#Қиссаи_ҷолиб#
Зане дар бозор бо кӯзаи равған мегашт. Марди сарватманде бо ғуруру такаббур ва дар тан либосҳои гаронбаҳо аз наздаш мегузашт. Ногоҳ кӯза дар дасти зан ларзиду равған ба либосҳои мард рехт. Фиғони мард ба осмон печид:
- Эй зани беақл! Чӣ кор кардӣ? Медонӣ ин чӣ қадар арзиш дорад? Фавран ба ман пули онро бидеҳ!
Зани бечора гуфт:
- Ҷаноб, ман зани бенавое ҳастам ва пул надорам.
Мард гуфт:
- Ман коре надорам! Худи ҳозир ба ман 1000 динор арзиши либосҳоямро медиҳӣ!
- Ман ин миқдор пул надорам.
Мард гуфт:
- Ман коре надорам! Фавран 1000 динор пайдо кун!
Зани бечора ҳарчанд бо гиряву нола илтиҷо кард, вале қалби марди мағрур раҳме надошт.
Ин лаҳза ҷавоне ҳодисаро дида, назди мард омаду гуфт:
- Ҷаноб, ин зан бенаво аст, ӯро назди мардум шарманда мекунӣ. Ӯ аз куҷо 1000 динор ба ту медиҳад?
- Ман коре надорам! Фавран 1000 динор пайдо мекунад!
Пас ҷавон гуфт:
- Ман аз ҷониби ин зан медиҳам, бигир 1000 динор.
Мард пулро гирифту рафтанӣ шуд. Ҷавон ӯро садо кард:
- Қуҷо меравӣ?
- Ту чӣ кор дорӣ?
- Оё маблағи либосро гирифтӣ?
- Бале.
- Пас чаро либосро ба ман намедиҳӣ? Мехоҳӣ ҳам пул ва ҳам либосро бо худ барӣ?
Марди мағрур дар ҳайрат монд:
- Ман агар либосро бикашам, пас белибос чӣ гуна меравам?
Ҷавон гуфт:
- Ман коре надорам! Ман либосро харидам ва он аз ман аст. Ту чӣ мепӯшӣ, ба ман фарқе надорад. Худи ҳозир либосамро ба ман медиҳӣ.
Марди гуфт:
- Маро назди мардум шарманда мекунӣ?
Ҷавон гуфт:
- Ман коре надорам! Фавран либосамро ба ман медиҳӣ! Вагарна ба назди қозӣ мебарамат!
Аз ғуруру такаббури мард асаре намонда буд ва ба илтиҷо оғоз кард:
- Маро шарманда макун!
Вале ҷавон раҳму шафқат надошту такрор мекард:
- Ман коре надорам!
Пас мард гуфт:
- Бигир 1000 диноратро ва бирав.
Ҷавон гуфт:
- Мехоҳӣ либоси маро боз бихарӣ? Акнун нархи он 2000 динор аст. Хоҳӣ бихар, нахоҳӣ либосамро бидеҳ.
Мард ба фиғон омад:
- Чӣ гуна 2000? Ман бар ивази он 1000 гирифтам?
Ҷавон гуфт:
- Ман коре надорам! Хоҳӣ бихар, нахоҳӣ либосамро бидеҳ.
- Ин зулм аст.
- Акнун оид ба зулм сухан мекунӣ? Чаро ба ин зан зулм кардиву парвое накардӣ?
Пас мард хиҷолати зиёд кашиду маблағро ба ҷавон баргардонд ва аз зани бечора узр пурсид.
Фоидаҳои қисса:
- Ғуруру такаббур оқибат шармандагӣ меорад.
- Ба бечорагон дасти ёрӣ дароз кардан нишонаи ҷавонмардӣ мебошад.
- На ҳар чизро бо пул мешавад баркашид.
????