Раиси вилояти Суғд ба куштори чанд оила дар шаҳри Конибодом вокуниш карда гуфтааст, тафтиши ин ҳодисаҳо "таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат" қарор доранд.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд 16-уми декабр ва як рӯз пас аз куштори аъзои ду хонавода, ба шаҳри Конибодом рафта, бо фаъолони ин шаҳр вохӯрдааст.
Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд дар хабарномае навиштааст, "давоми чанд рӯзи охир дар шаҳри Конибодом якчанд ҳодисаи куштори бераҳмона ба қайд гирифта шуд, ки ҷомеаи шаҳрвандиро ба ташвиш андохтааст". Барои пайдо кардани омилони ин кушторҳо, "беҳтарин муфаттишону коршиносон аз тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот сарҷамъ омада", барои "дар мӯҳлатҳои кутоҳтарин пайдо намудани ҷинояткорон", талош доранд.
Аҳмадзода гуфтааст, раванди тафтишот зери назорати "роҳбарияти давлат қарор дошта", шаҳрвандон набояд ба таҳлука афтанд. У аз сокинон дархост кардааст, ки бо мақомоти қудратӣ ҳамкорӣ кунанд.
Дар Конибодом ситод ва навбатдорони ихтиёрӣ ташкил шуда, дар кӯчаҳо камераҳои назоратӣ гузошта мешавад.