🌹🕋ИСЛОМ ВА САБКИ ЗИНДАГӢ - اسلام و سبکی زندگی 🕋 🌹


Channel's geo and language: Uzbekistan, Uzbek


🍃👑Қуръон43:78🌹🍃
-----------------------
🍃🌸لَقَدْ جِئْنَٰكُم بِٱلْحَقِّ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَكُمْ لِلْحَقِّ كَٰرِهُونَ🌸🍃
▪️Мо шуморо бо ҳақ ошно кардем, вале бештаратон ҳақро бад дидед.🍃🌸🌹
🇹🇯АДМИН🖊️📩 ꧁♡🕋♡꧂
@Dusti_Alloh0
​​​

Related channels  |  Similar channels

Channel's geo and language
Uzbekistan, Uzbek
Statistics
Posts filter


Намози бомдодро кӯшиш намуда, дар  вақташ бихон, Аллоҳ таъоло бо сабаби он туро то бегоҳ аз балоҳо ҳифз менамояд.🤍

   Паёмбар ﷺ фармудаанд:

"منْ صَلَّى الصُّبْحَ فهُوَ في ذِمَّةِ اللَّهِ،"

 (رواه مسلم)


«Касе, ки намози бомдодро  бихонад, ӯ дар аҳду амони  Аллоҳ мебошад»🌴

(Ривояти Муслим).






Агар шуморо аз гуноҳи касе хабар диҳанд, бигӯед:

«Аллоҳ ҳам ӯро ва ҳам моро биомурзад»...🤲
Ва чизе илова накунед..!


Video is unavailable for watching
Show in Telegram
❤️...

https://t.me/ISLOM_VA_SABKI_ZINDAGI


Гоҳе дар бораи муҳаббат сухан мегуяем, дар ҳоле ки худамон маҳбуби хосе надорем.
Аз умеду орзу ҳарф мезанем, аммо худамон маъюсу ноумедем ва орзуи чандоне надорем. Аз шодӣ ва хушҳоли сухан мегуяем, аммо қалби худамон пур аз ғаму андӯҳ аст.
Аз осоишу оромиши зиндагӣ ҳарф мезанем дар ҳоле ки зиндагиямон пур аз сахти ва мусибат аст. Аз тавба ва бозгашт сухан мегуяем дар ҳоле ки саросари вуҷудамон пур аз гуноҳу маъсият аст. Пас ҳар чизе ки аз ҷавҳари қаламамон ҷорӣ мешавад ва бар рӯи сафҳаҳои сафеди коғаз кашида мешавад, тасвири ҳақоиқи ва воқеиятҳои зиндагӣ худамон нест! Нависандагон баъзе вақтҳо монанди шоирон мавзӯъҳои навиштаи худро аз табиат, ҳодисаҳо ва иттифоқоти атрофи худ илҳом мегиранд ва тасвирсози мекунанд. Пас ҳар чи мегӯянд ё менависанд ҳатман ба ин маъно нест ки худашон шахсан бо он даргир ҳастанд ва мубориза мебаранд.


ن..


Парвонаҳо дар пилла, дунёро намефаҳманд
Тақвимҳо рӯзи мабодоро намефаҳманд
Дарё барои мардуми саҳронишин дарёст
Соҳилнишинон қадри дарёро намефаҳманд


Азизонатонро мегирад то бидонед ки касе ҷуз Ӯ бароятон боқӣ намемонад. Танҳоятон мегузорад то бидонед ки танҳо Ӯ паноҳгоҳи шумост. Дучори лағзишатон мекунад то бидонед ки касе ҷуз Ӯ баландатон намекунад. Мусибатҳо ва гирифториҳо ҳамеша барои интиқом нест, балки бисёре аз онҳо барои назму усул ва ислоҳи масири шумост.


Қисмати 5 , Насими Ҳидоят

Як либоси сабзи равшани содаи содае пушидам,
Як румоли сафед сарам кардам ва гушаҳояшро гирди сарам печидам аз болояш шоли ҳамон ранги либосам ро дар сарам кардам 😊
Комилан бо ҳиҷоб ва сода , бад нашудам ба худам содаги маҳқул буд , ба пеши модарам нарафтам ба утоқи дигари ки модарам мегуфт ин чи ки пушидаи?
Нишастаму матни арабии фардоро ҳифз мекардам , бехиёли дунё будам сару фикрам рафта буд ба дарсҳои ақидавиям
Занги дара зада буданд аммо ман нафаҳмидам ,хоҳарам пешам омад ва дар сарам якто заду гуфт: меҳмонҳо омаданд аз ҷоят хез..

