Репост из: БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗЕМ!
а гардонида, сиёсати ҳуқуқиро дар доираи меъёрҳои конститутсионӣ нисбат ба арзишҳои миллӣ қувват мебахшад: «Забони тоҷикӣ ва рушду ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлоли давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз истиқлоли забонӣ пояи истиқлолхоҳии кишварамонро ташкил медиҳад» (Ҳамон ҷо. – С. 115).
Яке аз муҳимтарин услуби забоншиносии таърихӣ омӯхтани таърихи миллат тавассути забон ва омӯхтани таърихи забон тавассути таърихи миллат мебошад. Дар таълимоти Пешвои миллат ин ду равиш муваффақона ва тавъам истифода шудаанд: «Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки дар тӯли гузаштаи пурфоҷиа забони мо барои бақо ва ҳастии миллат…хидмати бузург ва таърихӣ кардааст» (Ҳамон ҷо. − С. 161). Инчунин таъкид месозад: «Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар ҳама ҳолат миллати тоҷик сипари боэътимод, ганҷи гаронбаҳои ниёгон – забони модариро аз даст надодааст» (Ҳамон ҷо. − С. 162).
ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Ҳамасрони мо шоҳиданд, ки хештаншиносӣ, худшиносии миллӣ ва дар ҳамин замина сохтани давлати миллӣ, ки ормони ҳазорсолаи мардуми тоҷик буд, аз мақсадҳои меҳварии Роҳбари давлат маҳсуб мегардад. Суханони дар дили ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон сабтшуда ва умедбахши Роҳбари нав интихобгардидаи миллати тоҷик − «Ман ба шумо сулҳ меорам!» азми таърихӣ ва амалҳои ҷонфидоёнаи ӯ, навиди созандагӣ ба ҳар хонадони мамлакати ҷангзадаи дур аз маъмур ва мардуми хастаи ранҷур нур бахшид.
Азм ва иқдомоти гуногунҷабҳаи мушкил ба қутбнамо ва меҳроби ягонаи маънавию мафкуравӣ ниёз дошт. Мардумро мебоист ба орзуву мақсад, ба рӯшноие дар зулмот, ба соҳиле дар уқёнуси пурталотуми тақдир раҳнамун сохт ва сафарбар кард. Бовар кунонидани халқ ба асолати хеш, эҳсоси масъулияти бузург дар назди таърих, фарҳанг ва тамаддуни гузашта ва арҷгузорӣ ба онҳо аз муҳимтарин вазифаҳое буд, ки Роҳбари давлат онро боисрор ва пайгирона таъкид мекард. Дар ин маврид, забони модарӣ – забони тоҷикӣ нақди барҷастаи яқин барои муътақид кардани мардум ба асолати хеш буд.
Ҳамин тариқ, дар таълимоти Пешвои миллат худшиносии миллӣ ҳамчун мафҳуми иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангиву маънавӣ натиҷаи ташаккули ҷаҳонбиниест, ки аз маҷмӯи мураккаби мафҳум ва категорияҳои сохториву функсионалӣ иборат мебошад. Аз худ кардан, дарк намудан, ба умқ ва арзишмандии чунин категорияҳо расидан, онҳоро дар низоми ягонаи ҷаҳонбинӣ ба мақсади таъмини амният ва рушду нумӯи Ватани азиз дидан ва амал кардан муҳимтарин ҷузъиёти таркибии ҷаҳонбинии ҳар шахс ба шумор меравад.
Роҳбари давлат вазифагузорӣ мекунад, ки ҳар фард аз калима ва ибораҳои «миллат», «таърихи ташаккул ва рушди миллӣ», «андешаи миллӣ», «асолати миллӣ», «ҳувияти миллӣ», «истиқлоли миллӣ», «ватандориву ватанпарастӣ», «ифтихори ватандорӣ», «арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, илмиву маданӣ», «урфу одат ва анъанаҳои миллӣ», «тафаккури таърихии миллӣ», «дифоъ аз фарҳангу тамаддуни миллӣ», «худогоҳӣ», «таҳкими ваҳдату ягонагии миллӣ», «бунёдкорӣ» ва монанди инҳо бояд баҳравар бошад. Онҳоро фаҳмад. Дарк намояд. Тафсир карда тавонад. Дар рафтори иҷтимоии худ амалӣ созад.
Ибораву таркибҳо ва истилоҳоти номбаршуда ҷузъи сохторӣ ва ҷудоинопазири ҷаҳонбинии миллӣ мебошанд, ки Пешвои миллат забони модариро асоси он медонад. Онро бо мисол ва далелҳои муътамади таърихӣ исбот ва таъкид мекунад.
Дар таълимоти Роҳбари давлат чунин мафҳумҳо низоми ягона ва муҳтавои барномаи амалии тарбияи мактаббачагон, насли наврас, ҷавонон ва оммаи мардумро ташкил мекунанд. Вазифаи рӯзмарраи Ҳукумат бо истифода аз имконоти давлатӣ − маориф, мактаб, васоити ахбори умум, масъулини корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиёиён ва падару модарон дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқиву маънавӣ дар ҷаҳонбинии ҳамватанон ҷой кардани ин идеяҳои ватанхоҳона мебошад.
Тавассути низоми ягонаи давлатдорӣ – муассисаҳои фарҳанг, маориф, иттиҳодияҳои эҷодӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори умум, таҳлил ва натиҷагирӣ кардани вазъи воқеии муносибати табақаҳои гуногуни ҷомеа ба арзиш ва манфиатҳои миллӣ нишонгари он хоҳад буд, ки талаботи пешниҳодшуда то кадом андоза амалӣ шуда ис