Forward from: Pressa.tj | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон | Пресса тч
Ҷоизаи ҷаҳонии табиби тоҷик
Табиби тоҷик, профессор Сурайё Шукурова бо ҷоизаи APLAR — Лигаи Зиддитарбодии мамлакатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором қадрдонӣ гардид.
Гуфта мешавад, ки ҷоизаи мазкур мукофоти бонуфузи тиббӣ дар арсаи ҷаҳонӣ буда, сазовор шудан ба он на ба ҳар табиб муяссар мегардад.
Лигаи Зиддитарбодии мамлакатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором — APLAR (Asia Pacific League of Associations for Rheumatology) соли 1963 дар Сидней таъсис ёфтааст ва он зиёда аз 25 ҳазор нафар тарбодшиносонро аз саросари олам муттаҳид мекунад.
Тарбодшиносони Тоҷикистон низ яке аз аъзои фаъоли ин лига ба ҳисоб мераванд.