зайл ба бартарӣ даст ёбанд, то иммунитети лозимро ҳосил намоянд ва дар баробари андешаи Ғарбмеҳварии давраи ҷаҳонӣ шудан истодгарӣ кунанд:
1. Шинохти худӣ ва тақвияти ҳуввияти миллӣ.
2. Омӯзиш ва таҳқиқи амиқи таърихи сиёсӣ ва фарҳангӣ бар мабнои манбоеъи аслӣ.
3. Фаро гирифтани донишҳои фалсафӣ чун фалсафа, ирфон, мантиқ, диншиносӣ, ахлоқ, мардумшиносӣ...
4. Касби ҷаҳонбинии васеъи фалсафӣ ва тафаккури мантиқӣ.
5. Касби ҷаҳонбинии васеъи сиёсӣ ва геополитикӣ.
6. Фаро гирифтани дониши ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи байналмилалӣ.
7. Касби донишҳои иқтисодӣ.
8. Омӯзиши равиш (метод)-ҳои корбурдии пажӯҳишҳои муъосир илмӣ.
9. Омӯзиши забони манобеъи аслӣ (санскрит, порсии бостон, авастоӣ, суғдӣ, чинӣ, ҳиндӣ, юнонӣ, арабӣ, форсӣ...) ва забонҳои муқтадири илми муъосир (чун англисӣ, русӣ, фаронсавӣ, олмонӣ).
10. Омӯзиши фановарии муъосир ва ривишҳои корбурдии он.

Дар ҳар сурат, дар муқобили идеологияи Аврупомеҳварӣ, ки бо назариёти нажодгароёна ва бартариҷӯёнаи худ барои ҳукми “қонунӣ” ва “ҳуқуқӣ” бахшидан ба сиёсати тақрибан сесадсолаи истеъморгароёнаи кишварҳои абарқудрати Аврупо талош мекунад, имрӯз посухе садо баланд кардааст ва он бедорӣ ва огоҳии милал ва ақвоми Шарқ мебошад.

Ш А Б А К А:
@Jafar_Muhammad_Termizi


Ҷаъфар Муҳаммад:

Ду қутби мутақобил дар муъаррифии таърихи тамаддуни башар: Ғарбмеҳварӣ ва Шарқмеҳварӣ

