#Оё_медонед
Оқибати зуком чист?
Сардшавии ҳаво дар бисёр ҳолат боиси пайдошавии бемориҳои шадиди вирусии роҳҳои нафас, бемории илтиҳоби гулӯ, бемориҳои илтиҳоби ковокиҳои димоғ, илтиҳоби найчаҳои ҳавогузари узвҳои нафас ва илтиҳоби шушҳо мегардад. Саршавии чунин бемориҳо бо зуком оғоз гашта, ба пайдоиши дигар бемориҳо замина мегузорад.
Сабабҳои асосии пайдоиши бемории мавсимӣ- ин системаи заифи иммунитет мебошад. Аз ин рӯ, шумо бояд тамоми сол барои саломатии худ ғамхорӣ намоед: аввалан бояд маҳсулоти табиӣ интихоб ва ғизои солим истеъмол намоед, дуруст истироҳат ва варзиш намоед. Фаромӯш набояд намуд, ки дар ҳаёт омилҳои зиёди берунӣ мавҷуд ҳастанд, ки системаи масуниятро пайваста заиф менамоянд. Зуком бемории вирусӣ буда, давомнокии он 3-7 рӯзро дар бар мегирад.
Хавфи асосии ин беморӣ дар оризаҳояш мебошад. Бештар илтиҳоби шуш, илтиҳоби пардаи гӯш, ки онро отит ҳам мегӯянд, бронхити шадид аз ҷумлаи оризаҳои зуком мебошанд, ки метавонанд шакли музмин гиранд