Репост из: БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗЕМ!
ҳо ба ҳисоб мераванд. Шеваҳои забонӣ қисмати муҳимми таърихи забон – таърихи миллат мебошанд. Фақат онҳо хосияти ҷуғрофиёӣ доранд. Ба ҳаёти ҷамъиятии маҳал ва хусусияти алоҳидаи иҷтимоии он алоқаманд мебошанд. Инъикоси фикрӣ ва овозии воқеияти алоҳидаи қаламрави муайян ҳастанд.
Хешигарии забонҳо тавассути шеваҳои забон ҳам тасдиқи худро меёбанд. Барои мисол, феъли ёридиҳандаи номбаршудаи to be [tuː biː] дар асл, дар шакли be [biː], (bi) бидуни тағйироти фонетикӣ ҳамчун феъли ёридиҳанда, ки замони гузаштаро ифода мекунад, дар шеваи сокинони ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, қисмати шарқии минтақаи Кӯлоб васеъ истифода мешавад. Аз ҷиҳати маъмул будани ин категорияи грамматикӣ дар доираи гӯишҳо дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, ки ба қавли Бобоҷон Ғафуров аз тохтутозҳои аҷнабиён раҳоӣ ёфта, покизагии худро нигоҳ доштаанд, тахмин кардан мумкин аст, ки феъли ёридиҳандаи to be [tuː biː], ки асли пайдоиши он аз забони ҳиндуаврупоӣ маншаъ мегирад, дорои этимологияи забони қадими тоҷикӣ мебошад.
Ба фикри мо, қавмияти феълҳои ёридиҳандаи забони тоҷикӣ ба забони англисӣ бо мисоли феъли ёридиҳандаи to be [tuː biː] ба охир намерасад. Маълум аст, ки муҳимтарин вазифаи феъл ифодаи ҳаракат ва ҳолати ашё (предмет) мебошад. Феъли ёридиҳандаи «аст» (to be) [tuː biː] амали анҷомшуда ва ҳолати муқарраргардидаи исмро ифода мекунад ва дар таркибҳои феълӣ замони ҳозираи давомдорро мефаҳмонад. Ин ҳолати грамматикӣ дар забони англисӣ тавассути суффикси – ing [ɪŋ] таъмин карда мешавад. Шакли фонетикии феъли ёридиҳандаи аст (to be) [tuː biː] дар забони англисӣ вонамехӯрад. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, бештари калимаҳое, ки дар таркиби луғавии забони англисӣ бо таркиби овозии st омадаанд, ҳолати предметро нишон медиҳанд: stood [stʊd] – истод; stable [steɪbl] – устувор; establish [ɪsˈtæblɪʃ] – муқаррар кардан; stop [stɒp] – ист, яъне хешигарии худро ба мантиқи грамматикии феъли ёридиҳандаи забони тоҷикӣ (аст) бо тобишҳои семантикӣ ва алоқаҳои решагӣ ба намоиш мегузоранд.
Мисолҳои дигар низ ба фоидаи ҳамин фарзия ишора мекунанд. Дар забони тоҷикӣ бо истифода аз суффикси маконсоз – истон даҳҳо калима шакл гирифтааст: гулистон, бемористон, баҳористон, боғистон, шаҳристон, шабистон, торикистон, нуристон, бўстон, чаманистон, наистон, сангистон, тобистон, зимистон ва ғайра. Ба тарзи дигар, соҳибзабон онро ҳамчун таркиби овозии худ ба тарзи васеъ кор фармудааст.
Тавре мебинем, дар зери таъсири забони тоҷикӣ бо истифодаи суффикси маконсозӣ – истон, номҳои давлатҳои мустақил ва субъектҳои сиёсии дохилидавлатӣ – вилоятҳо, ҷумҳуриҳои мухтор низ сохта шудаанд. Таъсири феъли ёридиҳандаи аст дар шакли решагии он st бо илова аз шаклҳои овозии гуногун, ки, албатта, ниёз ба таҳқиқоти иловагӣ дорад, дар тӯли таърихи чандҳазорсола хосияти байналхалқӣ гирифтааст.
Вобаста ба ду калимаи дар охир номбаршуда, ки фаслҳои солро ифода мекунанд (тобистон ва зимистон), хотирнишон бояд кард, ки онҳо дар забони тоҷикӣ ҳамчун калимаҳои сохта ба ҳисоб гирифта намешаванд. Шакли яклухтро гирифтаанд. Дар калимаи якум тоб, бо истифода аз суффикси – гӣ – тобагӣ, дар ин ҳолат калимаи мустақил ба ғизои дар асбоби тафсон омодашударо, дар ҳолати дигар бо илова кардани суффикси – истон фасли гармиро мефаҳмонанд. Яқин аст, калимаи таф (таф додан), ки он ишора ба ҳарорати баланд аст (тафсон, таф додан, тафӣ кардан), бидуни ягон тағйироти овозӣ аз забони тоҷикӣ ба забони англисӣ гузаштааст – tough season [tʌf siːzn] (мавсими гарм), tough season [tʌf siːzn] (фасли мушкил), tough discussion [tʌf dɪsˈkʌʃn] (баҳси гарм, баҳси ќотеона).
Вақте ки калимаву истилоҳот дар шакли решагӣ дар шеваҳои забон ҳам истифода мешаванд, чунин ҳолат мансубияти этимологии калимаро ба ҳамон забон даҳчанд меафзояд ва далели муътамади мансубият ба он забон аст. Калимаи таф ҳамин манзалатро дорад.
Дар калимаи дуюм решаи он зим (хунукӣ) дар забони адабии ҳозира дар шакли мустақил вонамехӯрад. Он дар забони русӣ дар шакли зима (фасли зимистон) омада, калимаи мустақил мебошад. Ба гурӯҳи калимаҳои полисемӣ ва серистифодаи он забон мансуб аст. Реша ва этимологияи он низ дар модар-забон ё забони аввалия як буда, чӣ шакли овозӣ ва