🔴Адҳам Холиқов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва операсарои машҳури тоҷик дар 76 солагӣ аз олам даргузашт.
Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод.
Адҳам Холиқов 7-уми майи 1948 дар ноҳияи Фархор ба дунё омада, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро соли 1970 ва Консерваторияи давлатии Москваро соли 1979 хатм кардааст.
Солҳои 1970 - 1980 сарояндаи ансамбли "Красная звезда"-и Москва ва аз соли 1980 то охири умр овозхони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ буд.
Ӯ дар беш аз 30 спектаклҳои операвӣ нақш офаридааст.