#Оё_медонед
Дил бемор бошад, одам месулфад?
Сулфа метавонад нишонаи иллат пайдо кардани узвҳои ҳаётан муҳими инсон бошад. Иддае аз бемориҳои рӯдаву меъда ва иллатҳои дил ба шуш таъсири ногувор мерасонанд ва дар натиҷа сулфа пайдо мешавад.
Эҳтимол шумо ҳайрон шавед, вале сулфа метавонад нишонаи гипертензияи артериалӣ, бемории ишемикии дил, аритмия, кардиосклерози баъди инфаркт ва иллатҳои гуногуни клапанҳои дил бошад. Сабаб дар он аст, ки зимни чунин бемориҳо гардиши хун вайрон мешавад ва дар натиҷа бемор эҳсоси нафастангӣ намуда, бошиддат месулфад.
Агар дил иллат дошта бошад, ҳангоми бо ягон кори вазнини ҷисмонӣ машғул шудан, одам ба сулфидан сар мекунад ва лабу даҳонаш кабуд мешаванд. Ҳатман ба рангу рӯйи бемор диққат диҳед, чунки маъмулан дар чунин ҳолатҳо рагҳои гардан намоён шуда, нафасгирӣ душвор мешавад ва дил ба дард медарояд.