Хоҷаи Хидир ҳамон ҳазрати Хизр алайҳиссалом аст. Аз арабӣ маънии «Хизр» (Хидр) ин сабз мебошад. Яъне, Хизр алайҳисаллом мудом сабзпӯшанд. Ҳамчунин он ҷое, ки он кас қадам зананд сабзу хуррам мегардад. Аз ин рӯ, ба фазли Худованд Хизр алайҳиссалом то рӯзи қиёмат зинда аст.
Дар шаҳри бостонии самарқанд масҷидест, ки онро масҷиди ҳазрати Хизр меноманд. Мегӯянд, ки он нахустин масҷидест, ки дар ин шаҳр қомат афрохтааст. Мувофиқи баъзе ривоятҳо нахустин хишти ин масҷидро худи сарлашкари шинохта Сайфулислом Қутайба ибни Муслим гузоштааст. Иддае мегӯянд, ки меҳроби онро ҳазрати Хизр алайҳиссалом бунёд намудааст. Ҳар касе, ки чил намози бомдодро дар масҷиди ҳазрати Хизр (а) хонад, дар рӯзҳои душанбе Хизр (а)-ро хоҳад дид. Масҷиди мазкур дар давраи Амир Музаффархон таъмир шуда тавсеъа ёфтааст. Дар рисолаи «Қандия» омадааст, ки Ҳазрати Муҳаммад (с) рӯзе аз Мадинаи Мунаввара баромада бо Хизр (а) вомехӯранд. Сипас мепурсанд, ки «ё Ибни Аббос (тахаллуси Хизр алайҳиссалом). Аз куҷо меоед?» Хизр (а) гуфт: «Аз Хуросон меоям» Ҳазрати Муҳаммад (с) пурсиданд: «Пас аз дунё рафтани ман, Шумо дар куҷо мешавед?» Хизр (а) гуфтанд: ...