Рафтам ба ошпазхона даромадам хонаи мо тавре буд ки ошпазхонаро медиди аз дар медаромади,
Воой рости рости омаданд барои хостгории ман 😱
СубхонАллох
Ҳозир чи кор кунам тарс маро нав фаро гирифта буд ,
Баъди салому аҳволпурси , ман ки сарамро ба замин андохта будам ҳеҷ кадомашро надидам ,...
Хоҳарам зуд зуд ба паҳлӯяш мезад ман ки сарамро аз шарм намебардоштам ки бубинам чи мегуяд...
ВалЛаҳи то ин соли умрам инқадар хиҷолат накашида будам вале ҳақам буд....
Чун ҳамаи чизро ба масхара гирифта будам...
Падарам хест ва гуфт намехоҳи чой биёри , ман дар ҳоли зикр кардан будам ,ва куллан фаромуш карда будам...😱

СубхонАллох ♥️Алҳамдулиллоҳ, ❤️ Ва Ла Илаҳа ИллаЛоҳ ♥️Аллоҳу Акбар♥️

Бо шунидани ҳарфҳояшон боз ҳам стрес гирифтам , хоҳарам омада гуфт хок бар сарат писаре омад ва нигоҳат кард , намедони чашмош чи барқе мезад ....
Инро ки шунидам боз ҳам стрес гирифтам , фаҳмидам ки чи коре кардам охи ҳама чиз ки шухи нест?
Чойро гирифта бо ҳар бадбахтие буд бурдам ва ба ҳама чой кашида додам ... Ва аз дастпочаги чойро дар байни хона мондам ва ба ошпазхона барои ширини рафтам ,ёдам набуд чойро онҷо мондаам ва шириниро овардам ки поям хурд ба чой рехт😭
Ҳама оҳистаҳаки механдиданд, ҳатто писараҳам механдид..
Баъдан хоҳарам гуфт ки домод чунон хандид ки мисли лаблабу сурх шуда буд ..
Онҷо буд ки касе гуфт магар чи шудааст? Ин иттифок барои ҳама рух медиҳад нигоҳ карда дидам амакаш буд ...
Аллох Таъоло аз ту рози бошад амакҷон наҷотам доди....
Аз хиҷолат нобуд мешудам ягонбор собиқаи чунин даступочагиро надоштам...

Идома дорад ...Ин Ша Аллоҳ




Издивоҷ вақте хуб пеш меравад, ки ҳади ақал яке аз завҷайн тавонанд узр пурсанд..
Ғурур доштан дар муносибати зану шавҳар чизи қобили қабул нест!!

Аммо мардҳо бояд бидонанд, зан монанди шиша аст онқадар қалби ҳассос ва шиканандае дорад...
Ки бо як шохаи гул зинда мешаваду бо ҳарфе ба осонӣ мешиканад...!!!

Пас аз шишаҳои зиндагиятон нигаҳдори кунед ♥️


Салом бар қалбҳое ки ҷуз дӯст доштан чизе наомӯхтаанд
Салом бар руҳҳои поке ки ҷуз содагӣ қолаби дигар надоранд
Салом бартанҳое ки муҳаббат либоси онҳост
Салом бар нигоҳҳое ки садоқат зиннаташон аст
Салом бар меҳру тавозӯъи одаме ки болотарин сармояи ӯст.


‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‎‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‎‌‌‌‌‌‌‌‌‌‎‌‌‎‌‌‍‌‍‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌
‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‎‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‎‌‌‌‌‌‌‌‌‌‎‌‌‎‌‌‍‌‍‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌


Зиндагӣ гоҳе мисли об аст, бидуни мазза, бе рангу бӯ, аммо маҷбурем фақат барои идома, онро бинушем...


Бигзор осмон садоятро гум накунад!
Бандае бош ки вақте дуо мекуни, фариштагон мешиносанд ва мегӯянд: "" Ё Раби садои ошно аз бандаи ошное меояд... ""


• Ба намози таҳаҷҷуд 😊 бархестаед? 🤔

• Пас дар ҳаққи ман дуо кунед..))🧡

https://t.me/ISLOM_VA_SABKI_ZINDAGI


Video is unavailable for watching
Show in Telegram
Пеш аз хоб 🌙🌸 ояти Ал Курси-ро бихонед ❤️

https://t.me/ISLOM_VA_SABKI_ZINDAGI


Қисмати 4. Насими Ҳидоят

Падарам қалбаш ором шуда буд...
Як рӯз ба намози мағриб ҷамоати хондан омода мешудем ки дар камоли Тааҷҷуб падарам ,омад ва пояшро ба пои бародарам часпонида ба намоз истод...
Ё Аллоҳ
Ё Аллоҳ
Ё Аллоҳ
Падарам ба ҷамъи имонии мо омад...😱🥰

