Репост из: БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗЕМ!
Хуросони Бузург ва сарзамини Эрон шароити созгор фароҳам омада буд (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. – С. 137).
Ҳамин тариқ, забони тоҷикӣ дар муборизаҳои шадид бо забонҳои ғосиб ҳамеша ғолиб омадааст. Яке аз сабабҳои шикасти он забонҳо ҳолати ҳарбӣ ва маъмурӣ доштан ва бо забони мардумони бумӣ аз лиҳози сохти грамматикӣ ва захираи луғавӣ мусобиқа карда натавонистани онҳо буд.
Дар таълимоти Сарвари давлат манзалати сиёсӣ, яъне моҳияти забон муҳимтарин нишондиҳандаи мавқеи миллат дар низоми сиёсии ҷомеа дониста мешавад. Ин масъала дар забоншиносии тоҷик ба сатҳи барои ҷомеаи имрӯз ниҳоят зарур омӯхта нашудааст. Сухан дар бораи аз лиҳози гениалогӣ, системавӣ ва сохториву функсионалӣ боз ҳам асоснок кардани хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ дар асоси «рӯҳи забон» меравад. Зеро маълум аст, ки бо вуҷуди тазйиқи шадиди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар замони ҳукмронии бегонагон, тоҷикон имкон пайдо карданд, ки сохторҳои сиёсии пурқуввати худро асос гузоранд: – «Ҳарчанд ки гузаштагони мо баъд аз қабули дини ислом ба муҳити фарҳангии исломӣ дохил гардиданд, вале тавассути забону фарҳанг ва суннату анъанаҳои бостонии худ ҳувияти миллиашонро нигоҳ доштанд ва бо роҳи эҳёву ҳифзи забони модарӣ ва анъанаҳои миллӣ тавонистанд давлатҳои Саффориёну Тоҳириён, баъдан давлати мутамаркази Сомониён ва сипас давлати Ғуриёнро таъсис диҳанд» (Ҳамон ҷо. − С. 121).
Дар натиҷаи таҳлил ва арзёбии далелҳои таърихӣ дар муддати ҳазорсолаи гузашта Пешвои миллат ба зарфияти ҳуқуқии забон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Муътақид аст, ки танҳо истиқлоли сиёсӣ омили аслии истиқлоли забонӣ мебошад. Бо таъкиди ин нукта ба тамоми даъвоҳои комилан ғайриилмӣ ва ниҳоят содалавҳона, ки дар замони ҳукмронии бегонагон забони тоҷикӣ танҳо забони дарбор ва аҳли ҳунар, фарҳанг ва адаб буд ва ин ҳолат дар сурати адами истиқлоли давлатӣ метавонист то ба имрӯз идома ёбад, посух медиҳад.
Дар ин маврид, ёддоштҳои фарзанди нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ – Ҷонон Икромӣ, доктори илмҳои химия, профессор, ҷолиби таваҷҷуҳи махсус аст. Ӯ аз нақли падараш менависад: «Тобистони соли 1927 С. Айнӣ ба Бухоро омад ва падарам бо дӯстони дигар хостанд аз ӯ хабар бигиранд. Онҳо дар китобхонаи Абӯалӣ ибни Сино вохӯрданд. Айнӣ ҳамаро бо дастфишорӣ пурсупос кард ва баъд ба падарам муроҷиат карда пурсидааст, ки хешу таборонаш киҳо ҳастанд, худаш дар куҷо таҳсил мекунад. Миллаташ чӣ аст. Падарам дар бораи худаш ва дар бораи хешу табораш нақл мекунад…» ва аз тоҷик буданаш мункир мешавад. «…Устод механдад ва мегӯяд: кӣ кӣ, аммо Шумо шахси ҷавон, ҳам аз пушти падарӣ ва ҳам аз пушти модарӣ тоҷик ҳастед ва бобокалони Шумо аз Ховалинг аст» (Джонон Икрами. Джалол Икрами неизвестные страницы. – Душанбе: Шарқи озод, 2010. − С. 32.)
Ҳамин тариқ, ба асли масъала бозгашта, таъкид бояд кард, ки бидуни падидаи забони аз ҷиҳати захираи луғавӣ дар олам эътирофгардида, сохти грамматикии мукаммал, ки тавассути ин ду фазилат ворисони миллат машҳуртарин асарҳои илмӣ, таърихӣ, бадеӣ, бадеиву таърихӣ эҷод ва мардумони он сарзаминро дар олам муаррифӣ кардаанд, таъсис ёфтани давлати миллӣ номумкин аст.
Ҳамчунон, забон бе пуштибонии сиёсиву ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ наметавонад рушд кунад, инкишоф ёбад ва вазифаи таърихии худро иҷро намояд. Пешвои миллат дар ин маврид хотиррасон мекунад: «Пас аз давлати Сомониён забони миллии мо танҳо дар даврони истиқлолият дар мақоми забони давлатӣ қарор дода шуд. Аз ин рӯ, давлати Тоҷикистон ҳифзи арзишҳои миллии забониро аз вазифаҳо ва ҳадафҳои асосии худ барои насли имрӯзу фардои ҷомеа медонад ва ин арзишҳои муқаддасро гиромӣ медорад» (Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. – С. 125).
Пешвои миллат мафҳуми истиқлоли давлатиро бо истиқлоли забонӣ тавъам медонад. Дар забоншиносии умумӣ чунин ақида аҳамияти махсуси сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, идеологӣ ва маънавӣ дорад. Чунин муносибат, арзёбӣ ва хулосабарорӣ моҳияти масъаларо дар бораи сохти давлатдории миллӣ рӯзмарр