Репост из: БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗЕМ!
адди назари сохторҳои илму маориф, донишкадаҳои олӣ – кафедраҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳо, ки беҳтарин устодон, олимони ин муассисаҳо ба мисли Воҳид Асрорӣ, Шарифҷон Ҳусейнзода, Додоҷон Тоҷиев, Холиқ Мирзозода, Мӯсо Диноршоев, Аълохон Афсаҳзод ва дигар муаллифони барҷаста ва хотирмони китобҳои дарсӣ буданд, дур монданд. Ба қавли яке аз олимони машҳур ва сиёсатмадорони барҷастаи олам, «Калимае, ки дар шакли нашр (китоб, маҷалла, рӯзнома – С.Я.) омадааст, меомӯзад, ки чӣ тавр зиндагӣ бояд кард ва чӣ тавр дунёро падруд гуфт».
Масъала таъҷилан бозбинӣ ва ислоҳро тақозо дорад.
Ҳанӯз дувуним ҳазор сол қабл Аристотел (384-322 то мелод) бо эътиқодмандии маҳз таъкид карда буд: «Бисёр баид ба назар мерасад, касе шубҳа кунад, ки қонунгузор нисбат ба тарбияи ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад, ба хотири он ки дар ҷое, ки чунин муносибат нест, худи сохти давлатдорӣ зарар мебинад. Охир, тарбия бояд ба ҳар як сохти давлатдорӣ мувофиқат кунад; мансуб ба ҳар як сохти давлатдорӣ характер, ба тарзи одӣ, барои нигоҳ доштан, ҳифз кардани ҳамон сохт хизмат мекунад. Сифати шахсияти беҳтарин ба беҳтарин сохти давлатдорӣ мутобиқат менамояд» (Аристотель. Политика. – М.: РИПОЛ классик, 2010. – С. 535-536).
Аристотел тарбияи фарзандро на кори шахсӣ, балки ҷамъиятӣ мешуморад ва таъкид мекунад: «Набояд фикр кард, ки ҳар як шаҳрванд худ ба худ арзи вуҷуд мекунад: не, ҳамаи шаҳрвандон мансуб ба давлат мебошанд, ба хотири он ки ҳар шаҳрванд ҷузъе аз давлат аст. Ва ғамхорӣ дар бораи ҳар як ҷузъ, табиатан, маънии ғамхорӣ, нигоҳубини томро дорад. Дар ин маврид амали лакедемониҳо (давлати қадим дар Юнон, ки бо номи Спарта ҳам машҳур буд – С. Я.) шоистаи таҳсин аст: онҳо нисбат ба кӯдакон бисёр ғамхорӣ зоҳир мекунанд ва ин амали онҳо хосияти ҷамъиятӣ касб кардааст» (Ҳамон ҷо. − С. 536).
Беҳуда нест, ки кишварҳои хориҷӣ тавассути намояндагони дипломатиашон ҳамасола тамоми васоити таълимӣ ва тарбиявии боғчаҳои бачагона, китобҳои дарсии мактабҳои ибтидоӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷҳо, омӯзишгоҳҳо, мактабҳои олиро, сарфи назар аз шакли моликияташон дар доираи барномаи махсуси «Таърихи ташаккули афкори наврасон ва ҷавонон» («The history of youngster’s and young people’s mindset formation») дастрас мекунанд. Онҳоро ба марказҳои таҳлили стратегии худ интиқол медиҳанд. Дар асоси муҳтавои китобҳои дарсӣ хулосабарорӣ менамоянд, ки ин давлатро дар даҳсолаи наздик чӣ интизор аст. Ва аз ҳозир нисбат ба ин давлат чӣ гуна муносибатро тарҳрезӣ бояд кард.
Мундариҷаи барномаҳои таълимӣ (ҳуҷҷати расмӣ дар бораи мазмуни фанни таълимӣ, мақсаду вазифаҳо, тарзи ташкили раванди таълим, талабот ба сатҳи донишу маҳорат ва малакаи таълимгиранда) ва китобҳои дарсӣ (воситаи таълимие, ки тибқи барномаи таълимӣ асосҳои соҳаи муайяни илмро пайдарҳам ифода менамояд – муқаррарот дар асоси моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», №1004 аз 22.07.2013) дар боғчаи бачагон, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷҳо, омӯзишгоҳҳо, донишкадаҳои олӣ, аспирантура ва докторантура, ки сарфи назар аз шакли моликият, принсипҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи илм ва маориф муайян менамоянд, бояд пурра ба меъёрҳои конститутсионӣ мувофиқат кунанд.
Маҳз Конститутсия кафили озодиҳои инсон, амнияти ҷомеа ва сохти давлатдорӣ мебошад. Ба ҳамин хотир, «Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақим амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Коститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд» (Моддаи 10. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: Нашриёти «Ганҷ», 2016. – С. 7).
Ба сифати тафсир илова бояд кард, ки чунин талабот ба ҳама гуна ҳуҷҷатҳои расмӣ ва воситаҳои илмӣ – мутаносибан барномаҳо ва китобҳои дарсӣ низ мустақиман дахл дорад.
Воқеан, дар омади сухан, хотирнишон бояд кард, ки Аристотел оид ба коркард ва қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар алоқамандӣ бо сохти давлатдорӣ масъулияти ниҳоят бузурги давлатмардонро таъкид месозад: «Нисбат ба қонунҳо… усулан мувофиқат кардани онон ба сохти давлатдорӣ таваҷҷуҳи эҳтиёткорона бояд кард. Қонунҳоро тарзе бояд қабул намуд…, ки барои истифодаи ҳамин сохти давлатдорӣ мутобиқ бошан