Муин Ғафуров дар UFC размикори ҷопониро шикаст дод
Муин Ғафуров, размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА), дар мусобиқоти UFC 311 шаби 19-уми январ дар шаҳраки Инглвуд, ки дар наздикии Лос-Анҷелеси Иёлати Калифорнияи Амрико мебошад, дар вазни сабуктарин бар Риня Накамураи ҷопонӣ пируз шуд.
Рақобат ҳамаи се раунд идома кард ва размикори тоҷик бо қарори якдилонаи доварон ғолиб омад. Ҳамин тариқ, Муин Ғафуров ғалабаи 20-уми худро дар муҳорибаҳои омехта ба даст овард. Барои Риня Накамура бошад, ин аввалин бохт дар корномааш ба шумор меравад.