Репост из: БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗЕМ!
оварда шуданд, ба принсипи дар илм эътирофгардидаи «Таърихи забон − таърихи миллат» пурра мувофиқат мекунанд. «Шарафи умумӣ дар гузашта − иродаи умумӣ дар замони муосир; ёдоварӣ дар бораи корҳои бузурге, ки анҷом шудаанд ва омодагии чунин амал минбаъд ҳам – ана ин аст муҳимтарин шароите, ки барои сохтани миллат зарур аст». (Ортега-и-Гассет Х. Восстание масс. Пер. с испанского. Нью Йорк, 1954. –С. 178-179).
Хулосаи моҳияти таърихиву фарҳангии забони тоҷикӣ дар назарияи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои илм аҳамияти махсус дорад. Чунин натиҷагирӣ ва арзёбиро, дар маҷмӯъ, ба се қисм ҷудо кардан мумкин аст:
Масъалаҳои этногенетикии забони модарӣ ва сарчашмаҳои асосии ташаккули он.
Ифодаи характери миллӣ, таҷассуми халқ ҳамчун шахсият бо такя ба зуҳуроти забонӣ, ҷараёнҳои забонӣ, маводи забонӣ, далелҳои забонӣ.
Забони модарӣ дар муносиботи байни миллатҳо ва таъсири мутақобилаи онон.
Вобаста ба чунин табақабандӣ, мутаносибан зарурати таҳқиқи
а) фонди асосии луғавии забон;
б) таркиби захираи луғавии забон;
в) калимаҳои иқтибосӣ ба миён меояд. Ва ин масъалаҳо дар илми забоншиносии муосир ниёз ба омӯзиши ҳаматарафа доранд.
Фонди асосии луғавии забон такягоҳ ва шаҳсутуни забон аст. Бузургии забон маҳз дар он ифода меёбад. Таҳқиқоти гениалогӣ, ҳамчунон, қудрати таъсири этимологии он нисбат ба дигар забонҳо дар шаклгирии лексика, тобишҳои семантикӣ, полисемӣ ва категорияҳои грамматикӣ нишон медиҳад, ки ин ё он забон дар гурӯҳ ва оилаи забонҳои дунё чӣ манзалатро касб кардааст. Дар набардҳои беохири забонӣ (ҳамчунин хонда шавад, фарҳангиву таърихӣ ва маънавию идеологӣ) чӣ бурду бохтҳо доштааст.
Маълум аст, ки забони тоҷикӣ ба гурӯҳи забонҳои эронӣ ва оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ дохил мешавад. Таҳлили одӣ, нигоҳи холисона нишон медиҳад, ки чӣ гуна забони модарии мо дар «бурриши якдигарии забонҳо» на танҳо ҳувияти хешро нигоҳ дошта, нақши сохториву вазифавии худро ҳифз намудааст, балки бо дигар забонҳои муассири дунё вориди муносибат гашта, аз лиҳози лексикӣ ва грамматикӣ ба онҳо таъсир расонидааст.
«Агар сухан дар бораи маданият ва маишати халқ, муносибати он бо дигар халқҳо равад, муҳаққиқ бояд бештар ба лексика такя кунад. Фақат лексика бақайдгирандаи ҳассос ва бидуни фиреб ба тарзи мустақим ё ғайримустақими ҳама гуна тағйирот дар истеҳсолот, маишат, маданият, ҳамчунон, муносиботи таъсири мутақобилаи дорои аҳамияти байни халқҳо мебошад» (В. И. Абаев. История языка и история народа. В сборнике статей: Вопросы теории и истории языка. − М.: Наука, 1952. − С. 47).
Албатта, ҳангоми муқоисаи калимаҳо тавассути аломатҳои зоҳирӣ, хосияти фонетикӣ ва дигар ҷузъиёти шаклии (омонимии) маводи забонӣ, хулоса баровардан дар бораи ҳамрешагии калимаҳо, таъсири якҷониба ва ё мутақобилаи забонҳо аз рӯйи адолати илмӣ нахоҳад буд. Аммо таъкид бояд кард, ки ҳангоми пешниҳод ва коркарди фарзияи таъсири забони тоҷикӣ ба дигар забонҳо калимот ва истилоҳоте пешниҳод мегарданд, ки мансуб ба захираи асосии луғавии забони тоҷикӣ ё шеваҳои он ҳамчун пояҳои асосии забони адабӣ мебошанд. Дар ин маврид, хусусияти семантикӣ, моҳияти лексикӣ ва грамматикии ин ё он калима ё истилоҳ низ ба эътибор гирифта мешаванд.
Барои мисол дар забони тоҷикӣ замонҳои феъл, аз ҷумла, бо роҳи флексия тавассути феъли ёридиҳандаи «будан», «шудан» ифода меёбад. Дар забони англисӣ ин вазифаро феъли ёридиҳандаи «be» [biː], ки бо истифода аз ҳиссачаи to [tuː] – (муродифи суффикси – ан-и забони тоҷикӣ) to be [tuː biː] шакли масдар мегирад, иҷро менамояд. Ва, албатта, тавассути флексия бо тобишҳои замонӣ вазифаҳои грамматикии худро ба тарзи гуногун − муродифҳои грамматикии худ иҷро мекунад. Тавре мебинем, ин таркиб аз лиҳози фонетикӣ (to be done [tuː biː dʌn]) ба феъли «будан», ҳамрешагии худро нишон медиҳад. Мисол: «To be or not to be that is the question» [tuː biː ɔː nɒt tuː biː ðæt iz ðiː ˈkwesʧən] (Будан ё набудан – ин аст асоси масъала!).
Ҳамзамон, хотирнишон бояд кард, ки яке аз масъалаҳои муҳимми забоншиносӣ омӯхтани шеваҳои (диалектҳои) забон мебошад. Онҳо чун муҳимтарин сарчашма ва бозгӯйи таърихи забон эътироф шудаанд. Таҳкурсии пайдошавии меъёрҳои адабии ҳама забонҳо, гӯиш