Аз он замон, ки ҷаҳони Ғарб бар ҷаҳони Шарқ ғолиб омад ва дар баробари ғасби неъматҳо ва сарватҳои моддии Шарқи бостонӣ ба мероси маънавии он низ дастдарозӣ кард, ихтироъоти ақлии шарқиёнро низ ба номи худ мулҳақ намуд. Идеологияе чун Аврупомеҳварӣ ё Аврупогароӣ (Eurocentrism) ба вуҷуд омад, ки мағзи ҷаҳониёнро бо идеяи бартарии Ғарб бар Шарқ заҳрогин мекунад. Аврупомеҳварӣ навъе аз идеологияи нажодпарастона ва бартариҷӯёнаест, ки дар соли 1970 аз сӯйи назарияпардозони мисрӣ-фаронсавӣ роҳандозӣ шуд. Ин назария Аврупо ва аврупоиёнро аз лиҳози ниҳодҳои вижаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, вижагиҳои фарҳангӣ, тамаддун ва тамаддунофарӣ аз соири милал ва ақвоми ғайриаврупоӣ болотар ва бартар медонад.
Ин раванд, ки ғаразҳо ва ҳадафҳои сиёсии ҷаҳони султаҷӯи Ғарбро дар худ мунъакис кардааст, мехоҳад ин назарро ба девори таърих ҷовидонӣ ҳак кунад, ки муаллиф ва мухтареъи тамаддуни башар, аз ҷумла, тамоми таълимот ва назарияҳои илмӣ олами Ғарб аст. Евросентризм ё ба таъбири мо “Ғарбмеҳварӣ” ончунон берӯёна рафтор мекунад, ки мехоҳад ҳатто Тасаввуфу Ирфонро, ки дар домани Қуръони карим ва Ҳадиси шарифу Суннати Расули акрам (сав) ба дунё омада ва шабеҳоти шигифтангезе бо оро ва ойинҳои бостонии ориёӣ чун Зардуштия, Буддоӣ ва Ведантизм дорад, офаридаи ақлу табъи фалсафаи Юнони бостон ва дини Масеҳият талаққӣ кунад. Пайравони Аврупомеҳварӣ бисёре аз таълимот, назарияҳо ва равишҳои таҳқиқро мансуб ба олимони Ғарб донистаанд ва то имрӯз бар ин ақида пофишорӣ мекунанд.
Масалан, бино бар исрори ҷараёни Ғарбмеҳварият, бунёнгузори диалектикаи мантиқӣ (дар китоби “Метафизикаи Аристотел”) Георг Вильгельм Фридрих (1770-1831) аст, дар сурате, ки тақрибан панҷ аср пештар аз ӯ тафаккури диалектикӣ дар андешаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (1207-1273) ва тақрибан ҳафт аср пештар усули диалектикаи мантиқӣ дар усули таҳлили мантиқии Ибни Сино (980-1037) мушоҳида мешавад. Ё аз нигоҳи ғарбгароён, равиши илмии “диншиносии татбиқӣ” (Comparative religion – диншиносии қиёсӣ) сохтаи Иоахим Вах (1898-1955) аст, дар сурате, ки тақрибан ҳазор сол қабл аз ӯ Абӯрайҳони Берунӣ (973-1048) бо осори арзишманди худ чун “Мо лил-Ҳинд” ва “Осор ул-боқия” “диншиносии татбиқи”-ро бар мабнои фарҳангпажӯҳии татбиқӣ пайрезӣ ва поягузорӣ карда буд. Ҳамчунон дур аз ҳақиқат аст, ки Ханс-Георг Гадамер (1900-2002) бо китоби худ “Ҳақиқат ва метод” (1960) равиши ҳерменевтикаи фалсафиро поягузорӣ карда бошад. Дар сурате, ки тақрибан ҳазор сол қабл яке аз андешамандон ва орифони бузурги нимаи дуввуми қарни X ва нимаи аввали қарни XI Абӯиброҳим бин Исмоил Мустамлии Бухороӣ бо асари чаҳорҷилдаи худ “Шарҳ ат-таъарруф ли мазҳаб ит-тасаввуф” ин равиши таҳқиқро дар илм пиёда карда буд. Ҳамчунон, асосгузори равиши “забонишиносии қиёсӣ-таърихӣ” бояд муллифи осори мондагоре чун “Муқаддимат ул-адаб” ва “Ат-Тафҳим” Аллома Маҳмуди Замахшарӣ (1075-1144) дониста шавад, на Франс Бопп (1791-1867). Ҳамин ҳолатро дар мавриди равоншинос ва файласуфи бузурги австриёии олмонинажод Зигмунд Фрейд (1856-1939), ки ба унвони асосгузори равияи “психоаналитика”, яъне, равонтаҳлилӣ маъруф аст, метавон мушоҳида кард. Ғарб мутмаинан муддаъӣ аст, ки З.Фрейд дар таърихи башар равиш ва назарияи равонтаҳлилиро поягузорӣ кардааст. Дар сурате, ки тақрибан 900 сол қабл аз ӯ ҳакими ҳазораи гузашта ва ҳазораҳои оянда – Шайхурраис Абӯалӣ ибн Сино бо осор ва андешаи мондагораш усули равонтаҳлилиро пайрезӣ карда буд.
Таъкид бар қидмати тамаддуни Юнони бостон бар тамаддуни Ҳинди бостон ё Эрони бостон низ реша аз идеологияи Ғарбмеҳварӣ мегирад.
Ҳадафи аслӣ аз пешиҷӯии андешаи Ғарбмеҳварӣ бар тамаддуни Машриқзамин ҳамеша ин будааст, ки собит кунанд Шарқ дар тамоми тӯли таърих ақибмонда буда ва танҳо ба туфайли тамаддуни Аврупо дар баъзе аз адвори таърих пеш рафтааст. Ин бартариҷӯӣ ҳамеша ба унвони як идеологияи муқтадири сиёсӣ-идеологӣ барои таҳти султаи худ нигоҳ доштани мамолики Шарқ хидмат кардааст.




5-н-сон Буюк Турон новый вариант+.pdf
6.0Мб
Ja'far Xolmo'minov, Saidolimxon Aqilxonov. Irfon falsafasida Haq ma'rifati masalasi. // "BUYUK TURON" xalqaro ilmiy jurnali. 5/2024
Telegram.me/Jafar&Muhammdd_Termizi








Устод Ҷаъфар Муҳаммад Тирмизӣ дар суҳбати адабиётшиносони барҷастаи тоҷик, профессорони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Матлубаи Мирзоюнус ва Умеда Ғаффорова пас аз анҷоми конфаронси байналмилалии илмии "Сӯх дар остонаи Ренессанси севвум".

Тошканд, 23.08.2024.
----------------------
@Jafar_Muhammad_Termizi


Устод Ааъфрр Муҳрммад Тирмизӣ дар конфаронси байналмилалии илмии "Сӯх дар остонаи Ренессанси севвум", ки бо ибтикори филиали Сӯхии Академияи Илмҳои Турон дар Тошканд баргузор гардид. Банда дар мавзуи "Зиндагӣ ва осори фалсафӣ-ирфонии Саъидиддини Фарғонӣ" суханронӣ кардам.

23.08.2024.
@Jafar_Muhammad_Termizi



Показано 20 последних публикаций.