Баъди намоз намедонистам чи кор кунам бародарам ишора кард ки хушҳолиамро нишон надиҳам ва одди рафтор кунам...
Ман ҳам бо зоҳири ором аммо дар қалбам ,ҳаяҷону ғулғула буд рафтам ва як забтро аз мавъиза гирифтам мондам Падарам ором меистод ва гуш мекард ..сарашро хам карда нишаста буд ... ҳеҷ гоҳ онҷо ашкҳои Падарам аз хотирам намеравад😭
Гиря кард ,ва гиря карду гиря кард.... То ором шуд...

ПИРУЗИ АЗ ОНИ АЛЛОҲ БУД ВА ҲАСТ ,ДИНИ АЛЛОҲ ҒОЛИБ ШУД ВА ҚАЛБАШ АСАР КАРД ВА РЕША ДАВОНД.
ба тавре ки на ман на бародарам ба пои ибодатҳои Падарам намерасидем...

Дар тӯли чанд моҳе Падарам ҳадисҳои Бухори Муслим ва ғайраро мутолиа кард ва шуд тарафи дин...
СубхонАллох ..
Ҳеҷ касе бовар намекард,
Як тана мардумро низ даъват мекард ва бо ҳар мухолиф ба баҳс мерафт...
Падарам шуд пуштибони тамоми писарони масҷид
СубхонАллох чиқадар зебо буд...
Ҳолати зиндаги ба равиши хуб даромад..
Хеле хушҳол будам дар шоди оромиш будам ,падарам бароямон баъзе вақтҳо имомати мекард...


Кам кам хостгорҳо пайдо шуданд..
Аммо ман ҳанӯз хурд будам...
Хостгорҳоро кулли хонавода
Рад мекарданд , ман ҳам ором гӯё хостгор буд набуд ба илмомухтан фикр мекардам...
Хостгорҳое будан хеле хеле якрав ва часпак ,як соли тамом мерафту меомад дастбардор набуд...
То инки падарам рози шуд ба хостгори омада шинос шаван ва бародарам мухолиф буд , ман бошам мехостам донам ин ҷаласаи хостгори чи гуна аст?
Хулоса қарор шуд шабе чоршанбе биёянд...
Тамоман ҳаяҷон надоштам намедонистам аз чи сабаб шояд медонистам маро намедиҳанд ё каме майда будам , ҳатто ба зеҳнам намеомад дар рузҳо ки чоршанбе хостгори меёян...

Дар дарси ақидави ҷойи аввал шудам Худоро шукр хеле ба ҳифзи матни араби алоқа доштам...Устодам хеле хушҳол мешуд ки ман арабиро метавонистам мутолиа кунам ва ҳифз донам .. СубхонАллох чунон даврае буд ки ҳеҷ вақт барнагашт бисер зебо буд.😔

Рӯзи чоршанбе аз дарси Қуръон ба хона омадам модарам гуфт хостгорҳо имшаб меоянд😱

Вой нав ба хотирам омад, модарам хаёл мекард ман ҳисоби худамро оро медиҳад 🙄
Аммо бо худам гуфтам нобутш оли як хостгоре меояд ва меравад ман ҳам бо ин баҳона метавонам хостгорира бинам чи хел аст😏
Дар дарси Қуръон ва мадраса аз ҳама пеш будам , аммо дар хушҳоли кардан ва нагма бози ҳам пеш ай ҳама будам ...фақат дуст медоштам хушҳоли кунам..

Шаб шуд ҳама доштан худашонро ҷамъ гир мекарданд. Манам хонаро ҷамъ мекардам ингор барои онҳо хостгор омадеста буд 🙄
Ман орому бехиёл будам.. модарам гуфт кай худатро ба тартиб меори ҳозир меоянд , моро шарманда карданит
ман бошам боз ҳам бехиёл будам..

Вале модарам ин бор сарам дод зад ва ман рафтам то омода шавам...

Давом дорад ...Ин Ша Аллоҳ




Намози #хуфтонро хондед ? 🌙🥰🌙
Poll
  •   Бале ! Алҳамдулиллоҳ ❤️
  •   Не ҳоло ! Ин ша Аллоҳ мехонам
22 votes


Video is unavailable for watching
Show in Telegram
Мо интизорат ҳастем моҳи шарифи Рамазон 🌙🌙❤️

https://t.me/ISLOM_VA_SABKI_ZINDAGI

20 last posts shown.